Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарангис" дар озмуни филмҳои занон дар Амрико аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад


Аксе аз филми "Фарангис"-и Лолисанам Улуғова
Аксе аз филми "Фарангис"-и Лолисанам Улуғова

Дар Ҷашнвораи амрикоии филмҳо бо номи “Садои занонро бишнавед”, ки 26 март ба кор оғоз карда то охири апрел давом мекунад, як филми сохтаи коргардони тоҷикистонӣ Лолисанам Улуғова ҳам сабқат мекунад.

Ин ҷашнвораи байналмилалӣ махсус барои баррасии мавзӯи занону духтарон ва дастгирии бонувони филмсоз эҷод шудааст.

Филме, ки аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, “Фарангис” ном дорад ва дар 28 дақиқа дар жанри нимаҳуҷҷатӣ бинандро бо андешаву афкори як бонуи ҳунари тоҷик, мушкилоти маишиву нигоҳаш ба вазъи иҷтимоӣ ва ҳам масъалаҳои мисли оиладорӣ ва касбу ҳунар ошно мекунад. Қаҳрамони филм – Фарангис Қосимова – ситораи балети тоҷик аст, ки ба ҳангоми рақс дар саҳна, муошират бо духтарону ҷавонписарон ва дидор бо хешовандонаш дар бораи чолишҳои як духтари тоҷики ҳунарманд андешаронӣ мекунад.

Дар як сӯҳбат бо Лолисанам Улуғова аз ӯ пурсидем, чӣ гуна тавонист мавзӯъҳои бештар пӯшидаро дар филм матраҳ кунад:

Лолисанам Улуғова
Лолисанам Улуғова

Лолисанам Улуғова: “Андешаи ман дар ин филм на ба мушкили шахсии Фарангис Қосимова ва оиладоршавии ӯ, балки ба масъалаҳои вобаста ба ҳузури зан дар мазҳари ҳунар рабт дорад. Агар мо имрӯз аз занҳои ҳунарманди худ дифоъ накунем, фардо мо ҳунарро аз даст медиҳем. Ман соҳаи ҳунарро бидуни ширкати занон тасаввур карда наметавонам ва агар дар ҷамъияти мо нисбати бонувони ин соҳа як нигоҳи камбинона вуҷуд дошта бошад, на ҳама занон ба ин соҳа барои кор мераванд. Ба ҳамин хотир, мо бояд ин занҳои боистеъдод ва зеборо аз ҳамлаву боварҳои қолабӣ ҳимоя кунем. Филми ман ҳам дар ҳамин бора аст”.

Радиои Озодӣ: Сабаб чист, ки мавзӯи зани замонавии тоҷик дар маркази таваҷҷӯҳи ҳунарии шумо қарор гирифтааст?

Лолисанам Улуғова: “Ман мехоҳам, ки ба дарки беҳтари вазъи занони замонавӣ дар Тоҷикистон бирасам. Мехоҳам, ҳақиқат ва он чизе, ки бо мо мегузарад, беҳтар фаҳмида шавад. Фаҳмиши зан дар бораи ҷараёнҳои имрӯза дар ҷомеа чӣ аст ва муносибати ҷомеа ба зан чӣ гуна аст – ҳамин чиз барои ман бисёр муҳим аст. Ба ҳамин хотир ҳам ман дар бораи занон мегӯям”.

Радиои Озодӣ: Дар ҷомеаи Тоҷикистон солҳои охир ҳомиёни ҳуқуқ аз бештар мазҳабӣ шудани ҷомеаву маҳдудтар шудани озодиҳо нигаронӣ мекунанд. То куҷо ҳамин ҷараёнҳо ба мавқеи зан дар Тоҷикистон таъсиргузор мешавад?

Лолисанам Улуғова: “Эҳёи арзишҳои суннатӣ, дар маҷмӯъ ба вазъи занон таъсири начандон мусбат дорад. Чаро? Дар давраи шӯравӣ ҳам нақши мардон барҷастатар буд. Албатта, занон ҳам мавқее доштанд: занҳо дар баробари кор дар корхонаву идораҳо, кори хонаро ҳам анҷом медоданд. Ҳоло ҳам чунин аст. Вале ба назари ман сатҳи савод поин рафт ва ҳоло аз роҳи ҷорӣ кардани таҳсили ҳатмии 11-сола мехоҳанд вазъро ислоҳ кунанд. Зоҳиран, озодиҳои занҳо камтар нашудааст, вале маҳдудият барои занҳо бештар шудааст”.

Лолисанам Улуғова қаблан бо филми тасвириаш “Ҳувайдо” маъруф шуд, ки дар бораи фоҷеи духтарчаи тоҷик дар Маскав қисса мекунад. Филмҳои дигараш – “Орзуи Анора” ва “Рақси мардона” ҳам дар бораи мушкилоти иҷтимоӣ ва ҷинсиятӣ дар ҷомеаи муҳофизакори тоҷик баҳс мекунад. Лолисанам Улуғова як ҳунаршинос ҳам ҳаст ва солҳои 2014 то 2019 масъули барномаи “Ҳунари фаъолияти иҷтимоӣ” дар Бунёди Сороси Тоҷикистон кор кардааст.

"Фарангис"-ро ба ҷашнвораи Амрико бурданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG