Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ва кай аз зиндон хоҳад баромад?


Акси баъзе аз маҳбусоне, ки ба гуфтаи худашон ва наздикону созмонҳои байнулмилалӣ ноодилона ё бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд
Акси баъзе аз маҳбусоне, ки ба гуфтаи худашон ва наздикону созмонҳои байнулмилалӣ ноодилона ё бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд

Яке сиёсатмадор асту дигаре соҳибкор ва бархе хабарнигору чанде ҳам вакили мудофеъ, ҳомии ҳуқуқу фаъоли маданӣ ва мансабдору низомии пешин.

Ба солҳои дароз зиндонӣ шудаанд. Дар вақтҳои гуногун, аммо ба иттиҳомҳои тақрибан ҳамсон, ба мисли ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ, кӯшиши табаддулот, ташкили беназмӣ, ифротгароӣ, қаллобӣ ё ғасби ҳукумат.

Худашон, пайвандон ва созмонҳои байнулмилалӣ аксари ин ҳукмҳоро ноодилона, беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста, озодияшонро хостаанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милал низ дар бораи зиёда аз даҳ нафари онҳо хулоса додааст. Аз ҷумла, дар бораи Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев, Маҳмадалӣ Ҳайит ва аъзои дигари зиндонии Ҳизби наҳзати исломӣ.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар тобистони соли 2018 гуфт, мақомоти Тоҷикистон ҳангоми муҳокимаи вазири собиқи саноат ва соҳибкор Зайд Саидов бисёре аз меъёрҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Аҳдномаро дар бораи ҳуқуқи сиёсӣ ва маданӣ риоят накардаанд. Ӯ танҳо пас аз эълони тасмимаш дар бораи ташкили ҳизби “Тоҷикистони Нав” дастгиру зиндонӣ шуд.

Гурӯҳи кории Созмони Милал дар мавриди боздоштҳои худсарона дар соли 2019 бар асоси таҳқиқи парвандаи Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки ин ҳуқуқшиноси мустақил бояд аз зиндон озод карда шавад.

Айни ҳамин хулоса нисбат ба Маҳмадалӣ Ҳаит ва ҳамроҳони дигараш баён шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, онҳо барои ҷиноятҳои мушаххас зиндонӣ шудаанд, на ақидаҳои сиёсӣ ва мухолиф будан ва ҳамин тавр вуҷуди маҳбусони сиёсиро рад мекунанд.

Гурӯҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона дар Созмони Милал ба ин натиҷа расида, ки онҳо "барои истифода аз ҳаққи худ ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ" зиндонӣ шудаанд.

Радиои Озодӣ бо истифода аз маълумоти манобеи боз феҳристи хурдеро тартиб дод, ки баъзе аз маҳбусоне, ки ба гуфтаи худашон ва наздикону созмонҳои байнулмилалӣ ноодилона ва ё бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, дар ҳоли адои ҳукм кай озод хоҳанд гашт.

Document
Кӣ кай аз зиндон хоҳад баромад?
Созмонҳои байнулмилал аз ҳукмҳои дарозмуддати мухолифони ҳукумат, фаъолони маданӣ ва хабарнигорону ҳуқуқдонҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Чанде аз онҳо ҳукми умрбод гирифта, дигарон солҳои дароз аз озодӣ маҳрум хоҳанд буд. Радиои Озодӣ бо истифода аз маълумоти манобеи боз феҳристи хурдеро тартиб дод, ки зиндониёни саршинос дар ҳоли адои пурраи ҳукм кай озод хоҳанд гашт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG