Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути Ленин дар Тоҷикистон: на ном монд, на муҷассама


Муҷассамаи сарнагуншудаи Ленин дар Душанбе
Муҷассамаи сарнагуншудаи Ленин дар Душанбе

Рӯзи 21-уми январ аз даргузашти Владимир Илйич Ленин, инқилобгари рус, бунёдгузори ҳизби болшевикон, назарияпардози сиёсии ҷаҳонӣ, сармеъмори сиёсати миллии шӯравӣ ва бунёдгузори Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) 100 сол сипарӣ шуд.

Оё ин санаро бояд имрӯз ёд кунем? Ленин ва Тоҷикистонро бо ҳам чӣ мепайвандад? Оё имрӯз ниёзе ба ленингароӣ ҳаст?

Қисми аввал дар инҷост

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Қисми дувум

Ленин ва хонандаи тоҷик

Ленин дар Тоҷикистони Шӯравӣ ба монанди ҷумҳуриҳои дигари "бародар" муаллифи сермаҳсултарин буд. Соли 1928 дар Тоҷикистон нашри асарҳои Ленин бо забони тоҷикӣ оғоз ёфт. Институти омӯзиши таърихи ҳизби назди КМ ҲК Тоҷикистон (бахши тоҷикии Институти марксизм-ленинизми назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ) моҳи августи соли 1950 таъсис дода шуд. Ин марказ, аз ҷумла масъули тарҷумаи дуруст ва нашри асарҳои Ленин буд.

Забони тоҷикии Ленин бештар ба забони русӣ наздик буд. Тарҷумаи тоҷикии нашри чоруми Маҷмӯаи асарҳои В.И. Ленин дар 54 ҷилд аз соли 1954 то соли 1965 аз чоп баромад. Даҳ ҷилди дигар дар солҳои 1961-1972 нашр шуд. Теъдоди умумии нашри чоруми Маҷмӯаи асарҳои В.И. Ленин ба забони тоҷикӣ 10 ҳазор нусхаро ташкил додааст. Тарҷумаи Маҷмӯаи панҷуми асарҳои В.И. Ленин, ки иборат аз 55 ҷилд ва мукаммалтарин ва навтарин мебошад (солҳои 1967-1981 ба забони русӣ нашр шуд), дар миёнаҳои солҳои 1980 оғоз шуда буд, вале бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва баста шудани Институти таърихи ҳизб дар Душанбе дар соли 1991 қатъ гашт.

Асарҳои Ленин аз соли 1928 то соли 1988 ба забони тоҷикӣ дар маҷмуъ 244 маротиба бо теъдоди умумии 1 миллиону 800 ҳазор нусха нашр шудаанд. Олимони тоҷик, аз қабили Бобоҷон Ғафуров, Аббос Алиев, Муҳаммад Осимов (Осимӣ) ва Ҳабиб Аҳрорӣ тарҷумон ва муҳаррирони асарҳои Ленин ба забони тоҷикӣ буданд.

Ленин дар фарҳанги тоҷикӣ

Ленин дар фарҳанг, ҳунар, рамзҳо ва номҷойҳои Тоҷикистони Шӯравӣ мақоми марказиро ишғол карда буд. Баъд аз вафоти Ленин дар ҳол дар моҳи январи соли 1924 абадигардонии ёду хотираи ӯ оғоз шуд. Нахустин нимпайкараи Ленин бо навиштаи тоҷикӣ 27-уми январи соли 1925 дар Бухоро қомат афрохт. Дар солҳои баъдӣ хиёбону кӯчаҳои марказии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба номи Ленин номгузорӣ шуданд.

Дувумин кӯҳи баландтарин дар СССР Ленин номгузорӣ шудааст. Номи дувумин шаҳри бузургтарини Тоҷикистон - Хуҷанд низ дар моҳи декабри соли 1935 Ленинобод гузошта шуд. Ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки соли 1948 таъсис ёфт, номи Ленинро гузоштанд. Танҳо дар хиёбони марказии пойтахт, ки номи Ленинро дошт чаҳор муҷассамаи доҳии коммунистон гузошта шуда буд. Муҷассамаи Ленин дар майдони марказии шаҳри Душанбе, дар маконе, ки ҳоло онҷо ҳайкали Исмоили Сомонӣ қомат афрохтааст, соли 1961 насб шуда буд (муаллифи муҷассама Т. Поляков ва А. Рабин).

Гаронтарини онҳо, шояд, мучассамае буд, ки аз Ленинград ҳамчун туҳфа оварда шуда буд. Он нусхаи дақиқи ҳайкали ёдгорӣ дар назди Қасри Смолний буд. Ин муҷассамаи В.В. Козлов дар солҳои 1924-1927 ба чанд акси дар давраи зинда будани В.И. Ленин рабт дорад ва ба назари мо, арзиши бадеии он баланд аст. Бештари тоҷикон ин муҷассамаи баёнгарро, ки дар боғи ба номи Ленини пойтахт (ҳозира Рӯдакӣ) насб шуда буд, дар ёд доранд.

Бузургтарин муҷассамаи Ленин дар шакли нимпайкараи оҳану бетонӣ соли 1972 дар болои сарбанди обанбори Каттасой (Истаравшан) гузошта шудааст. Муаллифи он Кравинский А. буда, дарозии муҷассама, ки то имрӯз мондааст, 21 метр, баландиаш 9 метр мебошад.

Парастиши Ленин дар кинои точик осори худро гузоштааст. Яке аз беҳтарин филмҳои тоҷикӣ "Бачагони Помир" (1963) аст, ки аз рӯи достони "Ленин дар Помир"-и Мирсаид Миршакар таҳия ва наворбардорӣ шудааст. Сужаи достон аз расидани хабари марги Ленин ба Помир оғоз мешавад. Суруди маъруфи тоҷикии “Ленин бародар раҳнамо” бо мусиқии сарояндаи маъруф Акашариф Ҷӯраев ва шеъри Саидалӣ Вализода дар ҳақиқат маҳбубият пайдо кардааст. Комёбии суруд дар ин аст, ки Ленинро “бародар” меноманд. Ба монанди он ки дар Ислом Худо якесту мусулмонон ҳама бо ҳам бародаранду баробар. Дар бораи Ленин ҳамчун доҳии болшевикҳо С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, М.Раҳимӣ, Ғанӣ Абдулло ва адибони дигар навиштаанд.

Аслӣ Бурҳонов
Аслӣ Бурҳонов

Дар театри драмавии ба номи Лоҳутӣ аз соли 1948 пйесаи Н.Погодин бо номи “Марди милтиқдор” намоиш дода мешуд, ки дар он Аслӣ Бурҳонов нақши Ленинро бозидааст. Ба ӯ имкон шудааст, ки бо роҳи дубляж нақши Ленинро дар нахустин филмҳои шӯравӣ дар бораи доҳии болшевикон бо ширкати Б. Шукин биофарад. Ленин бо садои равони ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравии Бурҳонов А. суҳбат мекард. Сегонаи Ғанӣ Абдулло дар бораи Ленин “Бӯрон” (1957), “Ҳуррият” (1964) ва “Сарбозони инқилоб” (1970) шуҳрати зиёд касб кардааст.

Дар маҷмуъ, Бурҳонов дар давоми тақрибан 40 сол дар 6 намоиш нақши Ленинро бозидааст. Хотирмонтарини онҳо саҳнаест, ки дар он Гурминҷ Завқибекови (рӯшонӣ) харизматик дар нақши Фрунзе ба Бурҳонов - Ленин бо хурсандӣ хабар медиҳад, ки “Инқилоб дар Бухоро ғалаба кард!” Завқибеков ва Бурҳонов бо ин намоиш ба тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафар карда, аз ҷумла дар лагерҳои пионерӣ (муаллиф шоҳид аст) баромад карданд ва боис ба шодии доимии тамошобинон гардиданд. Онҳоро монанд будани “Ленини тоҷикӣ” ба Ленини воқеии “синамойӣ” ва баромадҳои аҷоиби ҳунармандони дӯстдоштаашон ба ваҷд меовард.

Аҷиб ин буд, ки Ғанӣ Абдулло ва Аслӣ Бурҳонов азизоне доштанд, ки қурбонии низоми болшевикӣ шуда буданд. Агар ба санъатшинос Низом Нурҷонов ва Муҳаммадҷон Шакурӣ (бухороӣ, ҳамшаҳриёни Бурҳонов) бовар кунем, нақши Ленини тоҷикро писари охирин қозикалони аморати Бухоро Бадридин (писари Бурҳонидини Ховалингӣ) бозидааст. Бадриддинро болшевикҳо пас аз инқилоби соли 1920 парронда буданд.

Агар Аслӣ Бурҳонов, писари мансабдори парондашудаи амир, ки дар саҳнаи тоҷик нақши Ленинро ҳунармандона офаридааст, аз таъқиб раҳоӣ ёфта бошад, писари китобдӯсти Самарқанд Ғанӣ Абдулло ранҷро ба тамоми маънояш кашидааст. Ӯ соли 1937 ҳамроҳи бародару падараш “душмани халқ” эълом шуд. Зинда монданаш баъд аз 10 соли будубош дар лагерҳои Магадану Колима ва ҳашт соли таҳқиромези бадарға муъҷиза буд.

Бародар ва падари Ғанӣ Абдулло солҳои 1937 ва 1940 бар асари беморӣ дар зиндон даргузаштанд.

Суқути Ленин дар Тоҷикистон

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тахриби муҷассамаҳои Ленин дар ҳама ҷой шуруъ шуд. Ин раванд дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991 замоне сар шуд, ки издиҳоми хашмгин бо қарори шаҳрдори демократхоҳи пойтахти кишвар Мақсуд Икромов ҳайкали Ленинро дар маркази шаҳри Душанбе сарнагун сохт.

Ин ҳайкал барои он машҳур буд, ки дар он Ленин дасти чапашро дароз мекард. Сарнагун шудани ӯ маъное дошт: муҷассама як ҷузъи минбари ҳукумат буд. На танҳо муҷассамаи Ленин, балки ҳукумати кӯҳнаро сарнагун сохтанд. Бештари шореҳон гуфтанд, ки сабаби оғози ҷанги хунини шаҳрвандӣ маҳз сарнагун сохтани ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе шудааст.

Ҳамин тариқ бештари муҷассамаҳои Ленинро дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар давоми солҳои 1990-2000 тахриб карданд. Дертар ба ҷои ҳайкалҳои Ленин дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ қомат афрохтанд. Бо ин ҳол, бино ба ҳисоби коммунистони Тоҷикистон, то соли 2014 дар кишвар 66 муҷассамаи Ленин ҳифз шуда буд. Бештари онҳоро ё ҳифз ё баъди канда шудан дар ҷое пинҳон карданд.

“Ленини тоҷик”-ро, ки онро раҳбари коммунистони Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов чунин меномид, соли 2006 аз боғи ба номи Ленини шаҳри Душанбе бардоштанд. Коммунистони Тоҷикистон соли 2011 аз қарори раиси вилояти Суғд дар бораи тахриби ҳайкали Ленин дар шаҳри Хуҷанд сахт нигаронӣ карда буданд. Ин муҷассамаи бузургро Н.Шербаков, В. Веселовский ва И. Гунст соли 1974 аз пӯлоди зангногир сохта буданд.

Номи бештари маконҳо, ки ба номи Ленин гузошта шуда буданд, баъди соли 1991 иваз гаштанд. Ҳамзамон ҷойномҳое, ки ба таърихи даврони шӯравӣ рабт доштанд (ноҳияҳои Колхозобод, Комсомолобод, Советский, Московский ва шаҳри Чкаловск) аз харита бардошта шуданд.

Имрӯз ленингароӣ то куҷо маҳбубият дорад? (Ба ҷои хулоса)

Бисёриҳо имрӯз бар инанд, ки ҷойи Ленин анбор ё партовгоҳ аст. Сабаб ин аст, ки онҳо дар даврони шӯравӣ ҷомеаро бо калимаи Ленин пур карданд. Ин корро ба ҳадде аз меъёр зиёд анҷом доданд, ки боиси ба миён омадани ленинбезорӣ шуд.

Имрӯз дар донишгоҳҳо Ленинро намеомӯзанд, ки ба назари мо, иштибоҳ мекунанд. Мо бояд ӯро омӯзем, вале дар якҷоягӣ бо марксистони дигари охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ва неомарксистони муосири Аврупо. Албатта, асарҳои Ленин муҳим ҳастанд ҳангоми омӯхтани ҷомеаи шӯравӣ.

Аз ибтидои асри 21 дар байни олимони Ғарб таваҷҷӯҳ ба Ленин ва мероси илмии ӯ афзоиш ёфтааст. Чаро? Зеро дар давраи муосири буҳронҳои бардавоми иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ норозигиҳо дар миёни гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла кормандон дар кишварҳои пешрафтаи капиталистӣ меафзояд. Паст шудани сатҳи зиндагӣ ва норозигӣ аз сиёсати элитаи сарватманд боис ба эътирозҳои оммавӣ, шӯришҳо ва инқилобҳо дар саросари ҷаҳон мегардад.

Силсилаи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ, ҳамоишҳои эътирозиву шӯришҳои мусаллаҳонаеро, ки соли 2010 бештари кишварҳои арабиро фаро гирифта буданд (баҳори арабӣ), ҳаракати “Ғасби Волл-стрит” дар Ню-Йорк дар соли 2011, ҳаракати “Ҳаёти сиёҳпӯстон аҳамият дорад” (“Black Lives Matter” ё “BLM”), ки зидди нажодпарастӣ ва табъиз дар соли 2013 буд, ҳамлаи ҷонибдорони президенти вақти Амрико Доналд Трамп ба Конгрес дар соли 2021 ба ёд меорем. Албатта, шумо хоҳед пурсид, ки инҷо Ленин чӣ дахл дорад? Барои он дахл дорад, ки асли болшевизм ва ленинизм идеяи муттаҳид кардани синфи коргар дар роҳи муқовимат бар зидди истибдод аст.

Дар зодгоҳи капитализм — Аврупо норозигиҳо ва ноумедӣ ба сохти капиталистӣ мушоҳида мешавад. Яъне, эътирозҳо хусусияти синфӣ пайдо мекунанд. Бинобар ин, ба назари бархеҳо, баргашт ба Ленини марксисту инқилобгар ва мероси ӯ ба мақсад мувофиқ аст.

Албатта, ленинизм имрӯз барои басеҷ ба эътироз ва ба даст овардани адолат дар тамоми ҷаҳон кам фоида дорад. Коммунистони тоҷику рус оромона дар хоби латофатанд ва дар бораи инқилоб фикре ҳам надоранд. Лениниҳо, тротскистҳо ва марксистони имрӯз бояд дарк кунанд, ки ҷаҳон дар давоми сад соли охир аз январи соли 1924 тағйир ёфтааст. Ленин ҳамчун марксист танҳо ба синфи коргар, сарфи назар аз миллат ва ҷои зисташ, муроҷиат мекард.

Ин асос дошт, зеро ҳаракати коргарони замони Маркс ва Ленин назар ба дигар давраҳо пурзӯртар буд. Имрӯз ягон синфи коргар омода нест, ки “як мушт” шаванд. Бале, дар давраи Ленин ҳам “пролетариатҳои тамоми кишварҳо” ҳаминтариқ муттаҳид нашуданд. Мавҷи инқилобҳо дар Аврупо то соли 1920 поин рафтан гирифт ва дар худи Русия коммунистон пас аз Ленин идеяи “дар кишвари алоҳида ташкил кардани сотсиализм”-ро беҳтар шумурданд.

Ҷомеаи тоҷик ба худи вожаи “инқилоб” бо асабоният менигарад. Агар дар замони Шӯравӣ ҳама амалҳои инқилобӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои мусаллаҳона ба қасрҳо ҳамаро шод месохту ба ваҷд меовард, имрӯз “инқилобҳои ранга”, “майдонҳо” ва шаклҳои дигари эътирозҳои хушунатомези оммавӣ ҳамчун “ифротгароӣ” ва “терроризм” арзёбӣ мешаванд. Дар ин марҳала субот дар ҷои аввал аст ва аз ин рӯ, нухбагони пасошӯравӣ ва бахши бузурги ҷомеа, ки аз онҳо пуштибонӣ мекунанд, Ленинро ҳамчун “рамзи инқилоб” дӯст намедоранд.

Аммо инро инкор кардан номумкин аст, ки Тоҷикистони вориси бевоситаи инқилоби соли 1917 ва Ленин аст, ки сад сол пеш умраш ба поён расида буд.

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG