Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқ нест." Хонаҳои баландошёнаро чӣ гуна гарм мекунанд? ВИДЕО


"Кӣ гуфт, ки дар хонаҳои баландошёна бухории бобоӣ гузошта намешавад? Мо маҷбур чунин корро кардем..."

Нишонбой Рӯзибоев ва пайвандонаш дар яке аз биноҳои бисёртабақа дар Адрасмони шаҳри Гулистон зиндагӣ мекунанд. Дар як хона шаш нафар, бо шумули кӯдакон. Дар рӯзҳои сарди зимистон дар як ҳуҷра ҷамъ омада, гирди бухории бобоӣ худро гарм мекунанд.

“Дар моҳи октябр бухории бобоиро гузоштем. То моҳи апрел истифода мебарем. Ночор ҳастем. Бояд хӯрок тайёр кунем. Кӯдак дорем, онҳо хунук мехӯранд. Рӯзона барқ нест, баъзан шабона ҳам,” – нақл кард Нишонбой Рӯзибоев.

Нишонбой Рӯзибоев
Нишонбой Рӯзибоев

Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳарчанд аз зарари ангишт ва дуди ҳезум огоҳанд, феълан барои сипарӣ кардани сармо илоҷи дигар надоранд.

“Зиён ба саломатӣ як тарафи масъала, гаронии нархи сӯзишворӣ тарафи дигари масъала аст. Як кило ангишт 3,5 сомонӣ аст. Соли гузашта вазъ андаке беҳтар буд. Имсол бадтар шуд. Дар моҳи сентябр таъмир гуфтанд, баъди он вазъ бадтар шуд,” – мегӯяд ӯ.

Танҳо хонаводаи Рӯзибоевҳо нест, ки дар хонаҳои баландошёна дар шаҳраки Адрасон бухории бобоӣ гузоштаанд. Тақрибан дар аксар хонаҳои бисёрқабата дар инҷо чунин ҳолатро дидан мумкин аст.

Баъзе аз сокинони шаҳри Хуҷанд ва атрофи он мегӯянд, нерӯи барқ доранд, вале аз ҳоло бо умеди сарфаи он хонаҳояшонро ба тарзи қадимӣ гарм мекунанд.

Отуной Тӯрақулова, сокини Хуҷанд: “Як хоҳару як додарзодаам дар баландошёна ҳастанд. Онҳо гуфтанд, ки сандалӣ гузошта, бо дастгоҳи “Мечта” гарм мекунанд. Гармияш чандон баланд аст. Хонаҳо бетонӣ ва сард ҳастанд."

Сайидмаҳмад Олов, омӯзгор: “Сандалӣ дуруст карда, дар поёнаш лампаҳои илйичӣ мегузоранд. Эҳтимоли сар задани сӯхтор бисёр аст.”

Ҳабиба Холматова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: “Солҳои пеш аз барқ истифода мебурдем, барои онки арзонтар буд. Акнун, ки гарон шудааст, ба оташдон алов карда зиндагиамонро пеш мебарем.”

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2024 аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 30,75 дирам хоҳад пардохт. Ҳоло сокинон барои ҳар киловат тақрибан 27 дирам медиҳанд.

Қарори нав рӯзи 29-уми ноябри имсол қабул шуд. Як намояндаи “Шабакаҳои тақсими барқ” (як шохаи "Барқи тоҷик") дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасмими боло бурдани арзиши нерӯи барқро ба тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ пайванд дод.

Мақомоти Тоҷикистон дар чанд соли охир пайиҳам нархи нерӯи барқро боло мебаранд. Чизе, ки ҳар тирамоҳу зимистон ба ҷуз аз шаҳрҳои асосӣ ба минтақаҳои дигар бо маҳдудият дода мешавад. Бори охир моҳи октябри соли гузашта таърифаи истифода аз нерӯи барқ тағйир ёфт. Аз 22,66 дирам ба 26,51 дирам барои ҳар киловат соат.

Нишонбой Рӯзибоев, қаҳрамони гузориши мо аз Адрасмон мегӯяд, андаке гарон ҳам бошад, истифодаи нерӯи барқ барои гарм кардани хонаву таҳияи хӯрок муҳим аст. “Ҷойи онро на бухороии бобоӣ гирифта метавонад, на сандалӣ," – мегӯяд ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Хонаҳои сард ва маҳрум аз барқ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG