Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Тоҷикистон дар феҳристи “100 бонуи соли 2023”  


Наталя Идрисова, як фаъоли муҳити зист аз Тоҷикистон
Наталя Идрисова, як фаъоли муҳити зист аз Тоҷикистон

Соли 2023 дар қатори Мишел Обамаву Амал Клуни ва даҳҳо занону духтарони фаъоли дигари ҷаҳон дар сиёсат, илму фанноварӣ, муҳити зист, фарҳанг ва тафреҳ, як намояндаи Тоҷикистон ҳам ба феҳристи “100 бонуи соли 2023” шомил шуд. Ин феҳристро шабакаи садову симои Би-Би-Сии Бритониё таҳия ва 21-уми ноябр нашр кард.

Наталя Идрисова, як фаъоли муҳити зист аз Тоҷикистон барои кораш дар самти боло бурдани донишҳои занони деҳот дар шароити бӯҳрони энержӣ ва ҳам ҳимояти муҳити зист ба феҳристи бонувони боэътибор ва таъсиргузор ворид карда шуд. Идрисова ҳамроҳ бо Шаирбу Сағинбаева аз Қирғизистон танҳо намояндагони Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки ба ин рӯйхат ворид карда шудаанд.

Дар шарҳи қадрдонӣ аз Идрисова, Би-Би-Си менависад, ӯву созмонаш ба занону духтарони тоҷик роҳҳалҳоеро дар шароити бӯҳрони энержӣ, истифода аз васоили сарфаҷӯии нирӯи барқ, бунёди ошхонаҳои офтобӣ, аз ин роҳ, осон кардани шароити кор ва коҳиши вақти бонувон дар таҳияи ғизо ба хотири боло бурдани мавқеи зан дар оилаву ҷомеа пешниҳод мекунад.

"Дар ниҳояти кор, ин ҳама талошҳои Идрисова ва созмонаш барои ҳаракат дар самти эҷоди муҳити зисти амну солим мусоидат мекунад,"-- навиштааст Би-Би-Си.

Наталя Идрисова хоҳари як ҳомии собиқадори муҳити зист Тимур Идрисов – муассиси созмони ҷамъиятии “Замини хурд” аст. Наталя ҳам дар ин созмон кор карда, ҳоло узви шӯрои CAN EECCA (Climate Action Network ) аст, ки бо масоили тағйироти иқлим кор мекунад.

“Коре, ки мекунам, бисёр муҳим аст”

Наталя Идрисова рӯзи 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, даҳ сол боз дар самти муҳофизат аз муҳити зист кор мекунад. “Кори ман то ҳол бисёр доманадор аст, чун мавзӯъҳои экологӣ зиёд аст. Ҳам бо тарҳҳои омӯзишӣ баромад мекунаму ҳам ба манотиқи кӯҳистонӣ барои муайян кардани эҳтиёҷоти экологӣ меравам, бо ширкати донишҷӯёну донишмандон маҳфилҳо барпо карда, мушкилоти кишварамонро бо ҳам таҳқиқ ва муайян мекунем,”--гуфт Идрисова дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ.

Ӯ гуфт, тамаркузи бештараш айни замон ба таълимоти экологӣ, нақлиёти алтернативӣ ва пешгирӣ аз нобудшавии ҷангалҳо равона шудааст. “Бовар дорам, коре, ки мекунам, бисёр муҳим аст. Бисёр корҳои хурд, вале батадриҷ анҷомшуда натиҷа медиҳанд," - гуфт Наталя.

Идрисова мегӯяд, муассисаҳои таълимӣ, ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон ва ҳам соҳаи тиҷорату соҳибкорӣ ба иттилоъ дар бораи тағйироти иқлим ниёз доранд. Наталя афзуд, “Мо дар соҳаҳои зиёде дар Тоҷикистон ба муҳаққиқон ва мутахассисон бисёр ниёз дорем. Албатта, фақат бо тарҳу барномаҳо масоили сайёраро ҳал карда намешавад, вале ҳама гуна талошу заҳмат ба самти пойдории иқлим нирӯ мебахшад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG