Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози нофарҷом. Ба хатсайри Душанбе-Хоруғ чӣ шуд?


16 августи соли 2023 чархболи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Хоруғ расонд. Акс аз гузориши видеоии Хадамоти президенти Тоҷикистон
16 августи соли 2023 чархболи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Хоруғ расонд. Акс аз гузориши видеоии Хадамоти президенти Тоҷикистон

Ҳеч минтақаи ин вилоят то ҳол бо пойтахти кишвар иртиботи ҳавоӣ надорад.

Нуриддин, сокини 35-солаи шаҳри Хоруғ мегӯяд, ки барои муддати тӯлонӣ талош мекард ҳасарашро аз тариқи иртиботи ҳавоӣ ба Душанбе бифиристад, зеро дарди камар дорад ва пизишкон сафар бо мошинро тавсия намедиҳанд. “Тирамоҳи соли 2023 буд. Он замон чархболҳо ба далели бурдани сарбозҳо фаъол буданд. Ман талош кардам бо низомиҳо масъалаи интиқоли ҳамсарамро маслиҳат кунам. Ба ҳеч натиҷае нарасидаму маҷбур шудам ҳамсарамро аз роҳи заминӣ ба Душанбе фиристам, ҳарчанд хатари ин корро барои саломатии ӯ дарк мекардам”, - мегӯяд ҳамсуҳбати Радио Озодӣ.

Ба гуфтаи вай, қаблан гоҳ-гоҳ чархболи Бунёди Оқохон аз Душанбе ба Хоруғ парвоз мекард, ки дар вақтҳои изтирорӣ барои интиқоли беморон кӯмак мекард. Ҳоло ин чархбол нест. Дар фаслҳои баҳору тирамоҳ чархболҳои низомӣ парвоз мекунанд ва гоҳе ҳам шикорчиён бо чархболи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Мурғоб мераванл. Дар аксарияти вақт ба ВМКБ танҳо бо роҳи заминӣ мешавад расид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори охир аз Хоруғ моҳи августи соли 2023 дидан кард. Баъди боздид аз чанд ноҳияи ВМКБ ӯ бо чархбол ба фурудгоҳи Хоруғ расид. Акс аз president.tj
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори охир аз Хоруғ моҳи августи соли 2023 дидан кард. Баъди боздид аз чанд ноҳияи ВМКБ ӯ бо чархбол ба фурудгоҳи Хоруғ расид. Акс аз president.tj

Як сол қабл роҳбарияти ВМКБ бо баргузории як маросим расман азсаргирии парвоз байни Душанбе ва Хоруғро эълом карданд. Мақомоти иҷроияи вилоят он замон гуфта буданд, ки бо ҳимояти президент Эмомалӣ Раҳмон ҳавопаймои “L410 NG” ба Хоруғ як парвози озмоишӣ анҷом дод ва иртиботи ҳавоӣ бо ВМКБ барқарор мешавад.

Як рӯз қабл аз эълони барқарории парвоз бо ВМКБ ширкати “LET Aircraft Industries”, ки дар Чехия воқеъ аст, муштаракан бо ширкати “Сомон Эйр” дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои “L410 NG”-ро муаррифӣ карданд.

Мақомот дар ҳукумати ВМКБ ваъда доданд, ки ба саволҳои Радиои Озодӣ посух медиҳанд, аммо дар муддати ду рӯзе, ки ин гузориш таҳия мешуд, ҳеч ҷавобе нарасид.

Радиои Озодӣ инчунин ба ширкати “LET Aircraft Industries” дар мавриди тақдири ин масир суол фиристод, аммо то нашри ин матлаб ҷавоб нагирифт.

Манобеи наздик ба ширкати “Сомон Эйр” дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, парвози озмоишии Душанбе-Хоруғ камдаромад буд. “Ширкат дахлу харҷашро ҳисоб кард. Ҳазинаи билет дар он замон дар тавофуқ бо ҳукумат ҳудуди сад доллар эълом шуд, аммо эҳтимолан ин ба суди ширкат набуд ва онҳо аз шурӯи ҳамкорӣ даст кашиданд”, - гуфт манбаи Радиои Озодӣ.

Ин танҳо ширкате нест, ки аз анҷоми парвоз дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе худдорӣ мекунад.

Нигоҳе ба фурудгоҳи Хоруғ аз баландии ҳавопаймо. Акс аз корбари Радиои Озодӣ, соли 2017
Нигоҳе ба фурудгоҳи Хоруғ аз баландии ҳавопаймо. Акс аз корбари Радиои Озодӣ, соли 2017

Соли 2019 ширкати хусусии “Pactec International” аз шурӯи парвоз ба Хоруғ хабар дод. Аммо ба зудӣ бо мушкиле дастрасӣ ба ҳазинаи сӯхт ва масрафҳои дигар дучор шуд. Роҳбари ширкат Дейв Чапин он замон дар мусоҳиба бо “Азия-плюс” гуфта буд, ки дар сурати ҳалли мушкил онҳо ният доранд ба навоҳии Панҷакент, Ванҷ, Ишкошим, Мурғоб, Шаҳритус и Ҷиргатол низ парвозҳо анҷом диҳанд. Аммо агар натавонанд мушкилоти худро ҳал кунанд бояд ширкатро дар Тоҷикистон таътил карда барои кор ба кишвари дигар бираванд.

Қаблан ҳавопаймои “Ан-28” муттаалиқ ба ширкати “Тоҷик Эйр” ба Хоруғ парвоз мекард. Аммо аз соли 2017 ба ин сӯ, пас аз он, ки ширкати ҳавоипаймоии миллӣ ин парвозро ба Хоруғ қатъ кард, рафтан ба ВМКБ танҳо аз роҳи заминӣ мумкин аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG