Санҷиши адабӣ, сиёсӣ, динӣ
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1-уми декабр дар номае ба Радиои Озод тасдиқ кард, ки "китоб аз ташхиси комютерӣ, динӣ, адабӣ-сиёсӣ ва равоншиносӣ гузашт", вале дар бораи натиҷаи он ва ниҳодҳои санҷишгар чизе нагуфт.
Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми декабр хабар доданд, ки “Ҳаводиси рӯзгори ман” аз сӯи мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи дин, Академияи илмҳо ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санҷида шудааст. Кӯшиши Радиои Озодӣ барои гирифтани ҷузъиёт аз додситонӣ ва ниҳодҳои дигар то ин дам бенатиҷа буд.
Намояндагони яке аз ниҳодҳое, ки кормандонаш дар ташхиси китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ширкат кардаанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, то оғози мурофиаи додгоҳӣ ҳаққи ифшои натиҷаҳоро надоранд.
То ин дам баъзе аз мақомдорони тоҷик муҳтавои китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро танқид кардаанд. Ба ин қатор Эмомалӣ Насриддинзода, ёвари раиси ҷумҳурӣ; Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улум; Хайриннисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон дохиланд. Бархе навиштаҳои онҳоро супоришӣ гуфтанд.
Дар китоб чӣ гуфтаанд?
Китоби ёддоштҳои соҳибкори тоҷик Абдухалил Холиқзода бо номи "Ҳаводиси рӯзгори ман" моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд. Муаллиф дар он аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошту таҷрибаашро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.
Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла масъули бахши табъу нашри Вазорати фарҳанг иддао карданд, ки муаллифи китоб намояндагони бархе маҳалҳоро паст задааст. Абдухалил Холиқзода пеш аз боздошт ин ҳамаро рад кард ва дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки барои ӯ на маҳал, балки "тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст".
Мақомот моҳи август ин китобро аз фурӯшгоҳҳо бардошта, дар робита ба нашри китоб муаллиф Абдухалил Холиқзода, нависандаи шинохта Абдуқодири Рустам ва мудири нашриёти “Эр-граф” Суҳроб Раҷабзодаро боздошт карданд. Ҳарсеи онҳо ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон (қисми 2-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар ҳастанд. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ соли зиндонро дар назар дорад.
"Холиқзода гуфтааст, китобро худаш навишт"
Додситонии кулли Тоҷикистон 1-уми декабр дар нома ба Радиои Озодӣ навишт, тафтиши парвандаи нависанда Абдуқодири Рустам идома дорад. Додситонӣ аз ӯ ҳамчун муҳаррири китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ном бурдааст. Ин дар ҳолест, ки дар китоб номи ӯ ҳамчун муҳаррир зикр нашудааст.
Манобеи огоҳ аз таҳқиқи парванда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Абдуқодири Рустам дар бозпурсӣ худро бегуноҳ донистааст.
Аммо ба қавли манбаъҳои Радиои Озодӣ, Суҳроб Раҷабзода, мудири "Эр-граф" ба муфаттишон гуфтааст, борҳо китоби Абдуқодири Рустамро чоп карда буд ва ин дафъа ҳам нависанда ба ӯ гуфтааст, "Ҳаводиси рӯзгори ман"-ро чоп кунад, "масъулияташ бар дӯши ман." Радиои Озодӣ мустақилона онро тасдиқ карда наметавонад. Мудири нашриёт ба он муттаҳам мешавад, ки бе иҷоза китоби Абдухалил Холиқзодаро нашр кардааст.
Манобеи Озодӣ гуфтанд, Абдухалил Холиқзода дар бозпурсиҳо гуфтааст, китобро пурра худаш навишт. “Барои санҷиш барояш коғаз додаанд, ки фалон бахши китобро навис. Ӯ навиштааст ва муфаттишон қонеъ шудаанд,” -- гуфт манбаи Радиои Озодӣ дар мақомот.
Пайвандон: "Аҳволашон хуб аст"
Пайвандони Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва ҳам Суҳроб Раҷабзода ба ғайр аз зикри инки "аҳволашон хуб аст", дар бораи парванда чизе намегӯянд.
Боздошти муаллифи китоб Абдухалил Холиқзода ва нависанда Абдуқодири Рустамро теъдоде аз рӯшанфикрон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои мухолифи ҳукумат маҳкум карда, аз ҳукумат хостаанд, ки онҳоро бечуну чаро озод кунанд.
Бархе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ ва афроди огоҳ аз қазия, боздошти соҳибкорро ба муборизаи нуфуз дар байни сарони КДАМ, ВКД аз як сӯ ва Додситонии кулли Тоҷикистон аз сӯйи дигар унвон кардаанд. Дар ин замина онҳо аз равобити дӯстонаи байни Абдухалил Холиқзода бо сарони ду ниҳоди аввал ва яке аз ҷаласаҳои пурбаҳси ҳукумат ёдовар шудаанд.
Гуфтугӯ