Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри аксу маълумоти шахсии занону духтарон. Чораи пешгирӣ аз танфурӯшӣ? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон аз ҳаёту амнияти қариб сад духтаре нигарон ҳастанд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар аксу маълумоти шахсии онҳоро паҳн кард.

КДАМ-и Қирғизистон чанде пеш дар бораи кашфи бист фоҳишахона хабар дод ва акси, ба гуфтааш, кормандони бозори фаҳшоро нашр намуд. Чеҳраи дастгиршудаҳо ва маълумоти шахсияшон нишон дода шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, нерӯҳои амниятии Қирғизистон ҳуқуқи боздоштшудаҳоро дағалона поймол кардаанд.

Нерӯҳои амниятии Қирғизистон аз ин пештар низ аксу наворҳоро аз ҷараёни амалиёт дар фоҳишахонаҳо нашр мекарданд. Дар ҳамаи онҳо чеҳраи занону духтаронро мепӯшонданд. Ин даъфа рӯйи духтарон на танҳо боз буд, балки баъзе аз онҳо дар назди дурбин шиносномаҳои худро нишон доданд. Ному насаб, маҳалли зист ва рақами телефони бархе навишта шуда буд.

Чанде аз духтарон маълумоти шахсии падару модарашонро низ ба даст доштанд. Дар КДАМ гуфтанд, ин ин чораи пешгирӣ аз амали ғайриқонунӣ аст.

“Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо мақсади пешгириӣ аз қасди ташкил ё машғул шудан ба фаъолияти ғайриқонунӣ акси соҳибони фоҳишахонаҳо ва духтаронро нашр мекунад,” – гуфта шудааст дар эъломияи расмӣ.

Дар умум, тавре дар баёнияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар доданд, дар ҷараёни амалиёти серӯза дар Бишкек ва вилояти Чуй нерӯҳои амниятӣ 20 фоҳишахонаро ошкор кардаанд. Дар пайи он 137 зану духтар ва 17 нафар барои ташкили фоҳишахонаҳо дастгир шудаанд.

Баъзе аз онҳо донишҷӯёни мактабҳои олӣ будаанд. Дар яке аз аксҳои нашршуда сокини Бишкек ҷиянашро шинохт. Вай розӣ шуд бе ифшои номаш суҳбат кунад.

"Чаро аксҳои духтаронро намоиш доданд? Намефаҳмам. Магар ин мумкин аст? Аксари ин духтарон аз зиндагии хубашон он ҷо нарафтаанд. Баъзеҳо дар ғуломии ҷинсӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар байни онҳо духтарони маъюб низ ҳастанд. Ҳоло онҳо чӣ гуна зиндагӣ хоҳанд кард? Наздиконашон бояд чӣ кор кунанд?" – гуфт ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Қирғизистон мехоҳад фоҳишахонаҳоро бандад. Оё муваффақ хоҳад шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз амнияти ин занону духтарон нигаронанд. Ба гуфтаи онҳо, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо нашри ошкорои чеҳра ва маълумоти шахсии кормандони тиҷорати шаҳвонӣ ҳуқуқи онҳоро дағалона поймол кардааст.

Атир Абдураҳматова, раиси пешини Пажӯҳишгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Омбудсмени собиқи Қирғизистон, гуфт: "Кӣ замонат медиҳад, ки баъди баъзе аз онҳо ба худкушӣ даст намезанад? Маълум аст, ки онҳоро маҷбур карданд. Водор намуданд, то нависанд, ки модарашон кист, падарашон кист, рақами телефонашон чанд аст. Кӣ барои амнияти онҳо масъул аст? Ин вайронкунии маълумоти шахсист.”

Фаъоли шаҳрвандӣ Мавлон Аскарбеков низ аз ин фикр ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ дар гузашта муовини раиси яке аз ноҳияҳои Бишкек буд. Аскарбеков мегӯяд, ҳамчун як мансабдор дар рейдҳо барои муайян кардани фоҳишахонаҳо ширкат кардааст ва "бояд на чеҳраи занону духтарон, балки соҳибони чунин маконҳоро ба мардум нишон дод".

“Як қатор банди қонунҳо вайрон шудааст. Ин як усули сарбаста аст. Ҷомеа ва давлат бояд ба онҳо мададу пуштибонӣ кунанд ва мушкилоташонро ҳал намоянд, на ин ки онҳоро маҳкум ва таҳқир кунанд,” – афзуд ӯ.

То кунун омори расмии шаҳрвандоне, ки дар Қирғизистон ба танфурӯшӣ машғуланд, вуҷуд надорад. Тибқи маълумоти гуногун, ҳар рӯз дар Бишкек то 3 ҳазор танфурӯш ба "нуқтаҳо" мераванд. Пештар дар расонаҳои Қирғизистон борҳо маълумоте мунташир шуда буд, ки ҳомиёни ҳуқуқ мегуфтанд, кормандони тиҷорати фаҳшо аз ҷониби худи пулис пуштибонӣ мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG