Ҳадди ақал чор шаҳрванди Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мушкили даромадан ба Туркия аз 14-уми феврал сар шуд. Яке аз онҳо гуфт, рӯзи 18-уми феврал ба Истанбул рафт, аммо аз фурудгоҳ пас гардонданд.
“Ман ва чанд нафари дигар бори аввал ба Туркия мерафтем. Марзбонҳо дар Фурудгоҳи Истанбул аз миёни мо қариб 30 кас ва асосан ҷавононро ҷудо карда, ба як утоқ бурданд ва гуфтанд, ки Шуморо ихроҷ мекунем,” – нақл кард ӯ рӯзи 21-уми феврал.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ӯ ва ҳамроҳонашро се рӯз дар боздоштгоҳи муваққати пулис дар Фурудгоҳи Истанбул нигоҳ дошта, 20-уми феврал ба Душанбе бозпас фиристоданд. Ин шахс нахост, ки номаш фош шавад, вале санадеро ба мо пешниҳод кард, ки 18-уми феврал қарори ихроҷи ӯро содир кардаанд.
"Гуфтанд, 23 феврал ба Душанбе мефиристем"
Айни ҳамин шикоятро чанд мусофири дигар ҳам доранд, ки 20-уми феврал аз Душанбе ба Истанбул парвоз кардаанд. Дар наворе, ки муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, 27 нафар ва асосан мардон дида мешаванд, ки дар чанд утоқе дар фурудгоҳи Истанбул нишастаанд ё хобидаанд.
“Гушнаву ташна моро нигоҳ медоранд. Хоҳиш кардем, ки ақаллан сумкаҳои моро диҳед, кулчаҳоро гирифта хӯрем, не мегӯянд. Гуфтанд, ки 23-юми феврал шуморо ба Душанбе мефиристем,” – гуфтааст муаллифи навор.
Видео инҷост:
Радиои Озодӣ барои шарҳи масъала ба сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва консулгарии кишвар дар Истанбул, инчунин, сафорати Туркия дар Душанбе ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кард. Ҳеч кадоме аз онҳо то лаҳзаи нашри гузориш масъаларо шарҳ надоданд.
"Шахсони шубаҳовар"?
Баъзе аз тоҷикистониҳое, ки 18-уми феврал аз Туркия ихроҷ шуданд, ба сафорати ин кишвар дар Душанбе муроҷиат кардаанд. “Дар Сафорати Туркия ҳуҷҷатро дида, гуфтанд, ки гуё моро шахси шубҳаовар ҳисобида, ба Туркия роҳ надодаанд,” -- гуфт яке аз онҳо.
Дар ҳоле ки шарҳи мақомот дастрас нест, баъзе аз тоҷикистониҳои ихроҷшуда аз Туркия мегӯянд, кормандони пулиси турк ба онҳо гуфтаанд, сабаби пеш омадани ин ҳолат тирпарронии як шаҳрванди Тоҷикистон дар калисое дар Истанбул будааст. Ҳамла ба калисо 28-уми январи имсол сурат гирифт. Мақомоти Туркия гуфтанд, яке аз ду гумонбари ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли 2018 ҳақ доранд, ки бе раводид ё виза 90 рӯз дар Туркия истанд. Тоҷикистонҳо ба Туркия асосан барои кору тиҷорат мераванд. Мақомот пештар шумораи онҳоро тақрибан 7 ҳазор нафар шумурда буданд.
Гуфтугӯ