Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуриддин Саид гуфт, журналистон набояд аз танқид кардан тарсанд. ВИДЕО


Маросими ифтитоҳи кори шабакаҳои телевизиони давлатии "Варзиш" ва "Синамо" бо иштироки президенти Тоҷикистон. Марти соли 2016
Маросими ифтитоҳи кори шабакаҳои телевизиони давлатии "Варзиш" ва "Синамо" бо иштироки президенти Тоҷикистон. Марти соли 2016

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, хостори нашри бештари барномаҳои танқидӣ дар телевизионҳои давлатӣ мебошад. Нуриддин Саид рӯзи 29-уми январ, дар ҷараёни нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш ин нуктаро баён дошта, дар хитоб ба зердастонаш гуфт, аз танқид кардан натарсанд.

“Барномаҳои танқдиро бештар кардан даркор, аз танқид тарсидан даркор нест. Боз садҳо чизҳои дигар аст, ки оҳиста-оҳиста болои инҳо кор карданамон даркор, то система пурра ба ҳаракат дарояд”, - афзуд ӯ.

Нуриддин Саид дақиқан нагуфт, ки ҳоло шабакаҳои телевизионӣ кадом барномаҳои интиқодӣ доранд ва манзураш аз бештар кардани чунин барномаҳо чист.

Даъвати раиси кумита аз зердастшонаш барои зиёд кардани барномаҳои танқидӣ дар ҳолест, ки баъзе коршиносон мегӯянд, телевизионҳо бештар ба ташвиқу тарғиб машғуланд.

Шаҳло Акобирова, раиси созмони “Хома” ва коршиноси телевизион мегӯяд, талаби раиси Кумитаи телевизион ва радио барои бештар кардани барномаҳои танқидӣ хушоянд аст, зеро таҳлилу танқид ва масъалагузорӣ ин рисолати касбии журналист аст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Мутаассифона, солҳои зиёд шабакаҳои хеле зиёд аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва пайдо мешаванд ва дар аксари маврид дар бештар маводҳо таҳлилро аслан хеле кам мебинем ва бештар тарғиботиву ташвиқотӣ ҳастанд аз сохторҳои гуногун. Ин ба он мазмун аст, ки вақте тарғибу ташвиқ аст, ин аллакай журналистика нест», - шарҳ дод Шаҳло Акобирова.

Нуриддин Саид аз хабарнигорон хост, натарсанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Раҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио таъкид намуданд, ки тариқи барномаҳои телевизионӣ масъалаҳои мухталиферо дар бахшҳои иқтисоду саноат, меъморӣ ва сохтмону кишоварзӣ инъикос намудаанд. Дар нишасти ин ниҳод гуфта шуд, ки ҳоло дар кишвар телевизионҳои гуногуни хусусиву давлатӣ фаъоланд.

Коршиноси соҳа Шаҳло Акобирова мегӯяд, барномаҳои таҳлиливу танқидӣ дар чунин телевизионҳо замоне зиёд мешаванд, ки сабқати ҳақиқӣ миёни онҳо вуҷуд дошта бошад.

Муҳтавои барномаҳои телевизионҳои давлатии кишвар дар гузашта борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Раиси Кумитаи телевизион ва радио аз кори телевизионҳои давлатӣ бештар тавсиф кард.

Рӯзи 29-уми январ пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки сокинон дар ин бора назарҳои гуногун доранд.

Яке аз ҳамсуҳбатон гуфт, «ба назари ман барномаҳои ҷолибу шавқовар бештар дар телевизионҳои хориҷӣ аст. Баъдан, дар худамон реклама бисёртар аст, барои ҳамин бештар шабакаҳои хориҷӣ тамошо мекунам».

Ҳамсуҳбати дигарамон таъкид намуд, ки “ягон барномаи ҷолиб дар телевизионҳои Тоҷикистонро дар хотир надорад”.

“Ман ҳамин шабакаҳои Тоҷикистонро бештар тамошо мекунам, шабакаи якумро. Баъд “Шаҳновоз” ро тамошо мекунам, ки ҷолиб аст”, - гуфт яке аз роҳгузарон.

“Ба фикри ман, барномаҳои шавқовар, ба талаботи замони имрӯз мутобиқу рангоранг дар телевизионҳо намерасад”, гуфт мусоҳиби дигари мо.


Дар Тоҷикикистон 15 шабакаи телевизионии давлатӣ ва 18 телевизиони хусусӣ амал мекунад. Шабакаҳои давлатӣ аз имкониятҳои калон бархӯрдоранд ва дар аксар минтақаҳо дастрасанд.

Мунтақидон мегӯянд, телевизионҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби андози мардум кор мекунанд, танҳо ба таърифу тавсифи ҳукумат машғуланд ва аз инъикоси мавзуъҳои муҳим худдорӣ меварзанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG