Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори панҷум бо Афғонистон: ҳамкории нарм бо Толибон ё ғамхорӣ ба мардум?


Бозори марзии "Шоҳон". Акс аз саҳифаи фейсбукии Ҳорун Мустафоев
Бозори марзии "Шоҳон". Акс аз саҳифаи фейсбукии Ҳорун Мустафоев

Тоҷикистон бозори панҷуми муштарак бо Афғонистонро бозкушоӣ кард. Ин бозор бо номи "Шоҳон" дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва вулусволӣ (ноҳия)-и Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон дар аввали моҳи декабр фаъолияташро аз сар гирифт.

Пеш аз ин, дар оғози моҳи сентябр Тоҷикистон ба бозкушоии чор бозори муштараки наздимарзӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Бадахшони Афғонистон иҷоза дода буд.

Ин бозорҳои наздимарзӣ бар асоси созишнома миёни Тоҷикистон ва давлати пешини Афғонистон аз соли 2006 ба ин сӯ боз шуда буданд. Аммо дар соли 2020, дар замони ҳамагирии вируси куруно ва дар соли 2021 баъди бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, Тоҷикистон ин бозорҳои муштаракро баста буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафараш ба шаҳри Хоруғ, 18-уми августи имсол аз тасмим бозкушоии ин бозорҳо хабар дода буд. Баъдан масъули ҳукумати ВМКБ ҳам эълон карданд, ки ин бозорҳо бо дастури раисҷумҳур боз шуданд.

Ҳорун Мустафоев, намояндаи ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дар мавриди шеваи кори бозори панҷум миёни Тоҷикистону Афғонистон гуфт, ки дар рӯзҳои аввали кушодашавии бозори мазкур садҳо нафар соҳибкорон аз ду ҷониб молу маҳсулоти худро ба фурӯш гузоштанд.

"Дар рӯзҳои шанбе мардуми ҳамсоякишвар Афғонистон аз гузаргоҳҳои гумрукӣ ва сарҳадӣ гузашта, молу маҳсулоти ватании худро барои фурӯш пешниҳод ва молу маҳсулоти Тоҷикистонро харидорӣ мекунанд,- афзуд Мустафоев.

Мавлавӣ Одил Фоиз, вулусволи Толибон дар Хоҳон ҳам ба расонаҳо гуфтааст, ки додугирифт дар ин бозор ҳафтае як бор ва фақат рӯзҳои шанбе анҷом мешавад.

Бозори наздимарзӣ, ки моҳи сентябр ифтитоҳ шуд
Бозори наздимарзӣ, ки моҳи сентябр ифтитоҳ шуд

Бозкушоии бозори панҷуми муштарак дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҳамсояи Толибон дар минтақа ягона кишварест, ки ҳеч равобити расмие бо Толибон надорад ва эълон кардааст, ки то замони ба сари кор омадани як ҳукумати фарогир, ҳокимони феълии Афғонистонро ба расмият намешиносад.

Аммо сарфи назар аз ин мавзеъгирӣ, Тоҷикистон ба Афғонистони зери ҳокимияти Толибон барқ мефурӯшад ва аз тариқи гузургоҳи гумрукии Панҷи Поён-Шерхон-Бандар тронзити молу колоро ба роҳ мондааст.

Ҷониби Тоҷикистон содироти барқ ва бозкушоии бозорҳои муштараки наздимарзиро на ҳамкорӣ бо Толибон, балки мусоидат ба ҳалли мушкилоти мардуми Афғонистон маънидод мекунад. Таҳлигарони наздик ба ҳукумат низ ин тасмимҳоро ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми Афғонистон медонанд.

Бозорҳои наздимарзие, ки моҳи сентябри 2023 боз шуданд
Бозорҳои наздимарзие, ки моҳи сентябри 2023 боз шуданд

Пайрав Чоршанбиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ ҳам бар ин назар аст, ки Афғонистон дар гардиши молу коло бо Тоҷикистон ҳеч гоҳе мавқеи хос надошт ва танҳо бозори фурӯш барои барқи зиёдатӣ буд. Ин таҳлилгар содироти барқро робита бо Толибон не, балки идомаи иҷрои созишномаи миёни Тоҷикистону Афғонистон аз соли 2008 медонад.

Файёзуддин Ғиёсӣ, аттешеи пешини иқтисодии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам мегӯяд, доду ситаде, ки дар ин бозорҳо сурат мегирифт ва мегирад, бинобар мушкилоти иқтисодии 14 вулусволии марзии Афғонистон аҳамияти вижае дорад, зеро инҳо роҳҳои дурусти мошингард ба маркази вилояти Бадахшон ва шаҳрҳои бузурги Афғонистон надоранд.

"Боз будани ин бозорҳо дур аз баҳси сиёсӣ як кӯмаки иқтисодӣ ва як кумаки башарӣ ба вулусволиҳои сарҳадӣ ва мардуми ин манотиқ аст. Аз сӯйи дигар аз нигоҳи амният ва эҷоди равобити боэътимод ҳам аҳамият доранд. Албатта бино ба мавҷуд набудани як ҳукумати машрӯъ дар Афғонистон нигарониҳои амниятӣ ҳам вуҷуд дорад”,-мегӯяд Ғиёсӣ.

Бино ба маълумоти оморӣ дар 11 моҳи соли 2023 Афғонистон ва Тоҷикистон 85,5 миллион доллар додугирифт доштаанд. Дар тиҷорати дуҷониба 99% ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд, ки умдатан аз барқ иборат аст. Ҳамчунин Тоҷикистон ба ин кишвар семент ва маҳсулоти ғизоӣ низ содир мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG