Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳқонони тоҷик мегӯянд, агар наборад, "месӯзем". ВИДЕО


Зимистони гарму хушк кишоварзонро нигарон кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Зимистони гарму хушк кишоварзонро нигарон кардааст

Мутахассисони соҳа бар инанд, ки бо назардошти тағйирёбии иқлим, бояд чораҳои пешгирикунанда андешида шавад. Дар Вазорати кишоварзӣ иддао доранд, ки дар ин самт аллакай даст ба кор шудаанд.

Сайидалӣ Сафаров, боғпарвари тоҷик, аз зумраи онҳоест, ки нарму камбориш омадани зимистон ӯро бештар нигарон кардааст. Ӯ рӯзи 22-юми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз муғчабандии дарахтони мевагии боғаш дар ҳарос аст. “Ҳамин хел давом ёфтан гирад, агар, дарахтони зуд гул мекардагӣ, яъне, масалан бодом, шафтолу зардолу, олу бедор мешаванд. Дар натиҷаи ғунчакунӣ, гул, ки карданд, баъд ягон барф меборад ё сардӣ кунад, чунин дарахтони меваро хунук мезанад, боз як сол, ду соли дигар бемева мемонем. Ҳамин гуна ҳодиса солҳои гузашта шуда буд, ду сол мева нашуд, дар масъалаи мева танқисӣ кашидем,”—афзуд ӯ.

Ин боғпарвар мегӯяд, дарахти мевадиҳандаро як бор сармо занад, то ду се соли дигар аз он ҳосили мева гирифтан душвор ё ғариимкон мешавад: "Яъне аз миёни навдаҳои бузурги сармозада шояд байнашон ягон навдаи хурд солим монад, барои мевадиҳанда шудани ин навдаи хурд камаш ду се сол лозим,"—мегӯяд боғдор Сайидалӣ Сафаров.

Боғи Сайидалӣ Сафаров дар шаҳри Ҳисор як гектарро ташкил медиҳад. Он манбаи даромади хонадони ӯ буда, солона даҳҳо ҳазор сомонӣ фоида меорад. Ин боғдор аз чунин боду ҳаво ба ин натиҷа расидааст, ки шояд ҳосили дилхоҳ нагирад. Ба ғайр аз хатари сармо, бо таъсири нармии зимистон ҳашароти зараррасон зиёда шуда, ба ҳосил зарба хоҳанд зад.

Баъзе мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки деҳқонон ҷойи ноумед шудан, аз чораҳои пешгирикунанда кор гиранд.

Ҳикматулло Назиров, доктори илмҳои кишоварзӣ, рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, барои пешгирӣ аз таъсири камборишӣ ба дарахтон обёрӣ кардан лозим, то решаи дарахтон намнок шаванд.

“Инҷо акнун сухан дар бораи яхобмонӣ намеравад, зеро барф нест, ях нест. Ягона роҳе, ки мо пешгирӣ карда метавонем, ин обёрӣ аст. Бо ин роҳ, ба мӯҳлати 10-15 рӯз мо метавонем муҳлати гул кардани дарахтонро каме ба ақиб гузорем,»-, шарҳ дод, ӯ.

Вале на ҳама боғдорону деҳқонон барои пешгирии чунин вазъ дастрасӣ ба оби кофӣ доранд. Деҳқон Усмон Раҳмонов мехоҳад аз ин усул кор гирад, вале тавре худи вай зикр намуд, дар масъалаи обёрӣ дасткутоҳанд: «Об дорем, обро оварданаш вазнинтар аст. Дар болои деҳа “платина” дорем, аз онҷо обро бисёртар маҳкам мекунанд, об гирифта наметавонем. Кам аст об, захираи об низ кам. Ҳаракат кардан даркор, ки обро таъмин кунанд. Ақлан ҳоло об бештар диҳем, ки дарахтон ҳушёр нашаванд, мева нағз шавад. Зиндагии мардуми деҳқон аз руи ҳамин мева аст.”

Дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтанд, аз мушкили деҳқонон огоҳанд ва барои расидагӣ ба он олимону коршиносони соҳа ба минтақаҳо сафарбар шудаанд. Дар ин ниҳод таъкид карданд, ки сари таҳияи барномае даст ба кор шудаанд, ки масъалаи дастрасӣ ба обу фароҳам овардани дигар шароитро барои рушди кори деҳқонон фаро мегирад.

Феълан дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво 15 дараҷа гарм аст, вале дар минтақаҳои дигар метавонад фарқ кунад.

Ташвиши деҳқонон аз нарму камбориш омадани зимистон дар ҳолест, ки дар Маркази бодуҳавошиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз 25-уми январ дар минтақаҳои кӯҳӣ нахуст борон, баъдан барф хоҳад борид. Маълум нест ин пешгӯӣ асосан ба кадом минтақа рост меояд ва ба кори боғдорон чӣ таъсир мегузорад.

Ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои Тоҷикистон вобаста ба ҷойгиршавӣ гуногун аст. Дар як гӯшаи доманакӯҳи кишвар барф биборад, дар гӯшаи дигар имкони ҳавои нисбатан гарм вуҷуд дорад.

Тағйири иқлим дар солҳои гузашта низ сабаби камҳосилӣ ва афзоиши нархи баъзе меваҳо гардидааст. Аз он ҷо ки аксари аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад ва машғули кишоварзист, ин ҳолат ба вазъи молии миллионҳо нафар метавонад таъсир гузорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG