Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як сарбози ВКД-ро дар Вахш ба хок супурдаанд


Шарифбек якунимсол пеш ба артиш рафта буд.
Шарифбек якунимсол пеш ба артиш рафта буд.

Ҷасади як сарбози Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро рӯзи 29-уми декабр дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба наздиконаш супурдаанд.

Шарифбек Давлатови 21-сола, сокини деҳаи Сулҳободи ноҳияи Вахш якунимсол пеш ба артиш ҷалб шуда, дар як воҳиди низомии Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе сарбоз будааст.

Абдухалил Давлатов, бародари Шарифбек, ки дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ аст, рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ марги бародарашро тасдиқ кард, вале гуфт, "сабабашро намедонад." Ӯ гуфт, бародараш ихтиёрӣ ба артиш рафта буд ва бояд моҳи апрел бармегашт.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби марги сарбозро шарҳ надоданд.

Як сокини деҳаи Сулҳобод, ки нахост номашро зикр кунем, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми супурдани ҷасад ба хонаводаи сарбоз гуфтаанд, "Шарифбек аз дарди қалб фавтидааст."

"Ин бача солим буд ва ҳама аҳли деҳа медонанд. Вақте, ки ҷасадро шустанд, дар баданаш ҷои зарб дида мешуд, лекин инро бояд мутахассисон аниқ кунанд, ки Шарифбек аз чӣ фавтидааст,"--гуфт ӯ.

Шарифбекро рӯзи 29-уми декабр дар зодгоҳаш ба хок супурдаанд.

Сокинони деҳаи Сулҳобод мегӯянд, ин хонавода ду фарзанд дошт, ки яке маъюб буда, дар муҳоҷират аст ва дигаре Шарифбек буд, ки фавтид.

Абдухалил Давлатов, бародари сарбоз мегӯяд, дар бораи сабаби марги бародараш чизе гуфта наметавонад.

"Ман ягон шикоят аз касе надорам. Бародарам дар хизмати ватан буд. Марги ӯ амри парвардигор аст ва мо аз касе домангир нестем. Фақат мехоҳам, зудтар аз Русия ба хона баргардам,"--гуфт ӯ.

Ҳар сол дар воҳидҳои низомии Тоҷикистон марги сарбозон сабт мешавад. Дар бештари ҳолат, наздикони сарбозон даъво мекунанд, ки онҳо бар асари латукуб фавтидаанд. Мақомот дар баъзе маврид вуҷуди латукӯбро тасдиқ мекунанд, вале дар аксар ҳолат марги сарбозонро ба беморӣ ё ҳолатҳои дигар рабт медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG