Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билол Қурбоналиев, узви "Гурӯҳи 24" ба даҳ сол зиндон маҳкум шудааст


Билол Қурбоналиев
Билол Қурбоналиев

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе узви "Гурӯҳи 24" Билол Қурбоналиевро ба даҳ сол зиндон маҳкум кардааст. Ҳукм дар охири моҳи феврали имсол содир шуда, Радиои Озодӣ тасдиқи онро рӯзи 11-уми апрел гирифт.

Як масъули Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бе зикри номаш гуфт, Билол Қурбоналиев "ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ гунаҳкор дониста шуд". Маълум нест, худи ӯ дар мурофиа чӣ гуфта ва то куҷо иттиҳомро пазируфтааст.

Пайвандони ин узви “Гуруҳи 24” ва вакили дифои ӯ феълан барои суҳбат дастрас нестанд. Намояндагони додгоҳ ба ҷуз тасдиқи ҳукм ҷузъиёт намедиҳанд.

Ҳусейн Ашӯров, иҷрокунандаи вазифаи раиси “Гурӯҳи 24”, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро нисбат ба Билол Қурбоналиев “ғайриқонунӣ” донист.

Ӯ рӯзи 11-уми апрел гуфт: "Шохаи судӣ (додгоҳӣ) дар Тоҷикистон мустақил нест ва ба нафъи хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон кор мекунад. Қурбоналиевро барои доштани ақидаи сиёсияш зиндонӣ карданд. Ҳадафи ҳукм хомӯш кардани садои озодихоҳон ва тарс додани қишри ҷавони кишвар аст. Аз ҳукумати Тоҷикистон ҳеч интизорӣ надорем, аммо аз ҳукуматҳои аврупоӣ мехоҳем фаъолони сиёсиеро, ки ҷонашон дар хатар аст, аз кишварҳояшон набояд ихроҷ кунанд."

Намояндагони "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумат, рӯзи 8-уми декабри соли гузашта дар изҳороте гуфтанд, ки Вазорати муҳоҷирати Олмон моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиевро ба Тоҷикистон ронд. Дертар масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки Қурбоналиев дар Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе аст.

Намояндагони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" қаблан гуфтанд, Билол Қурбоналиев дар тазоҳуроти мухолифон дар Берлин, ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон, иштирок дошт.

Рӯзҳои 28-29-уми сентябри соли 2023 ҳангоми сафари Раҳмон ба Олмон, намояндагони мухолифон ба зидди ӯ шиор дода, ба сӯйи корвони мошинҳои президент тухм партофтанд.

Узви “Гуруҳи 24” дар ҳоле ба даҳ сол зиндон маҳкум шудааст, ки сарнавишти роҳбар ва узви дигари ин созмони мухолифи ҳукумат чанд ҳафта боз норӯшан аст.

Намояндагони “Гуруҳи 24” мегӯянд, роҳбари ин ҷунбиши сиёсӣ Сӯҳроб Зафар аз 9-уми марти имсол бедарак аст. Дар моҳи феврали имсол намояндаи дигари гурӯҳ Насимҷон Шарифови 39-сола низ дар Истанбул нопадид шуд.

То ҳол дар куҷо будани ин ду нафар маълум нест. Бо вуҷуди нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Тоҷикистон ва Туркия дар бораи сарнавишти Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов расман чизе намегӯянд.

Созмони “Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ боздошт ва бархеи онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG