Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ баррасии шикоятҳои Навалнийро ба таъхир гузошт


Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифон дар Русия
Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифон дар Русия

Додгоҳҳое, ки Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифон дар Русия, ба онҳо шикоят бурда буд, то пайдо шудани вай баррасии шикоятҳояшро ба таъхир гузоштаанд.

Дар ин бора сухангӯйи Навалний Кира Ярмиш хабар дод. Ҳамсафони Навалний 13 рӯз боз намедонанд, ки вай дар куҷост.

Ба иттилои Ярмиш, рӯзи 18-уми декабр бояд аз рӯи шикоятҳои Навалний ҳафт баррасии додгоҳӣ сурат мегирифт.

"Ду баррасии аввал баргузор шуд, ки Навалний дар онҳо ҳатто тариқи видео иштирок надошт. Баррасии шикоятҳоро то пайдо шудани Навалний ба таъхир гузоштанд", - гуфт сухангӯйи мухолифи ҳукумати Русия.

Ярмиш ҳамчунин илова кард, ки рӯзҳои истироҳат ҳамсафони вай ба бештар аз 200 боздоштгоҳи Русия дархост фиристода, мунтазири пайдо шудани Навалний ҳастанд.

Пештар мақомоти Русия гуфтанд, Навалний аз маҳбаси рақами 6 дар вилояти Владимир берун бурда шудааст. Маълум нест, ки ӯро ба кадом маҳбас бурдаанд.

XS
SM
MD
LG