Юсуфзода ба рабудан ва қатли Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат айбдор мешавад. Вакили дифои ин афсар ба талаби додситон розӣ нест. Ахиран Додгоҳи олӣ ба ширкати хабарнигори Радиои Озодӣ дар мурофиаи Акмал Юсуфзода иҷозат дод ва ин имкон фароҳам овард, то аз ҷузъиёти бештари қазия огоҳ шавем.
Додситон рашкро ангеза номид
Додситон 23-юми феврал дар додгоҳ гуфт, сабаби сар задани ҳодиса, рашки Акмал Юсуфзода аз мукотибаҳои ҳамсараш бо омӯзгор Исмоил Раҳмонов аст. Ба гуфтаи додситон, афсар чанд бор навиштаҳои ҳамсарашро бо омӯзгор дар Фейсбук дида, ахириро огоҳ кардааст, ки дигар ба ҳамсари ӯ паёмҳои ошиқона нанависад. Ҳамсари ин афсар омӯзгори забони англисии Донишгоҳи тиҷорат аст ва ҳамкори Исмоил Раҳмонов буд. Аммо наздикони Раҳмонов ин даъворо рад мекунанд ва мегӯянд, хешованди онҳо бо ҳамсари Юсуфзода танҳо ҳамкор буд ва миёни онҳо ягон робитаи дигар ҷой надошт. Ҳамсари Юсуфзода ба навиштаҳои Радиои Озодӣ дар Фейсбук посух надод. Зоҳиран, хулосаи додситон аз посухҳои афсари собиқи пулис ба тафтишот аст ва маълум нест, ӯ то куҷо самимӣ будааст.
Дар парвандаи ҷиноӣ омадааст, ки Акмал Юсуфзода шаби 12-уми июни соли 2023, “бо нияти ҷазо додан”, Исмоил Раҳмоновро аз назди қурутобхонаи “Муслим”-и Душанбе рабуда, зӯран ба мошин савор кардааст. Баъди ин, ба гуфтаи додситон, афсар мошинро ба самти ноҳияи Айнӣ ронда, омӯзгорро бо дастони баста, дар яке аз ҷойҳои серталотуми дарёи Фон партофтааст. Додситон гуфт, Акмал Юсуфзода ҳамчун зодаи вилояти Суғд медонист, ки дар километри 118-и роҳи Душанбе-Чаноқ дарёи Фон пурталотум аст ва “одам наҷот намеёбад.” Ба таъкиди додситон, ӯ дастони омӯзгор Исмоил Раҳмоновро баста, дар нимашаб ӯро ба дарё партофтааст.
Ба ҷуз иттиҳоми одамрабоӣ, Акмал Юсуфзода ба куштор низ гунаҳкор мешавад.
Маъмулан, танҳо дар сурати пайдо шудани ҷасад мақомот ҳодисаро метавонанд куштор номанд. То ҳанӯз ҷасади омӯзгор пайдо нашудааст, вале маълум нест, бар асоси чӣ далел ҳодисаро куштор номидаанд.
Аз рӯи ду иттиҳом додситон барои ӯ ҷазои 20 соли зиндонро талаб кард. Акмал Юсуфзода то вақти боздошт, сардори Шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байнулмилалии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта буд.
Вакили дифои Акмал Юсуфзода дар додгоҳ гуфт, афсар нияти куштани омӯзгорро надошт ва танҳо мехост аниқ кунад, ки миёни ҳамсари ӯ ва Исмоил Раҳмонов чӣ робита аст. Аммо вакил барои исботи гуфтааш далели қавӣ пеш наовард. Вай аз додгоҳ танҳо хост, дар вақти таъини ҷазо, ду фарзанди ноболиғ доштан ва ҳамчунин хидматҳои Акмал Юсуфзодаро дар мақомоти корҳои дохилӣ ба назар гирад. Ин ҳафта худи Юсуфзода сухани охиринашро дар додгоҳ баён мекунад ва баъди он, ҳукм бароварда мешавад.
Вакилон: Шукуров шиканҷа шудааст
Ба ҷуз Акмал Юсуфзода, дар курсии айбдорӣ хешованди ӯ Исмоилҷон Шукуров низ нишааст. Додситон дар додгоҳ гуфт, Шукуров шаби ҳодиса бевосита дар рабудани омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат ширкат дошт. Ду вакили дифоъ аз ҳаққи Исмоилҷон Шукуров дар додгоҳ ҳимоят карданд. Онҳо гуфтанд, Шукуров аз нияти Акмал Юсуфзода қаблан огоҳӣ надошт ва фикр кардааст, ки дар рабудани кадом ҷинояткор ба афсар ёрӣ медиҳад. Вакилони дифоъ гуфтанд, мақомот Исмоилҷон Шукуровро дар аввали боздошт шиканҷа ва ғайриқонунӣ аз ӯ баёнот гирифтаанд. Додситон инро рад кард ва барои Исмоилҷон Шукуров аз додгоҳ 12 соли зиндон хост. Аз ҳарфҳои додситон ва вакилони дифоъ ҳамин чиз рӯшан шуд, ки Исмоилҷон Шукуров дар вақти рабудани омӯзгор, ҳамроҳи Акмал Юсуфзода буд ва дар мошини ӯ то нақби “Истиқлол” рафтааст. Вакилони дифоъ дар додгоҳ батакрор гуфтанд, ки Исмолиҷон Шукуров аз нияти афсар хабар надошт ва барои ҳамин гунаҳкор кардани ӯ ба одамрабоӣ нодуруст аст. Онҳо гуфтанд, ин нафар бояд танҳо барои хабар надодан дар бораи ҷиноят гунаҳкор дониста шавад.
Парвандаи рабудани омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат баъди шаш моҳи таҳқиқ, охири январ ба Додгоҳи олӣ расида буд. Ҳодисаи рабудани Исмоил Раҳмонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳоеро ба миён гузошта буд. Дар бораи қазияи рабудани ин омӯзгор нахуст Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ гузориш дода буд.
Исмоил Раҳмонов зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) буда, дар кафедраи менеҷменти Донишгоҳи тиҷорат кор мекард. 38-сола ва соҳиби чор фарзанд.
Гуфтугӯ