Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Human Rights Watch: Саркӯб дар Тоҷикистон кам нашудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

​​​​​​​Як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ дар Амрико мегӯяд, ки рияои ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистон дар соли 2023 низ беҳтар нашуд ва зери по кардани он аз тарафи мақомот ҳамчунон идома ёфт.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch рӯзи 11-уми январ дар гузориши нави худ гуфт, соли гузашта садоҳои мустақил ва мунтақиди ҳукумат дар Тоҷикистон ҳамчунон саркӯб шуданд, садҳо созмони ғайридавлатӣ ночор корро бас карданд, фаъолияти созмонҳои динӣ ё маҳдуд ва ё қатъ шуд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон аксаран гузоришҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқро шарҳ намедиҳанд, вале дар гузашта гуфтаанд, ки ин гузоришҳо вазъи воқеиро инъикос намекунанд ва ба қавли онҳо "ғаразмандона" ҳастанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, фаъолияти чанд ҳизбу ҳаракати сиёсӣ, ки ҳукумат онро таҳдид мешуморад, мамнуъ монд ва баъзе аз аъзои онҳоро мақомот бо зӯр аз хориҷ ба Тоҷикистон оварданд. Дар гузориш номи Ҳизби наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24 зикр шудааст, ки Додгоҳи олӣ онҳоро баъди соли 2014 созмонҳои ифротӣ номида, фаъолияташонро манъ кард.

Созмони ҳомии ҳуқуқ дар идомаи гузориш ба арзёбии вазъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пардохта ва гуфтааст, дар соли 2003 ҳукумат саркӯби дигарандешонро дар вилоят идома дод. Авзоъ дар ин ҷо пас аз тазоҳуроти солҳои 2021 ва 2022, ки ба хушунат печид, ноором шуд ва садҳо нафар бо гуноҳи ширкат дар беназмиҳо ба зиндон маҳкум шуданд.

Дар гузориши солонаи Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки дар Ню-Йорк қароргоҳ дорад, аз ҳуқуқи занону духтарон дар Тоҷикистон ҳам гуфтаанд, ки ба қавли муаллифон, ҳамчунон зиёд поймол мешавад ва ҳукумат ҳам ба ин масъала аҳамият намедиҳад. Ҳуқуқи ҳамҷинсгароён бахши дигаре аз гузориш аст, ки ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон онҳоро озору азият додаву таъқиб мекунанд.

Маҳдуд шудани фаъолияти ҷомеаи маданӣ

Бо зикри ҷузъиёти маҳдуд шудани фаъолияти ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон, Дидбони Ҳуқуқи Башар навиштааст, баъди саркӯби тазоҳурот дар Бадахшон дар солҳои 2021-2022, мақомот дар соли 2023 ҳам саркӯби хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва вакилони дифоеро, ки масъалаи мазкурро инъикос мекарданд, идома дод. Мақомот барои бастан ва ё ба моликияти давлат табдил додани созмонҳои Бунёди Оқохон, ки ба Бадахшон кумак мекунанд, гом бардоштанд, аз ҷумла барои бастани созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки аз бунёд кумаки молӣ мегирифтанд.

То нимаи соли 2023 ба эътирофи худи мақомоти расмӣ дар кишвар 239 созмони ғайриҳукуматӣ баста шудаанд ё аз фаъолият бозмонданд. Соли 2022 бештар аз 500 созмон айни сарнавиштро доштанд, аз ҷумла созмони Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир, ки соли 2005 таъсис ёфта буд.

Моҳи январи соли 2023 Додгоҳи Душанбе фаъолияти Дафтари мустақили ҳуқуқи инсонро баст, ки бештар аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳимоят мекард ё дар парвандаҳои ҳассос ба афроди ҷабрдида мадади ҳуқуқӣ мерасонд. Баҳонаи мақомоти расмӣ ин буд, ки созмон саривақт дар бораи фаъолиятҳои молии худ гузориш намедод ва бар хилофи ойинномааш дар минтақаҳо дафтар надошт.

Вазъи озодии баёну дин

Дар бораи озодии баён, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, сол ба сол вазъи он бадтар мешавад, Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳукмҳои Додгоҳи олиро мисол овардааст, ки саҳифаҳои Гурӯҳи 24 ва пойгоҳи "Pamir Daily News"-ро дар Фейсбук ифротӣ эълон кард.

Аввалӣ амалкардҳои ҳукуматро танқид мекард ва дувумӣ дар инъикоси ҳодисаҳои Бадахшон фаъол буд. Дар гузориш ҳамчунин аз парвандаи Рустами Ҷонӣ, хабарнигори мустақил ёд овардаанд, ки мақомоти интизомӣ ба зидди ӯ барои танқидҳояш аз амалкардҳои ҳукумат дар Бадахшон парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Хуршед Фозилов
Хуршед Фозилов

Соли 2023 ҳамчунин Хуршед Фозилов, хабарнигори дигари тоҷик барои 7 сол паси панҷара андохта шуд, зеро ба қавли Кумитаи амнияти миллӣ ӯ бо созмонҳои мамнӯи ифротгаро “ҳамкорӣ мекард”. Иддаое, ки хешовандонаш беасос номидаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар, манъи ибодати якҷояи исмоилиёнро дар хона намунаи дигаре аз маҳдуд кардани ҳуқуқи динӣ дар Тоҷикистон хондааст. Чунин дастурро мақомот моҳи январи соли 2023 содир карданд. Дигар намуна, ба гуфтаи созмон, рад шудани аризаи шикоятии "Шоҳидони Яҳво" дар Додгоҳи олӣ аст, ки дар Тоҷикистон онро созмони ифротӣ эълон кардаанд.

Аз ҳуқуқи занон то ҳамҷинсгароён

Муаллифони гузориш гуфтаанд, ки соли 2023 соли дигари поймоли густурдаи ҳуқуқи занону духтарон ва беэътиноии мақомоти Тоҷикистон ба ин мушкили ҷиддӣ буд. Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, ҳукумат натавонист, қонунро дар бораи пешгирӣ аз хушунат дар оила, ки соли 2013 қабул шуд, дуруст амалӣ кунад.

Кумитаи кор бо занон ва оила гуфтааст, ки танҳо дар нимаи аввали соли 2023 ба марказҳои он бештар аз 1000 шикоят аз хушунати оилавӣ ва ё ҷабру зулм ба занону духтарон ворид шудааст.

Ақидаҳои иртиҷоӣ, пешқазоват, пойбандии иқтисодӣ ва ҷазо нагирифтани омилони зулму ситам ба зан, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, имкон намедиҳанд, ҷабрдидагон ва бахусус занони деҳот ва маълулон ба мақомоти интизомӣ муроҷиат кунанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар бо арзёбии риояти ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон гуфтааст, ки моҳи майи соли 2023 маъмурони милиса дасти кам 8 фаъоли ҳамҷинсгароёнро боздошт карданд.

Дар идомаи гузориш омадааст: "Телефонҳояшонро гирифтанду таҳқиру тавҳин карданд. Маълумоти телефонҳояшонро гирифта, дигар намояндагони ҳамҷинсгароёнро ба "суҳбат" хонданд. Маъмурони милиса ба яке аз созмонҳои ғайридавлатӣ, ки ба ҳамҷинсгароён кумаки ҳуқуқӣ мерасонад, муроҷиат карда, гуфтаанд, ки набояд дигар ба ин корашон идома диҳанд."

Бори аввал нест, ки ҳукумати Тоҷикистон барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи мардум, зери по кардани он аз тарафи созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ танқид мешавад. Солҳои охир ва бо бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон ин танқидҳо зиёдтар ва баландтару бештар садо медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG