Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шиканҷаи кӯдакон онҳоро дурӯғгӯ ва дузд мекунад" ВИДЕО


Умед Ҳамидов, равоншинос ва устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ
Умед Ҳамидов, равоншинос ва устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ

Боздошти ҷавоне дар Душанбе ба иттиҳоми латукӯби як ноболиғ баҳси азияти кӯдакону наврасонро дар Тоҷикистон бори дигар доғ кард. Пештар низ чандин мавриди озори кӯдакон расонаӣ шуда, боис ба хашми бисёриҳо гардида буд.

Як равоншиноси тоҷик мегӯяд, азияту фишори волидон ва ё шахсони дигар ба равони кӯдакон ва наврасон зарбаи сахт зада, дар вуҷуди онҳо одатҳои бадеро ба мисли дуруғгӯӣ бедор хоҳад кард. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз Умед Ҳамидов, устоди равоншиносии Донишгоҳи омӯзгорӣ, пурсиданд, ки чаро нисбат ба кӯдакон хушунатро раво мебинанд?

Умед Ҳамидов: "Мардуми мо раво дидани ҷазои ҷисмониро нисбат ба ноболиғон василаи маъмулии тарбия медонанд. Аз замонҳои пеш як байт ҳаст, ки “беадабро ҳар куҷо дидӣ бикӯб, хирс мулло мешавад бо зарби чӯб". Шояд таъсири ин гуна фаҳмишҳо дар зеҳни мардуми мо нишастааст. Ман дар ин масъала пажӯҳишҳо анҷом додам. Ба ин гуна ҳолатҳо назар ба шаҳрҳо дар деҳот бештар вохӯдан мумкин аст. Дар шаҳрҳо, албатта, ҳаст, аммо нисбатан камтар. Сабаби ба ин гуна амалҳо даст задани калонсолон ё падару модар бештар он аст, ки аксари насли калонсолон донишҳои педадогӣ ва психологӣ надоранд. Аз ин рӯ, дар замони пеш ҷазои ҷисмониро зиёд раво медиданд ва ин мафкура то ҳанӯз дар зеҳни онҳо мондааст. Ва онҳо худашон низ тарбиятдидаи ҳамин гуна низоми тарбия ҳастанд. Он қолабҳои бардоштаи худро, ки дар симои падару модари худ дида буданд, ҳангоми тарияи фарзанди худ раво мебинанд.

Навори суҳбат дар инҷост:

Радиои Озодӣ: Оё латукӯб роҳи тарбия аст?

Умед Ҳамидов: "Имрӯз илм исбот кардааст, ки василаи асосии тарбия ин сухан аст. Чаро? Барои онки тибқи фаҳмиши психологӣ сухан ҳамеша нерӯи асарбахш ё таъсиррасон аст. Модоме ки сухан нерӯи асарбахшӣ доард, пас, беҳтар аст, ки мо ҳамчун василаи асосии тарбия суханро истифода барем. Хуб мешуд, ки падару модар ё онҳое, ки масъулияти тарбияро ба дӯш доранд, донишҳои худро дар ин самт бештар намоянд."

Радиои Озодӣ: Вақте нисбат ба кӯдакон ин амалҳорро равон мебинанд, ин кор ба равони онҳо чӣ таъсир мерасонад?

Умед Ҳамидов: "Ҷисми кӯдак оҷиз аст, вай нотавон аст. Вақте калонсолон онҳоро зарбу лат мекунанд ё таҳдид мекунанд, кӯдак дард мекашад ва талош мекунад, барои раҳоӣ аз латукӯб чора андешад. Яке аз роҳҳои халосиро кӯдак дар дурӯғгӯӣ мебинад. Мисол, вақте як пиёла нохост афтоду шикаст, кӯдак медонад, ки падару модараш ӯро ҷазо медиҳанд, маҷбур дурӯғ мегӯяд, ки "ман надидам, мумкин додарчаам кард ё гурба пиёларо шикаст". Вақте кӯдак дурӯғ гуфт ва аз ҷазо раҳо ёфт, пас, ба хулосае меояд, ки роҳи халосӣ дар дурӯғ гуфтан будааст. Дуюмбораву сеюмбора дурӯғ мегуяд, баъд ин ба одат ва хислат табдил мешавад. Дуруғгӯӣ боис ба дуздӣ мешавад. Агар сабабашро ҷӯё шавем, ҳамон латукӯб ва раво дидани таҳдиду шиканҷа дар замони кӯдакӣ ва наврасӣ аст. Пайомади дигари таҳқиркунӣ дар овони хурдсолӣ метавонад боис ба он шавад, ки дараҷаи худбаҳодиҳӣ ва худбоварии кӯдак коста гардад. Дар натиҷаи паст шудани худбоварӣ, ҳамзамон изтироби шахсӣ баланд мешавад. Изтироб, яъне ба тарсу воҳима гирифтор шудан, доимо дар таҳлука будан. Вай доим зери фишори вазнини равонӣ қарор дорад. Ин ҳолати боис ба он мешавад, ки иммунитет паст гардад."

Акс аз Раёсати корҳои дохилии Душанбе
Акс аз Раёсати корҳои дохилии Душанбе

Радиои Озодӣ: Роҳи ҳалро дар чӣ мебинед?

Умед Ҳамидов: "Яке аз роҳҳои ҳал ин фарҳанги психологӣ ва педадогии мардумро боло бурдан аст. Бигзор ин донишҳоро дар байни мардум таблиғ кунем, то мардум донанд, ки пайомади тарбияи нодуруст чӣ хоҳад буд. Роҳи дигар ин аст, ки падару модар вақте дар тарбияи фарзанд душворӣ кашиданд ё роҳи дурустро наёфта истодаанд, дар назди ҳар як муассиса бахусус мактабҳои хусусӣ равоншиносон кор мекунанд. Боз марказҳои равоншиносӣ ҳастанд. Бигзор падару модар ба назди равоншиносон рафта, дар масъалаи тарбияи кӯдак бо онҳо машварат кунанд. Роҳи дигар волидайн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба саҳифаҳое обуна шаванд, ки донишҳои психологӣ-педагогиро барои падару модарон меомӯзонанд."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG