Ӯ муассиси “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон аст ва ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ аз 12-уми август дар боздошт қарор дорад.
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ дар мавриди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, рӯзи 19-уми август дар изҳороте гуфт: “Боздошти Аҳмади Иброҳим ёдовари он аст, ки ҳар шакли рӯзноманигории танқидӣ дар фазои амиқан саркӯбкунандаи расонаӣ дар Тоҷикистон хатарнок аст.”
“Мақомоти Тоҷикистон бояд Аҳмади Иброҳимро ҳамроҳи ҳафт рӯзноманигори дигар, ки дар ҳоли ҳозир барои фаъолиятҳояшон зиндонӣ ҳастанд, озод кунад. Ҳамчунин, иҷоза бидиҳад, ки расонаҳо озодона кор кунанд”, -- афзуд ӯ.
Аз ин пеш ду созмони тоҷикон дар хориҷа низ раҳоии рӯзноманигор Аҳмади Иброҳимро талаб карданд. Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар Амстердам боздошти Аҳмади Иброҳимро маҳкум кард ва онро “ғайриқонунӣ” ва “поймоли ошкорои ҳуқуқи шаҳрванд” донист.
“Ҳар гуна фишор ба рӯзноманигорон барои фаъолияти касбии онҳо на танҳо ғайриқобили қабул аст, балки ҳамлаи ошкоро ба демократия ва арзишҳои асосии ҳуқуқи инсон маҳсуб мешавад. Мо талаб мекунем, ки Аҳмади Иброхим фавран ва бидуни ҳеч шарт озод карда шавад ва ба таъқиби рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ҳарчи зудтар хотима дода шавад,” – гуфт раҳбари ҷунбиш Шарофиддин Гадоев дар баёнияе рӯзи 16-уми август.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар Варшава низ дар изҳороте рӯзи 16-уми август аз мақомоти тоҷик хост, ки Аҳмади Иброҳимро фавран озод карда, “ҳар гуна иттиҳоми сохтаву бофта нисбат ба ягона нашрияи мустақилро дар минтақа қатъан хотима диҳанд.”
“Мақсади воқеии мақомоти тоҷик танҳо манъи озодии сухан ва ҳақиқатгӯӣ мебошад, дигар ангезае вуҷуд надорад,” – гуфта шудааст дар изҳорот.
Мақомоти расмӣ дар бораи боздошти Аҳмади Иброҳим хабар надодаанд. Наздиконаш низ дар ин бора суҳбат намекунанд.
Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ ба қасди ҷиноят ва додани пора гумонбар шудааст.” Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки нахост номаш бурда шавад, Аҳмади Иброҳим барои тамдиди парвона ё иҷозатномаи кори “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон, гуё ба як мақоми расмӣ пул пешниҳод кардааст.
Яке аз дӯстони Аҳмади Иброҳим рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли зиёд сардабири “Пайк” қурбонии нақшае шуд, ки ҳадафаш боздошти ӯ буд. Дӯсти дигараш, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, зоҳиран ин тавтеаи мақомдорони маҳаллӣ алайҳи журналист аст, ки онҳоро танқид мекард.
Аҳмади Иброҳим агарчӣ дар баҳси мухолифон ва ҳукумат бештар тарафи дувумиро мегирифт, дар мавридҳои алоҳида кори баъзе аз вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллиро дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб танқид мекард.
Аҳмади Иброҳим 62-сола аст. “Рӯди пурхун”, “Ҷаҳиши охирини бабр”, "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои нашркарди ӯст.
Вай нашрияи “Пайк”, ягона ҳафтаномаи мустақилро дар вилояти Хатлон дар соли 2012 сабти ном кард, аммо дар бештар аз даҳ соли охир кораш ҳамвор набуд. Гоҳе барои танқиду тундгӯӣ ба баҳс кашида шуда, гоҳе ба сабаби душвории молӣ аз чоп мондааст.
Дар Тоҷикистон, ки онро созмонҳои хориҷии ҳомии ҳуқуқ “зиндони хабарнигорон” номидаанд, дар ду соли охир ҳашт рӯзноманигору блогер зиндонӣ карда шудаанд. Мақомот мегӯянд, онҳоро барои ҷиноятҳояшон, аз ҷумла ифротгароӣ аз озодӣ маҳрум карданд, аммо ба гуфтаи худи хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, “гуноҳи” онҳо гуфтани воқеияту ҳақиқат дар Тоҷикистон ва танқиди мақомоту ҳукумат буд.