Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фароз" нест, гази моеъро ба Тоҷикистон асосан кӣ меорад? ВИДЕО


Нуқтаи фурӯши гази моеъ
Нуқтаи фурӯши гази моеъ

Ноустувории нархи гази моеъ дар Тоҷикистон, ки то ҳафтод дарсади мошинҳои боркашу сабукрав аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд, гуфтугӯҳоро бобати монополия будани соҳа ба миён овардааст.

Ин ҳам гуфта мешавад, ки соҳаи сердаромад дар дасти як доираи муайяни афродест, ки ба мансабдорони баландпоя рабт доранд ва ё ҳадди ақал зери чатри онҳо ҳастанд. Вале намояндаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мавҷудияти монополияро дар воридоти гази моеъ рад мекунад.

"Аз понздаҳ ширкате, ки ба Тоҷикистон гази моеъ меоранд, ҳар яке аз онҳо аз як то дувоздаҳ дарсади гази моеъ ворид мекунанд. Ҳеч яке аз онҳо тибқи қонуни зиддиинҳосорӣ мавқеи ҳукмфармо надоранд," – гуфт Зафар Наҷотов, сардори як бахши Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

"Мегӯянд нест, вале…"

Зафар Наҷотов
Зафар Наҷотов

Ба маълумоти Хадамот, соли гузашта понздаҳ ширкати ватаниву хориҷӣ 411 ҳазор тонна гази моеъро ба кишвар ворид кардаанд. Ин дар ҳолест, ки талаботи солона ба гази моеъ дар Тоҷикистон 410 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бар замми ин гази бештар дар як соли гузашта ба нархи арзонтар оварда шудааст ва табиатан мебоист ба поён рафтани нарх кумак мекард, вале чунин нашуд.

Дар гузашта болоравии пайвастаи нархи газ ба он рабт дода мешуд, ки бозор дар дасти ширкати “Фароз” қарор дошт. Ширкате аз Шамсулло Соҳибов, домоди президенти Тоҷикистон. Аммо “Фароз” дар соли 2020 аз барҳам хӯрдани худ хабар дод ва ҳоло 15 ширкати хурдтар машғули ба Тоҷикистон овардани гази моеъ мебошанд. Оё воқеан ин бозор аз монополист раҳо шуд?

“Тибқи оморе, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон пешниҳод мекунад, гуё дар кишвар ягон ширкати монополисти воридкунандаи гази моеъ нест. Тавре ҳамсуҳбатони мо, ки аз ин умур огоҳанд, мегӯянд, ширкатҳо барои давр задани қонуни зиддиинҳисории Тоҷикистон якчанд ширкате таъсис медиҳанд. Як қисми газро бо номи як ширкат ва қисми дигарро бо номи ширкати дигар меоранд, то онҳоро ба доштани мавқеи монополӣ айбдор накунанд," – гуфт рӯзноманигор ва шореҳи иқтисодӣ Абдулло Ашӯров.

"Бозори судовар”

Тибқи феҳрасте, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дар соли гузашта ширкати “Темур Ойл” ба овардану фурӯши гази моеъ пешсаф будааст. Тақрибан бист дарсади гази моеъро ҳамин ширкат оварда. Дар санадҳои расмӣ гуфта шудааст, ки ширкатро соли 2012 ташкил кардаанд.

  • "Аллат" – 13 дарсад,
  • “Газпромнефт-Тоҷикистон” – 10,1 дарсад,
  • “Эмом импорт экспорт” – 9,5 дарсад,
  • “Ғайрат-82” – 8,5 дарсад,
  • “Октан Сервис” – 7,7 дарсад

ва нуҳ ширкати дигар дар умум 32,9 дарсади ҳаҷми умумии гази воридотиро ба Тоҷикистон таъмин кардаанд.

Масъулони “Аллат" ва чанд ширкати дигар, ки барои овардану тақсими гази моеъ дар радаҳои болоӣ меистанд, барои шарҳи мавзуъ дар рӯбарӯи дурбини Радиои Озодӣ изҳори омодагӣ накарданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Гази моеъро ба Тоҷикистон асосан кӣ меорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси иқтисодӣ, ба ин назар аст, ки то чанд сол пеш шумораи зиёди ширкатҳои хурду миёна машғули воридоти гази моеъ ба кишвар буданд, вале ҳоло корашон маҳдуд гаштааст: “Ҳозир ширкатҳои хурде, ки қаблан бисёр буд ва фаъолияташон шаффоф буд ва озодона аз Қазоқистону Русия гази моеъ ворид мекарданд, ҳаҷми воридотро умуман кам карданд."

Феҳристи ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ
Феҳристи ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ

Тоҷикистон беш аз 76 дарсади гази моеъро соли гузашта аз Қазоқистон, тақрибан бист дарсад аз Русия ва тақрибан чор дарсад аз Узбекистон овардааст. Қазоқистон чанде пеш содироти гази моеъро ба хориҷа то тобистони соли оянда манъ кард. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфтанд, тасмими манъи содирот ба ширкатҳое дахл надорад, ки бар пояи қарордодҳои байнидавлатӣ ба Тоҷикистон гази моеъ меоранд.

Вале як иқтисодшиноси тоҷик, ки нахост исмаш зикр шавад, гуфт, "ҳоло ба тиҷорати гази моеъ танҳо ширкатҳое машғуланд, ки худро “давлатӣ” меноманд ва аз сӯйи нафарони наздик ба мақомоти баландпояи Тоҷикистон назорат мешаванд”. Ин манбаъ афзуд, “бозори гази моеъ хеле фоидаовар аст ва “доираҳои маълуми” тиҷорати Тоҷикистон намехоҳанд онро бегона созанд”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG