Рӯзе пештар аз ин дар як бархӯрд бо неруҳои Исроил бештар аз 100 фаластинӣ кушта шуданд. Ҷо Байден гуфт, партоби кумакҳои башарӣ ба зудӣ оғоз мешавад ва Иёлоти Муттаҳида дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигар расонидани ёриҳо ба Ғаззаи ҷангзада ва коҳиш додани ранҷи фаластиниён аст.
Вазорати тандурустии Ғазза рӯзи 1-уми март гуфт, дар натиҷаи бархӯрд бо нерӯҳои исроилӣ 115 нафар ҷон додаанд ва 750 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Шоҳидони айнӣ ба хабаргузориҳои байналмилалӣ гуфтаанд, субҳи панҷшанбе оташ кушодани нерӯҳои исроилӣ ба мардуме, ки барои ба даст маводи зарурӣ ба тарафи мошинҳои ҳомили кӯмакҳо рафта буданд, талафоти зиёде бар ҷой гузошт.
Исроил мегӯяд, яке аз мошинҳо беш аз ҳад ба тонкҳои исроилӣ наздик шуд ва сарбозон аз бими таҳдид тир андохтанд.