Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Тоҷикистону ҳамсояҳояш. Сарнавишти ҳукуматҳои худкома чӣ хоҳад шуд?


Раҳбарони Тоҷикистону Русия ва Қирғизистону Қазоқистон
Раҳбарони Тоҷикистону Русия ва Қирғизистону Қазоқистон

Тибқи арзёбии коршиносон таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Русия пас аз таҷовуз ба хоки Украина бояд мавқеи Маскавро суст мекард ва ба ҳампаймонҳояш дар Осиёи Марказӣ таъсир мегузошт. Аммо мақомоти Русия интизори рушди иқтисодӣ ва афзоиши ҳазинаҳои низомӣ ҳастанд.

Тақвияти мавқеи Маскав чӣ гуна метавонад бар ҳукуматҳои худкомаи Осиёи Марказӣ, ки ҳамчунон аз он вобаста ҳастанд, таъсир бигузорад?

Рушд бо вуҷуди таҳримҳо

Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, ки моҳи октябри имсол нашр шуд, иқтисоди Русия то поёни соли 2023 1,6 дарсад рушд хоҳад кард. Ин рақам 1,4 дарсад бештар аз пешбиниҳои эъломшуда дар ибтидои соли ҷорӣ аст. Дар гузориш гуфта шудааст, ки муҳаррикҳои молӣ ҷавобгӯйи дархостҳои масрафкунандагон ва ҳазинаҳои низомӣ буданд ва бахши энержӣ камтар аз ҳадди интизор коҳиш ёфтааст.

Бар асоси баровардҳои Бонки Ҷаҳонӣ, чашмандози тавсеаи миёнмуддати Русия ба далели маҳдудият дар дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ, сармояҳои инсонӣ ва фанноварӣ норӯшан мемонад. Бо вуҷуди ин, Маскав мехоҳад ҳазинаҳои дифоии худро дар соли 2024 аз 6,4 триллион ба 10,8 триллион рубл афзоиш диҳад. Ба навиштаи пойгоҳи хабарии Bloomberg, давлати Русия интизор дорад даромадҳои буҷет ба беш аз 35 триллион рубл мерасад – 22 дарсад бештар аз соли 2023. Касри буҷет дар соли 2024, бар асоси ин санад, 0,9 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хоҳад буд.

Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши таҳримҳо дар доираи коршиносии Осиёи Марказӣ дар якуним соли охир суҳбат аз наздик шудани Русия ба як буҳрони иқтисодӣ ва таъсири он бар кишварҳои минтақа, хусусан низомҳои худкомаи вобастаи Маскав будааст. Пас аз гузаштани якуним сол вазъият ҳамчунон мутафовит ба назар мерасад.

Чӣ мегузарад?

Сардаргумӣ бо нақши нави Русия ҳамроҳ буд, кишваре зери таҳримҳо, ки Додгоҳи ҷиноии байнулмилалӣ ҳукми боздошти президенташро эълон кардааст. Аммо, бо гузашти замон ба ин дарк расиданд, ки Русия манобеи зиёде дорад ва эҳтимол метавонад зарфияти худро нигоҳ дорад. Бино бар ин, мебинем, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ талош мекунанд бо баъзе аз шарикони нав тавофуқоте барқарор кунанд, дар самтҳои мухталиф дипломатияро тақвият диҳанд, аммо мисли пештара, робита бо Русия ҳамчунон қавӣ аст. Дар воқеъ, маҳз низоми худкомаи путинӣ кафили амнияти низомҳои мушобеҳ аст, - мегӯяд рӯзноманигор ва сиёсатшинос Галия Иброҳимова.

Ба гуфтаи вай, низомҳои сиёсии минтақа ин чизро медонанд ва аз ин рӯ хоҳони ҳифзи равобит бо роҳбарияти Русия ҳастанд ва аз ӯ пуштибонӣ мекунанд. Ҳамаи кишварҳои минтақа аз оғози ҷанг бо Украина мавқеи бетарафиро эълон карданд, аз ҷумла дар мавриди тасвиби қатъномаҳо алайҳи Русия дар Созмони Милал.

Ҳеч кишваре ба таври расмӣ мавқеи худро дар мавриди ҷалби шаҳрвандони худ барои иштирок дар ҷанги Украина дар баробари Маскав иброз накардаст. Ҳарчанд дар сатҳи Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамаи кишварҳо ба шаҳрвандони худ ҳушдор доданд, ки иштирок дар ҷанги бегона пайомади ҷиноӣ дорад.

Додугирият байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар поёни соли 2022 назар ба соле пеш аз он 15 дарсад афзоиш ёфт ва ба зиёда аз 42 миллиард доллар расид. Афзоиши мубодилоти тиҷориро ба давр задани таҳримҳои зидди Русия аз тариқи кишварҳои минтақа низ рабт медиҳанд.

Се ширкат аз Осиёи Марказӣ—ду ширкати қазоқӣ ва як ширкат аз Узбекистон ба пешнависи охирин бастаи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи ширкатҳое, ки ба Русия дар ҷанги Украина кумак мекунанд, изофа шуд.

Иқтидоргароӣ-и муассир?

Эмил Ҷӯраев, профессори Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ мегӯяд, аз назари низоми иқтидоргароёнаи Осиёи Марказӣ низоми сиёсӣ дар Русия дар ғолиб баромадан бар мушкилоти иқтисодӣ муассир аст.

Ҳеч низоми сиёсии ҳоким дар ҳеч кишваре барои аз даст додани қудрат омода нест. Онҳо ҳар коре, ки метавонанд барои афзоиши қудрати худ анҷом медиҳанд. Ончӣ Русия нишон медиҳад бисёр қобили қабул аст ва ин фарзияро тасдиқ мекунад, ки ин низомҳо монанди ҳаманд, дар канори ҳамдигаранд ва ба ҳукумат идома медиҳанд, зеро навъи низоми онҳо дар шароити буҳронӣ коромад аст, - мегӯяд сиёсатшинос.

Темур Умаров, пажуҳишгари Маркази мутолеоти Русия ва АвруОсиёи Карнегӣ дар Берлин низ назари ба ин монанд дорад. Ба гуфтаи вай, гуруҳҳои ҳокими минтақа иқтидоргароии Русияро пойдор медонанд ва абзорҳои лозимро барои расидан ба натиҷаи мушобеҳ намуна мегиранд.

“Аввал аз ҳама ин ҳама талош барои коҳиш додани таъсири Ғарб аст. Мо инро дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида мекунем, ки чи гуна онҳо “дониш ва огоҳиҳои амалии” Русияро мегиранд ва татбиқ мекунанд. Масалан, дар Қирғизистон (қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ), мубодилаи таҷриба байни ниҳодҳои қудратӣ, додситониҳо. Онҳо аз ҳамдигар меомӯзанд ва дар ин замина манфиати муштарак доранд”, - мегӯяд Умаров.

Намоиши ҳокимият

Бо вуҷуди ин, кишварҳои минтақа дар давоми ҷанги Русия дар Украина талош доранд истиқлоли худро ба намоиш гузоранд ва дастури кори худро шакл бидиҳанд. Ҳеч яке аз ин кишварҳо барои ба расмият шинохтани Донетск, Луганск ва қисматҳои дигари ишғолии Украина ҳозир нашуд.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, ба рӯшанӣ изҳор дошт, ки кишвараш қасд надорад шибҳидавлатҳои худхондаи таҳти ҳимояти Маскавро ба расмият бишиносад. Аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ барои гурез аз таҳрим аз корти русии «Мир» даст кашиданд. Дар соли охир сарони кишварҳои минтақа бо раиси ҷумҳури ИМА, садри аъзами Олмон, роҳбари Чин дидор доштанд.

Абдуманнон Шералиев, шореҳи мустақили иқтисодӣ, ҳадс мезанад, ки бо таваҷҷуҳ ба вобастагии баланди кишварҳои минтақа аз Маскав онҳо дар оянда, сарфи назар аз бурду бохти низоми сиёсӣ дар Русия, бозанда хоҳанд буд.

“Дар сурати пирӯзӣ иштиҳои русҳо бозтар мешавад ва хоҳанд кӯшид “дар гармогармӣ” кишварҳои Осиёи Марказиро дубора зери тасаллути худ баргардонанд. Дар ин кор худи шаҳрвандони ин кишварҳо ба Русия мадад хоҳанд кард: аввалан миллионҳо нафар аз ин кишварҳо шаҳрвандии Русияро ба шаҳрвандии кишвари худ тарҷеҳ медиҳанд; сониян пирӯз ё бидуни мағлубият берун омадани Русия аз ҷанг ҷаҳиши иқтисодие ба он хоҳад дод ва бозори кори ин кишвар барои миллионҳо муҳоҷир аз ОМ ҷолибтар аз қабл хоҳад буд. Албатта, вазъи иқтисодии кишварҳои ОМ беҳтар хоҳад шуд, аммо вазъи сиёсӣ ё аниқтараш сатҳи истиқлолияташон баръакс”, - мегӯяд Шералиев.

Ӯ бовар дорад, дар сурати шикаст дар самти Ғарб, русҳо хоҳанд кӯшид онро аз самти ҷанубу шарқ ҷуброн кунанд, чун агар накарданд, заминае барои фурӯпошии кишварашон фароҳам мекунанд. "Ғарб ҳам, ки ба ҳеч ваҷҳ хоҳони фурӯпошии Русия нест, бо гумони ғолиб ба кӯшиши тасарруфи дубораи Русия бар ОМ чашм хоҳад баст," – хулоса кард ӯ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG