Дар ду моҳи охир раҳбару як намояндаи "Гурӯҳи 24" дар Туркия нопадид шуда, фаъоли пешини ин созмони сиёсӣ дар Литва дар боздошт аст.
Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар умури Осиёи Марказӣ, рӯзи 16-уми апрел дар эъломияе гуфт, "Тоҷикистон фавран ба шикори даҳсолаи мунтақидонаш дар хориҷа, бахусус шахсони вобаста ба "Гурӯҳи 24" ва созмонҳои дигари мамнуъ хотима диҳад."
"Иттиҳоди Аврупо ва Туркия бояд фаъолони мухолифонро ҳимоят кунанд ва аз пас фиристодани онҳо ба Тоҷикистон худдорӣ варзанд. Кишваре, ки бо саркӯби фаромиллӣ маъруф аст ва дар онҷо ба мухолифон шиканҷа таҳдид мекунад," – афзуд Султоналиева.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар ин гузориш аз қазияи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар Туркия ва Сулаймон Давлатов дар Литва дар ду моҳи охир ёдовар шудааст. Ҳарсеи онҳо аъзои ҳозира ва собиқи "Гурӯҳи 24" ҳастанд.
Сӯҳроб Зафар, раҳбари ҷунбиши мухолифи ҳукумат, моҳи марти имсол дар Истанбул нопадид шуд. Аз он пеш, дар моҳи феврал, Насимҷон Шарифов, узви "Гурӯҳи 24", дар Истанбул ба таври мармуз бедарак гардид. То ҳол дар куҷо будани онҳо маълум нест.
Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, аъзои "Гурӯҳи 24" нигарон ҳастанд, ки шояд онҳо рабуда ва ба таври ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон бурда шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон ва Туркия ҳеч шарҳ намедиҳанд.
Сулаймон Давлатов, узви пешини "Гурӯҳи 24", ки солҳои охир ба гуфтаи худаш ба тиҷорат машғул буд, рӯзи 5-уми апрел дар Вилнюс дастгир ва ба ду моҳ ҳабс гирифта шуд.
Мақомоти Литва гуфтаанд, ӯ бо ифротгароён тамос дошт ва ба амнияти миллии ин кишвари аврупоӣ хатар дорад. Худаш мегӯяд, яке аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст ва "пуштибони адолат, демократия, баробарӣ ва таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон".
Ҳамсараш, Ҳурматбибӣ Раҳматшоева, дар номае аз ҳукумати Литва хостааст, агар нисбат ба Сулаймон Давлатов даъвое доранд, бояд ӯро дар инҷо муҳокима кунанд, на ин ки ба Тоҷикистон фиристанд. Вай гуфтааст, ба шавҳараш дар Тоҷикистон шиканҷа ва ҳатто марг таҳдид мекунад.
Сийнат Султоналиева аз Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, "кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Туркия бояд масъулиятҳои байнулмилалии худро дар бораи ҳуқуқи башар риоя кунанд. Аз ҷумла, дар бораи таслими одамоне, ки барои фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишвари худ зери хатари шиканҷа ва таъқиб ҳастанд."