Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз шавҳарам ба СПИД олуда шудам, вале хешонаш маро аз хона пеш карданд". ВИДЕО


Муҳоҷирати корӣ як манбаи дигари сирояти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ВИЧ СПИД дониста мешавад
Муҳоҷирати корӣ як манбаи дигари сирояти шаҳрвандони Тоҷикистон ба ВИЧ СПИД дониста мешавад

1-уми декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи мубориза бо СПИД аст. Дар Тоҷикистон шумори гирифторони вируси адами  масунияти бадан СПИД дар ҳоли афзоиш аст.

Мақомоти тоҷик вазъи умумии сироятро афзояндаи муътадил меноманд ва ҳамзамон аз густариши ҳолатҳои табъизи гирифторони ин беморӣ дар ҷомеа изҳори нигаронӣ мекунанд. Пизишкон мегӯянд, гирифторӣ ба ин беморӣ ба маънии ҳукми марг нест ва дар сурати табобати саривақтӣ беморон солҳои зиёде зиндагӣ мекунанд.

Мадинаи 31-сола (исми мустаор) аз шаҳри Ваҳдат ба ВИЧ/СПИД мубтало аст. Мегӯяд, дар ҷавонӣ бо хости волидон издивоҷ карду танҳо ҳангоми таваллуди тифли дуввум фаҳмид, ки бемор аст. Ба гуфтаи ин ҷавонзан, шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буд ва ин беморӣ аз вай ба ӯ гузаштааст. Шавҳараш ҳафт сол қабл фавтидаву ҳоло Мадина бо ду фарзандаш танҳо монд. Аммо хешовандони шавҳараш ӯро аз манзил маҳрум намуда, даъво доранд, ки вай бемор аст ва ба соҳибӣ кардани манзили ҳамсари марҳумаш ҳақ надорад.

Мадина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте фаҳмидам, зиндагӣ дигар маъно надошт. Фикр мекардам, имрӯз ё фардо мемирам. Хешовандони шавҳарам бемории писарашонро аз ман пинҳон дошта буданд.”

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотии ин вазоратхона тобистони имсол аз афзоиши мавридҳои гирифторӣ ба бемории вируси норасоии маснуияти бадан дар кишвар изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ гуфт, «дар Тоҷикистон 11 ҳазору 311 бемори гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ба қайд гирифта шудаанд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар кишвар 587 мавриди нави гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор шуд.

Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 29 маврид бештар аст. Дар ин миён 1067 кӯдаку навраси то ҳаждаҳсола низ дар Тоҷикистон бо ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи беморон бо табобат фаро гирифта шудаанд. Дар сурати табобати дуруст ҳатто занони ҳомила фарзанди солим таваллуд мекунанд. 2953 зани ба балоғат расидаи тоҷикистонӣ гирифтори ин беморӣ ҳастанд,” – гуфт Абдуллозода.

Табибон мегӯянд, бо ВИЧ СПИД ҳам метавон фарзанди солим ба дунё овард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00

Бо вуҷуди ташхису табобати ройгони ин беморӣ дар Тоҷикистон, ҳолатҳои зиёди поймол шудани ҳаққи гирифторони ин вабои аср мушоҳида мешавад. Меҳрангез Мукаррамшоева, пизишки бемориҳои занона аз ҳодисае ёдоварӣ кард, ки шавҳари зане бо фаҳмидани бемории хонумаш ӯро талоқ додааст. Ӯ гуфт:

“Духтараке буд бо маълумоти тиббӣ, вале вақте дар вай ин беморӣ ошкор шуд, ҳамон лаҳза оилааш пош хӯрд. Бемориашро дар таваллудхона ошкор кардаанд ва шавҳараш талоқашро додааст.”

Шамсиддин Шарифов, пизишки уролог-андролог дар дармонгоҳи хусусии “Насл” мегӯяд, ки ин беморӣ асосан ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ё тавассути хун аз инсон ба инсон мегузарад. Ин духтури тоҷик афсӯс мехӯрад, ки аз нодонӣ ва беиттилоотӣ бисёриҳо вақте аз бемории шахсе хабардор мешаванд, зуд ӯро радди маърака мекунанд:

Шамсиддин Шарифов гуфт: “Ба назари мардум ин беморӣ бисёр тарсонанда шудааст ва агар шахсе фаҳмад, ки рафиқ ё дугонааш ба ин маризӣ бемор аст, аз ин одам худро дур мегиранд. Ба қароре меоянд, ки бояд ба ин шахс наздик нашаванд ва гӯё метавонанд аз ӯ сироят ёбанд. Ҳарчанд кофист, ки бо гирифтори ин беморӣ иртиботи хунӣ надошта бошад, агар зану мард бошанд, бидуни маводи эҳтиётӣ алоқаи ҷинсӣ надошта бошанд. Дар мо шояд ҳамарӯза аз бист муроҷиаткунанда як нафараш гирифтори ВИЧ бошад, вале мо ҳеҷ яке аз онҳо монеае намегузорем ва барояш кӯмакҳои тиббӣ мерасонем.”

Дар ҳамин ҳол, Иззатулло Ёқуб, як масъули Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВИЧ/СПИД дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба шахси гирифтори ин беморӣ намояндаҳои тиб талаботи қонунро шарҳ медиҳанд. Зеро, ба гуфтаи вай, қонунгузории Тоҷикистон ташхису табобати ройгон ва манъи ҳама гуна намуди табъиз нисбати чунин беморонро пешбинӣ кардааст. Гузашта аз ин, мутахассисон ба чунин беморон машваратҳои равонӣ дода, талош мекунанд дар вай шӯълаи идомаи зиндагӣ карданро бедор кунанд: “То ҳол ягон шахси бо ин вирус зиндагимекарда барои поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои худ, инчунин муносибати дағалона аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба даргоҳи мо арз накарда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ муроҷиате дар ин бора ворид нагардидааст.”

Қонунгузории Тоҷикистон табобати ин беморон аз ҷумлаи муҳоҷирон ва нафарони бидуни шаҳрвандиро низ ройгон кафолат додааст. Вале беморон ва наздикони онҳо гоҳе аз камбуди доруву дармон ва таваҷҷуҳи пизишкон шикоят мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG