Изҳори нигаронӣ аз вазъи муҳоҷирон аз нуктаҳои паёми имсола аст, ки то кунун дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб ёфтааст. Дар баробари ин, президент боло бурдани нархи нерӯи барқро дуруст шумурд ва аз тарзи омода кардани мутахассисон ва фарҳанги муошират дар ҷойҳои иҷтимоӣ интиқод кард.
"Ин, албатта, муҳим аст барои мо. Вазорати маориф, Академияи улум дорем, вале мутахассис бисёр кам аст. Гуфта шуд, ки ин масъала бозбинӣ гардад," -- гуфт Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Аз таҳсил дур мондани духтарон ва аз синфи 9-ум аз мактаб баровардани онҳо аз нуктаҳои дигаре буд, ки аз забони президент садо дод. Омори мушаххас оварда нашуд.
Артур ван Дизен, мудири намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, дар моҳи ноябри имсол ва дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъд аз поёни таҳсили асосӣ ё синфи нуҳум, 32 дарсади духтарони тоҷик аз таҳсил дур мемонанд.
Дар баробари эроду интиқод, раиси ҷумҳурӣ аз коҳиши камбизоатӣ, рушди иқтисод, иқтидорҳои энержии кишвар ситоиш карда, хабар дод, ки маоши кормандони давлатӣ дар соли оянда 40 дарсад ва нафақа 30 дарсад бештар хоҳад шуд.
“Дар меҳвари ҳамаи мавзуъҳое, ки ба алоҳидагӣ таҳлил карданд, мавзӯи аслӣ шоистагии инсон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста, фароҳам овардани муҳити муносиб барои кори инсон меистод," -- гуфт Раҳмоналӣ Мирализода, як масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Сокинони Тоҷикистон, баръакс, борҳо аз камии маошу нафақа ва гаронии нархи маҳсулот изҳори ташвиш кардаанд.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, паёми президент “хусусияти ҳисоботдиҳии ҳукуматро дошт” ва “ин мутлақо нодуруст аст”.
“Мувофиқи мақсад мебуд, бо назардошти имконияту шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, иқтидори ҳарбӣ ва дигар фурсатҳое, ки Тоҷикистони мо дар ҳоли ҳозир дорад, бо 30 дақиқа паём маҳдуд мешуд. Ва ба ду масъалаи мубрами дохиливу хориҷӣ мутаваҷҷеҳ шуда, вазифаҳои аввалиндараҷаи порлумон дар ҳамкории иҷтимоӣ бо мақомоти иҷроия эълон мешуд. Ҷиҳати ислоҳи иллатҳои буда, ки худи президент иқрор шуд, тадбирҳо меандешиданд,”-шарҳ дод Ҳакимов.
Эроди дигараш ин аст, ки президент ҳангоми суханронӣ дар паём ба вазъи муҳоҷирони корӣ таваҷҷӯҳ кард, аммо ангезаи ба чунин аҳвол гирифтор шудани муҳоҷирони корӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилотро дақиқан шарҳ надод.
Эмомалӣ Раҳмон дар поёни ҳар сол натиҷаи кори ҳукуматашро ҷамъбаст ва барномаи корашро барои соли оянда эълон мекунад. Мунтақидон мегӯянд, вазъ тағйир намеёбад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ