Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айнии мусиқии тоҷик. Ёдворае аз Акашариф Ҷӯраев


Тасвири Акашариф Ҷӯраев
Тасвири Акашариф Ҷӯраев

Аз таваллуди ҳунарманду овозхони шаҳир ва хунёгари маъруф Акашариф Ҷӯраев 128 сол мегузарад. Муҳаққиқони осораш ӯро аз эҳёгарони мусиқии миллӣ медонанд. Радиои Озодӣ талош кард, дар достони видеоӣ кори ӯ, зиндагӣ ва осорашро ба баррасӣ бигирад.

Дафтари хотираи фарзанд

Шаҳри Душанбе. Хонае дар хиёбони Лоиқ Шералӣ, 5. Онро 77 сол пеш ҳунарманди зиндаёд Акашариф Ҷӯраев бо дастони худ сохтааст. Манзили таърихӣ ва макони гирд овардани намунаҳое аз мусиқии парокандаи тоҷик ва сохтани мусиқии миллӣ. Ӯ дар ин ҷо зист, эҷод кард, ҳунарро ба саҳнаҳои бузурги Шӯравӣ ва Шарқ кашид ва аз дунё даргузашт.

Диловаршо Ҷӯраев, фарзанди Акашариф Ҷӯраев, мегӯяд, падараш деворгари нағз буд ва ин хонаро худаш сохт ва панҷ писарро дар ҳамин ҷо оиладор кард. "Чанд бор хостанд, ки хонаро бикӯчонанд, аммо накӯчонданд. Ҳавлӣ калон буд,” – мегӯяд Диловаршо Ҷӯраев, писари охирини овозхон. Ҳоло ӯ 77 сол дорад.

Акашариф Ҷӯраев. Акс аз бойгонии хонаводагӣ
Акашариф Ҷӯраев. Акс аз бойгонии хонаводагӣ

Акашариф Ҷӯраев дар ҷавонӣ паҳлавон буд. Дар наврӯзие ба ифтихори таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар Ғарм майдондорӣ кард ва мавриди таваҷҷуҳи Нусратулло Махсум, аз раҳбарони вақти ҷумҳурӣ, қарор гирифт.

“Сипас Нусратулло Махсум гуфтааст, ту дигар ба Дарвоз намеравӣ. Он вақт Дарвоз дар ҳайати Ғарм буд. Духтари хушрӯи диёр Гулноро, хоҳари Муҳаббатшо, аз ашрофзодаҳои деҳаи Шули Ғармро бо хостгории Нусратулло Махсум ба занӣ мегирад. Ду бародарам Қандилу Муқим дар Ғарм таваллуд шудаанд,” – дафтари хотираро варақ мезанад Диловаршо Ҷӯраев.

Аз сабки хумбӣ то мусиқии миллӣ

Акашариф Ҷӯраев то замоне ки ба Ғарм рафт, дар сатҳи минтақа овозхон ва хунёгари номдор будааст. Ӯро намояндаи сабки овозхонии суннатии Дарвоз – “Сабки хумбӣ” – медонанд. Зодгоҳаш деҳаи Личак аст, ки дар чанд қадамии маркази мирҳои Дарвоз-Қалъаи Хумб қарор дорад.

Падараш овозхон будааст. Он замон пораҳои Дувоздаҳмақомро иҷро мекарда, ки ин мусиқии классикӣ дар ғарби Бухоро аз миён рафта буд. Пас аз марги падар дастёри Иззатшоҳ тухсабо, аз амалдорони баландпояи Дарвоз шуд. Ин мансабдор ҳангоми таҳсил дар Самарқанду Бухоро назокатҳои шашмақому мавригиро омӯхта буд ва ба Акашриф низ ёд медод.

Ҳамчунин он вақт Мирзо Ғуломи Чангӣ, аз дӯстони ҳунарманди Иззатшоҳ, ба тарбияи ҳунарии Акашариф пардохтааст. Ба ҷуз ин, Акашариф назокатҳои ин мусиқии суннатиро аз чеҳраҳои барҷастаи сабки хумбӣ Эшони Хотихушбош, Ҷӯрабеки Танбурӣ ва Ота Мирмуҳаммади Мадрасачӣ омӯхтааст.

Исмоил Назрӣ
Исмоил Назрӣ

Исмоил Назрӣ, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, мегӯяд, "услуби хондани Акашариф Ҷӯраев ба сабки Дарвозу Қаротегин аст. Дар китобҳои илмие, ки дар бораи устод ва сарояндагони дигари минтақа навиштаанд, чунин омадааст."

Номи ин сабк аз мавзеъҳои ҳамноми Хумби Варӣ, Қалъаи Хумб ва дарёи нилии Хумбови маркази Дарвоз меояд. Ба таъкиди шоири зиндаёд Муъмин Қаноат, дар бахшҳое аз Дарвоз сабкҳои хоси мусиқӣ ва равияҳои махсуси овозхонӣ ба мисли сабки мавригӣ, маддоҳӣ, доирабазм, қабогӯйӣ, сабки хиргоҳӣ, сабки шикоӣ рушд карда буданд.

“Дар Дарвоз мусиқӣ дар зиндагии мардум то ҷойе нақш дошт, ки дар маросими гӯштигирӣ, бо зарбу савти Найрез, паҳлавонон дар майдон давр мезаданд ва талош мекарданд,” – навиштааст Муъмин Қаноат дар як мақолааш.

Акашариф Ҷӯраев парвардаи чунин муҳит буд ва ҳамроҳи Искандарбеку Сайидамир Бобии дуторӣ, Чоли Сӯлама, Тӯфони сеторӣ, Суннати Танбӯрӣ ва Мирзо Ғуломи Чангӣ дар сатҳи минтақа ба як ҳунарманди баландовозае расидааст.

Чойхоначӣ-и сурх ва соли 1937

Баъд аз ғасби Аморати Бухоро ва тағйири низом Акашариф Ҷӯраеви ҷавон ҳамроҳи устодаш Мирзо Ғуломи Чангӣ ба Ғарм рафтаанд. Муддате дар Ғарм мудири Чойхонаи Сурх буд, ки ниҳоди давлатии фарҳангу маориф ба шумор мерафт. Ҳамзамон дар тӯю маъракаҳои мардум аз Дарвоз то тамоми водии Рашт овозхонӣ мекард. Ин кор ӯро ба як ҳунарманди пуровоза табдил дод.

Дар ин даврон фарҳангшиносон аз Маскаву Ленинград барои ба адвор (нота) даровардани мусиқии тоҷикӣ омадаанд. Акашариф Ҷӯраев ба унвони ҳунарманди машҳур онҳоро раҳнамоиву мушовирӣ карда, намунаҳое аз корҳои ҳунарии ӯ низ вориди китобҳо шудаанд.

Урун Кӯҳзод
Урун Кӯҳзод

Ин ҳамкорӣ боис ба раҳ ёфтани Акашариф Ҷӯраев ба саҳнаҳои бузургтари Душанбе ва сипас Маскав гардид. Урун Кӯҳзод, нависандаи маъруфи тоҷик, дар китоби “Борбади асри XX”, навиштааст, “ӯ солҳои 1931-1932 дар Олимпиадаҳои ҳофизон, мутрибон ва раққосони тоҷики Осиёи Миёна дар Сталинобод (Душанбе) ду бор пирӯзи мутлақ дониста мешавад... Аз як тараф ҷуғрофияи шӯҳраташ васеъ шуда то Шаҳрисабзу Фарғона расид ва аз тарафи дигар, раҳбарони давлату ҳукумат, ба шахси ӯ ва санъати ӯ, бештар таваҷҷуҳ карданд – аввал ӯро роҳбари гурӯҳҳои ҳунарии Радио таъин намуда, таклиф пеш оварданд, ки боз дар театри давлатии драмавии ба номи Лоҳутӣ аз мусиқӣ ва суруд дарс бидиҳад.”

Ҳоло нависанда ангезаи навиштани ин китобро ба хидматҳои Акашариф Ҷӯраев вобаста медонад: “Мо он давра дар парешонӣ қарор доштем. Ҳар дара ба шеваи худаш мехонд. Ҳатто ду деҳаи паҳлӯ ба паҳлӯ бо тарзи худашон гап мезаданд. Хидмати бузурги Акашариф дар ҳамин аст, ки мавригиву шашмақому ҳамин решаҳоро кофта бароварда, ҳамаи онҳоро чизи яклухт кард.”

Акашариф Ҷӯраев, ки дар баробари хондани ғазалҳои классикӣ, аз Ғарм то Сталинобод васфи ҳукумати навро месуруд, ба гирдоби балои соли 1937 уфтод. Ӯро барои хондани ғазалҳои классикӣ ва шоирони замони амирӣ “сиёҳ” карданд. Барои наҷоти ҷони худ ба Самарқанду Бухоро фирор кард ва чанд сол пинҳонӣ зист.

Соли 1939 Филармонияи давлатӣ ташкил шуд ва раҳбарии дастаи ҳунарии онро Акашариф Ҷӯраев ба дӯш гирифт.

Видеоро дар инҷо бинед:

Муруре ба кор, зиндагӣ ва осори Акашариф Ҷӯраев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:49 0:00

Намояндаи мусиқии миллӣ дар Маскав

Соли 1941 мавзӯи баргузории даҳаи адабиёту ҳунари тоҷик дар Маскав пеш меояд. Чун соле пеш чунин даҳаи ҳамсонро Узбекистон баргузор ва шашмақому мусиқии ҳавзаҳои Самарқанду Бухоро чун моли ин кишвар муаррифӣ шуда буд, овозхоне зарур буд, то намояндаи хоси мусиқии тоҷикӣ бошад. Ин овозхон касе ҷуз Акашариф Ҷӯраев набуд.

Диловаршо Ҷӯраев
Диловаршо Ҷӯраев

“Дар Маскав шеъри “Булбулон”-и Абулқосим Лоҳутиро суруд. Ҳамроҳи се бародарам, Муқим, Қандил ва Дарвозӣ. Даврозӣ 9-сола буд. Бародарам Қандил нақл карда буд, ки вақте Сталин аз ҷояш мехезад, Дарвозӣ аз тарс аз саҳна мегурезад. Баъди Сталин аҳли толор аз ҷо мехезанд, Дарвозӣ метарсад,” -- нақл мекунад Диловаршо Ҷӯраев.

Пас аз ҳунарнамоӣ дар Маскав овозхон корро дар Филармония то охири умр идома дод ва ин боргоҳ имрӯз номи ӯро дорад.

Амирбек Мӯсоев, раиси Иттиҳодияи оҳангсозони Тоҷикистон, мегӯяд, сурудҳои машҳури “Камаров”, “Алла”, “Қалъабандӣ” ва яке аз намунаҳои бузург дар жанри сюита “Чорзарб” аз эҷодиёти Акашариф Ҷӯраев мебошад.

Амирбеки Мӯсо
Амирбеки Мӯсо

“На танҳо мактаби эҷодии овозхонии устод Акашариф Ҷӯраев ба сарояндагон таъсири бузург бахшидааст, балки ба оҳангсозони давраи худ ва то имрӯз низ асаргузор аст. Устод Зиёдулло Шаҳидӣ наздик ба “Қалъабандӣ” оҳангҳои дигар бастаанд. Устод Фаттоҳ Одина дар баъзе оҳангҳояшон ин мактабро ворид намудаанд. Дар кори оҳангсозони зиёд то имрӯз нақш ва унсурҳои кори устод Акашариф барҷаста дида мешавад,” -- мегӯяд раиси оҳангсозони Тоҷикистон.

Наҷот ва ваҳдати мусиқии миллӣ

Акашариф Ҷӯраев мактаби хоси ҳунарии худро бар пояи истеъдоди фитрӣ ва талошҳои пайгирона ба вуҷуд овард. Ин мактабро донишмандон “мактаби мусиқии миллии тоҷикӣ” номидаанд, ки омезае аз оҳанг ва шеваҳои овозхонии тоҷикии тамоми манотиқи Осиёи Миёна ва Ҷануби Осиё аст.

Аз ҷумла, профессори фарҳангшинос Аслиддин Низомов ин ҳунарро дар пешгуфтори китоби “Борбади асри ХХ” чунин баҳогузорӣ мекунад: “Ҳамин буд, ки ӯ баъдан мақомҳои “Ироқи Дарвоз”, “Ушшоқи Дарвоз”, “Талқини Дарвоз” ва монанди онҳоро офарид. Эҳёи Шашмақом дар кӯҳистон (таъкид мекунем: маҳз эҳё, на интиқоли он!) – иқдоми бузурги таърихии Акашариф мебошад, зеро вақте ки Бухорову Самарқанд вориди давлати дигар шуданд, гуё худи таърих амр намуда буд, ки дар сарзамини Тоҷикистони навин садои мақомҳо баланд гардад”.

Ҳунармандони зиёде дар сабки худи Акашариф Ҷӯраев таронаҳои ӯро бозхонӣ кардаанд ва ҳамчунин бо каме тағйиру навоварӣ хондаанд.

Ҷӯрабек Муродов
Ҷӯрабек Муродов

“Баъзе ҷойи “Қалъабандӣ”-и Акашариф Ҷӯраевро бо Лоиқ дигар кардем. Дар “Қалъабандӣ” бештар шеъри Бедилро мехонам. “Ҷон додаракам”-ро хондам, бисёр шеърҳояшонро хондам. Сюитаро хондам, барои он ки мондагор аст. Афсӯс, он вақтҳо техникаи сабт кам буд, сурудҳои зиёдашро бо худашон бурданд. Он сурудҳои мондагораш дар дили халқ монд. Масалан, ҳамон “Ҷон додаракам”-ро дар давраи нав Насиба Абдуллоева аз Узбекистон хонд. Дар Тоҷикистону Узбекистон “хит” шуд,” – мегӯяд Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ.

Агар Мирзо Ғуломи Чангӣ, Чоли Сӯлама, Пири Садир, Шумқор Одинабеков дар канори Акашариф Ҷӯраев дар рушди мактаби ҳунарии ӯ саҳм гирифта бошанд, Барот Яхшӣ, Иброҳим Кобулӣ, Абдуллоҳ Назрӣ, Ҷӯрабек Назрӣ, Дӯстмурод Алиев, Зафар Нозим, Тағоймурод Хушвахтов, Исмоил Назрӣ парвардагон ва пайравони ин мактабаи мусиқии миллиянд. Ин мактаб дар мисоли оҳанги ҷаҳонишудаи қалъабандӣ аз насл ба насли овозхонҳои тоҷик мегузарад.

Шодравон Абдулло Назрӣ бо фарзандону наберагонаш Исмоил, Давлат, Зариф ва Соҳиб Назрӣ аз ҳунармандоне дониста мешаванд, ки ин мактабро собит нигаҳ медоранд ва рушд медиҳанд.

Ба назари аҳли таҳқиқ, Акашариф Ҷӯраев бо омезиш додани мусиқиҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ваҳдати фарҳангиро дар мусиқии миллӣ эҷод кард. Ӯ ин ваҳдатро дар номгузории фарзандонаш низ таъмин кард.

Акашариф Ҷӯраев. Акс аз бойгонии хонаводагӣ
Акашариф Ҷӯраев. Акс аз бойгонии хонаводагӣ

“Раҳматӣ зиёд ба сафарҳои ҳунарӣ мерафт. Вақте хабараш медоданд, ки ҳамсарат таваллуд кард, агар дар Дарвоз мешуд, мегуфт Дарвозӣ монед номашро. Як бародарам Дарвозӣ ном дошт, маро дар аввал Кӯлобӣ ном гузоштанд. Баъдан як дӯсташ, ки Диловар ном дошт, мефавтад ва ба номи ӯ мемонанд. Як бародари дигарам Ҳисорӣ ном дошт. Яъне, Даврозӣ, Ҳисорӣ, Кӯлобӣ,” -- қисса мекунад Диловаршо Ҷӯраев.

Акашариф Ҷӯраев тақрибан ҳамаи унвонҳои замони худро соҳиб шуда буд. Аммо ба гуфти Ҷӯрабек Муродов унвони баландтарин эътирофи мардум буд: “Акашариф худаш унвон аст. Халқ дӯст дошта, Акаро ҳамроҳ кард, вагарна Шариф Ҷӯраев аст. Масалан, дар Самарқанд, Муллоака мегӯянд, дар Бухоро Акамулло, дар Хуҷанд Акаҷон.”

Ҳарчанд наздик ба 40 оҳангу суруди ин хунёгари мумтоз ва эҳёгари мусиқии миллӣ забт шудааст, дурдонаҳои зиёди осори ҳунарияш сабту маҳфуз намондааст. Аз ҷумла, сабти “Қалъабандӣ” бар ғазали Бедил, ки фароминтақаӣ шуд, имрӯз вуҷуд надорад.

“Ин як сабки махсус аст, ки ҳеч вақт гум нашудааст. Бо як зарб ҳамин суруди “Қалъабандӣ” чунон машҳур шудаст, ҳарчанд бо овози худи устод сабт надорад. Бо ғазали Ҳофиз хондааст инро устод. Бо ғазали Бедил хондааст, аммо мутаассифона дар радио сабти он нест. Аммо чунон машҳур шуду классикӣ шуд, ки бе ин суруд ҳеч тӯйу суру тамошоҳо оғоз намешавад”.

Ба Узбекистон нарафт

Ба навиштаи Урун Кӯҳзод, Усмон Юсуфов, котиби якуми ҳизби коммунистии Узбекистон аз Акашариф Ҷӯраев хостааст, ки ба Узбекистон равад, ӯро “Артисти Халқии СССР” мекунанд, аммо Акашариф бо табассум рад кардааст.

Посухи Акашариф Ҷӯраев дар китоби Урун Кӯҳзод чунин омадааст: “Шумо меҳрубонед. Агар як бор оби ширини Камаровро мехӯрдед, лаззаташ дар ду дунё аз даҳонатон намерафт.”

Ҷойи дафни Акашариф Ҷӯраев
Ҷойи дафни Акашариф Ҷӯраев

Баъдҳо, ба навиштаи Урун Кӯҳзод, “Бобоҷон Ғафуров як рӯз овозхонро ба мошинаш то хонаи Радио бурда, дасташро сахт фушурдаву мегӯяд: Ташаккур барои ҳамон ҷавоб.”

Манзили хоксоронаи охираташ дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе баёнгари шаҳомати ҳунарии ӯ нест. Аммо, ба қавли шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ,

“Туро имрӯз ҳам хоҳанд дар ҳар манзили тоҷик,

Чу дорӣ хонаи ҷовид андар ҳар дили тоҷик.

Ту хомӯшӣ, намехонӣ, вале танбӯри ту гӯёст,

Агарчи ҷои ту холист дар ҳар маҳфили тоҷик...”

XS
SM
MD
LG