Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳри махфӣ". Аҳмади Иброҳим ба ифротгароӣ низ айбдор шудааст


Аҳмади Иброҳим дар моҳи август дастгир шуд
Аҳмади Иброҳим дар моҳи август дастгир шуд

Ба парвандаи Аҳмадӣ Иброҳим, сардабири нашрияи "Пайк" дар Хатлон, ки моҳи августи имсол бо иттиҳоми "додани пора ба корманди КДАМ" боздошт шуда буд, "муҳри махфӣ" задаанд.

Баррасии парвандаи ӯ аз ҷониби додгоҳи Кӯлоб дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар ин шаҳр оғоз шудааст.

Як манбаи огоҳ аз ҷараёни тафтишот рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар парвандаи Аҳмади Иброҳим ду иттиҳоми дигар илова шуд". Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, Додситонии Кӯлоб ӯро ба "ифротгароӣ" ва "тамаъҷӯӣ" низ айбдор кардааст.

"Гуё коршиносон хулоса додаанд, ки Аҳмади Иброҳим дар навиштаҳояш ба ифротгароӣ роҳ додааст ва аз чанд мансабдор пул талаб кардааст," -- гуфт манбаи Радиои Озодӣ.

Дӯстон ва ҳамкасбонаш иттиҳомро алайҳи Аҳмади Иброҳим қасос ё интиқомгирии мақомот барои матлабҳои танқидиаш медонанд.

"Яке аз мансабдороне, ки алайҳи Аҳмади Иброҳим ба додситонӣ шикоят кардааст, Бобохон Абдураҳмонов, мудири пешини Шӯъбаи тандурустии ҳукумати Кӯлоб аст. Худаш барои тир парондан ба сӯи кӯдакон моҳи июли имсол боздошт шуда буд. Маълум нест, ки ӯ кай ва чӣ гуна аз боздошт раҳо шудааст, вале ҳоло ба мақомот гуфтааст, ки Аҳмади Иброҳим аз ман пул пурсида буд. Ӯро Аҳмади Иброҳим дар ҳафтаномааш борҳо таниқд карда буд," -- гуфт яке аз дӯстони Аҳмади Иброҳим.

Наздикони Аҳмади Иброҳим бо расонаҳо суҳбат намекунанд. Яке аз пайвандонаш танҳо ҳаминро гуфт, ки мақомот барои дидани ӯ ба касе иҷозаи ворид шудан ба боздоштгоҳ намедиҳанд.

Нашрияи "Пайк"
Нашрияи "Пайк"

Аҳмади Иброҳим 62-сола аст. “Рӯди пурхун”, “Ҷаҳиши охирини бабр”, "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои нашркарди ӯст.

Вай нашрияи “Пайк”, ягона ҳафтаномаи мустақилро дар вилояти Хатлон дар соли 2012 номнавис кард, аммо дар бештар аз даҳ соли охир кори ин расона ҳамвор набуд. Гоҳе барои танқиду тундгӯӣ ба баҳс кашида шуда, гоҳе ба сабаби душвории молӣ аз чоп мондааст.

Дар ҳоле ки созмонҳои байнулмилалӣ аз сарнавишти Аҳмади Иброҳим изҳори нигаронӣ кардаанд, ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон дар ин маврид сокит аст.

XS
SM
MD
LG