Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати даъват ба артиш тамом шуд, ҷалби ҷавонон чӣ? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳарчанд муҳлати ҷалби тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми ноябр расман ба поён расид, Вазорати дифоъ дар бораи иҷрои нақша маълумот намедиҳад.

Ин ҳолат дар миёни сокинон ва намояндагони баъзе аз созмонҳои иҷтимоӣ ҳадсу гумонҳоеро ба миён оварда, ки "шояд нақша иҷро нашудааст". Дар маъракаҳои пешина мақомот аз иҷрои саривақтии нақша хабар дода, аз афзоиши довталабони хидмат низ таърифу тавсиф мекарданд.

"Ҳангоми даъвати баҳорӣ нақша осону барвақттар иҷро мешавад. Имтиҳонҳои давлатиро зуд тамом карда, аксар донишҷӯёнро ба хидмати ҳарбӣ мебаранд. Азбаски ин усули ғайриқонуниро истифода мекунанд, дар даъвати тирамоҳӣ ба душворӣ дучор мешаванд. Дар тирамоҳ донишҷӯён дар миёнаи таҳсил ҳастанд," – гуфт мудири “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Дилрабо Самадова рӯзи 4-уми декабр.

Намояндагони Вазорати дифои Тоҷикистон дар тамосҳои батакрори мо иҷро шудан ё нашудани нақшаи даъвати тирамоҳиро ба артиш тасдиқ ё рад накарданд. Сабаби худдории онҳо маълум нест.

Дафтари матбуоти вазорат дар охири моҳи октябри имсол дар бораи иҷрои 75 дарсади иҷрои нақша гузориш дода буд. Пас аз он дар ин бора ишорае накардааст. Як намояндаи ин ниҳод бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, нақша пурра нашудааст, аммо ҷузъиёт надод, ки чӣ қадар.

Видеоро дар инҷо бинед:

Муҳлати даъват ба артиш тамом шуд, ҷалби ҷавонон чӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Ин дар ҳолест, ки дар мавсими тирамоҳии имсола чанд шикоят аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш расонаӣ гардид. Баъзе аз сокинон иддао карданд, ки дар комиссариатҳои ҳарбӣ вазъи саломати фарзандонашонро ба инобат нагирифтаанд.

Иддае дигар гуфтанд, ки мақомот сими барқи онҳоро бурида, дари масҷиди маҳаллаашонро қуфл заданд, то фарзандони худро аз муҳоҷират баргардонанду ба артиш фиристанд.

Масъулони созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯянд, дар ин муддат аз сокинон 800 муроҷиату арзу шикоят гирифтанд. Дилрабо Самадова фишорро ба волидон барои аз хориҷа овардани фарзандон аз мавридҳои “ташвишовар” дар мавсими тирамоҳии исола номид.

“Аксар вақт волидонро бо фиреб ё зӯрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурда, маҷбур кардаанд, ки бо фарзандони худ дар тамос шаванд. Фарзандоне, ки берун аз ватан дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд ва ё дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд,” – шарҳ дод мусоҳиби мо.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми декабр аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки сабаби ба артиш нарафтани баъзе аз ҷавонон ва эҳтимоли пур нашудани нақшаи даъват чист.

“Аввал бо хӯроки хуб таъмин кунанд. Меҳтарсолорӣ (Дедовшина)-ро аз байн баранд. Модарон аз фиристодани фарзандони худ ба артиш метарсанд,” – гуфт роҳгузаре. Нафари дигар гуфт: "Бисёр вақт мешунавем, ки латукӯб мекунанд. Таҳқир мекунанд, эътиборашонро паст мезананд. Барои ҳамин, ба артиш намераванд. Дар давлатҳои дигар худашон оромона мераванд.”

Дар ин миён онҳое низ буданд, ки бовар доштанд шароит дар воҳидҳои низомии Тоҷикистон беҳтар шудааст. Яке аз роҳгузарон гуфт, “ҳоло вазъият дигар аст”. “Сару либоси сарбозон низ дар муқоиса ба солҳои гузашта тағйир ёфтааст,” – илова кард дигаре.

Вазорати дифои Тоҷикистон низ ҳар чанд вақт шарту шароитро дар қисмҳои ҳарбӣ тавсиф карда, аз афзоиши теъдоди ихтиёриёни хидмат гузориш медиҳад. Ҳамзамон бо ин, марги мармузи баъзе аз сарбозон ё латукӯби онҳо дар артиш ба расонаҳо роҳ ёфта, ҳалношуда мондани мушкилро бозгӯ мекунанд.

Дар Тоҷикистон соле ду бор – баҳору тирамоҳ – маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сурат мегирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG