Ширкати "Барқи Тоҷик" дар ин бора ягон шарҳ намедиҳад. Масъулони ширкати "Брешно"-и Афғонистон рӯзи 27-уми декабр дар шабакаи "Х" (Твиттери собиқ) навиштанд, ки тавофуқ дар Туркия ба даст омад.
Ба иттилои манбаъ, қарордодро раиси "Барқи Тоҷик" Муҳаммадумар Асозода ва масъули "Брешно" Мулло Муҳаммадҳаниф Ҳамза имзо карданд.
Ҷузъиёти созишнома дастрас нест. Маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2024 ба кишвари ҳамсояаш чӣ қадар барқ хоҳад фурӯхт ва ба чӣ нарх.
Афғонистон ва Узбекистон аз харидорони асосии барқи Тоҷикистон ҳастанд. Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба маълумоти Кумитаи омор навишт, ки кишвар дар моҳи ноябри имсол ба хориҷа ба зиёда аз 1,9 миллион доллар нерӯи барқ додааст.
Қарордоди нави интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳолест, ки Душанбе бо “Толибон”, ҳокимони нави Кобул, робитаи дипломатӣ надорад.
Гузашта аз ин, мардум ин шабу рӯз дар гӯшаҳои Тоҷикистон бо маҳдудият барқ мегиранд. Мақомот ҳамеша мушкилро ба душвории фаннӣ ё камбуди об рабт додаанд. Сокинон мепурсанд, чӣ гуна Тоҷикистон барои интиқол ба Афғонистону Узбекистон барқ дорад, аммо барои истифодаи мардум дар дохил не.