Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи Бозор Собирро дар оромгоҳаш ҷашн гирифтанд. ВИДЕО


Оромгоҳи Бозор Собир
Оромгоҳи Бозор Собир

Ҳунармандону ҳаводорани Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, зодрӯзи ӯро дар гӯристони Лучоб ҷашн гирифтанд.

Ӯро соли 2018 дар ин оромгоҳ дафн карда буданд.

Саидқул Билолов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки шеърҳои Бозор Собирро оҳанг баста сурудааст, ӯро яке аз бузургтарин шоирони даврон номид. Ӯ гуфт, Бозор Собир тамоми умр дар васфи ватан сурудааст ва барои адабиёт хизмати бузург кардааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Ёди Бозор Собир, шоири маҳбуби тоҷикро гиромӣ доштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Аз таваллуди Бозор Собир 85 сол гузашт. Ӯ моҳи майи соли 2018 дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Сиэттли Амрико даргузашт. Замони ҷанги дохилӣ, ки барои муддате зиндонӣ шуд, Тоҷикистонро тарк карда буд.

Шаҳрия Аҳтамзод, шоири тоҷик мегӯяд, Бозор Собир ҳар имконе аз дасташ меомад, ба навқаламон кумак мекард. Ба нақли ӯ, ҳатто замони маҳбас будан, ки дар Тоҷикистон нон камчин буд, барои ӯ нон дода буд. “Вақте ҳар даъфа устодро аз боздоштгоҳ ба мурофиаи судӣ меоварданд, мо зуд наздашон мерафтем ва як бор гуфтанд, Шаҳрия ин сумкаро барои ту овардам. Фикр кардам устод либосҳояшонро барои шустан медиҳанд, ки гуфтанд бароят нон овардам. Ин соли 1993 буд,”—гуфт ӯ.

Соли 1993 авҷи ҷанги шаҳрвандӣ буд ва сокинон нонро ба сахтӣ пайдо мекарданд.

Солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ба ҷунбишҳои озодихоҳиву демократӣ пайваст ва аз бунёдгузорони Ҳизби демократии Тоҷикистон буд.

Баъд аз муҳоҷират ба Амрико Бозор Собир ду даъфа ба Тоҷикистон омад ва ҷоиза ҳам гирифт. Баъди онки ба ситоиши давраи коммунистӣ ва раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пардохт. Аммо дар ин миён фақат ашъораш ситоиш мешавад, на ончӣ ки дар бораи сиёсату сиёсатмадорон гуфтааст.

Дар арафаи зодрӯзаш як мактабро дар Душанбе ба номи ӯ гузоштанд.

Шеърҳои ӯ ба мисли “Забони модарӣ”, “Аз хуни Сиёвушем”-ро бисёре аз наслҳои пешин ва ҳозира дар Тоҷикистон медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG