Бегонаситезӣ, ки ҳамеша дар ҷомеаи Русия ба навъе вуҷуд дошт, дигарбора хуруҷ кард. Дар бораи тақдири муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо Наталя Зотова, мардумшиноси рус ва муҳаққиқи масоили муҳоҷират аз Амрико, суҳбат кардем, ки вазъи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ва вазъи оилаҳои онҳоро дар Тоҷикистон зиёд таҳқиқ кардааст.
Радиои Озодӣ: Масъалаи муҳоҷирати тоҷиконро ба Русия ва вазъи оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон зиёд таҳқиқ кардаед. Ва мо медонем, ки аҳволи тоҷикон дар Русия то кунун чандон хуб набуд. Ба назари Шумо, пас аз ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” аҳволи онҳо то чӣ ҳад бадтар шуд?
Ба ман посухи президенти Тоҷикистон ба Владимир Путин маъқул шуд, ки гуфт, моро эҳтиром кунед. Ин як аломати муҳим аст ва ба назари ман муҳоҷирони тоҷик ҳам бояд чунин кунанд.Наталя Зотова
Наталя Зотова: “Албатта, вазъи онҳо пас аз ҳамлаи террористӣ вазнинтар шуд, зеро мавҷи нави нафрату бегонаситезӣ бахусус нисбат ба муҳоҷирони тоҷик боло гирифт. Аммо барои муҳоҷирони тоҷик ва оилаҳои онҳо ин чизи наве нест, зеро муносибат бо онҳо мутаассифона аз пеш ғайридӯстона ва манфӣ буд. Ман бо як эҳсоси хиҷолат дар ин бора гап мезанам. Албатта, баъд аз ҳамлаи террористӣ тамоюлҳои наве пайдо шуданд. Ин хушунат, сатҳи нафрат, сатҳи бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷикро ба сатҳи болотар мебарад, ки ин боис ба нигаронии ҷиддӣ аст.”
Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, ин вазъ то кай давом мекунад ва муҳоҷирони тоҷик то кай чунин азоб мекашанд?
Наталя Зотова: “Албатта, ин мавҷи бисёр баланд фурӯ менишинад, чунки нафрати зиёд дурудароз давом карда наметавонад. Дар айни ҳол ман ҳеч асосеро намебинам, ки вазъ ба самти мусбат тағйир кунад. Вақте бо нерӯи раҳбарони ҳукумати Русия, мақомот ва расонаҳо муносибати манфӣ ба тоҷикон ва муҳоҷирони тоҷик доман зада мешавад, мутаассифона, заминаҳоеро намебинем, ки вазъ ба самти мусбат тағйир кунад. Ман инҷо ҳеч хаёлпардозӣ ҳам карда наметавонам.”
Радиои Озодӣ: Метавон гуфт, ки депортатсия ё ихроҷҳои дастҷамъонаи муҳоҷирону тафтишҳои саросарӣ ва бадрафторӣ ба онҳо як навъ ҷазои дастҷамъии муҳоҷирон аст?
Наталя Зотова: “Дар воқеъ, доир ба боздоштҳои зиёд, ихроҷ, омодагиҳо ба ихроҷи ҳазорон нафар гузориш мерасад. Дар ҳақиқат ин на танҳо ҷазо ба муҳоҷирони тоҷик аст, айни замон ҷавоби мақомоти Русия бозие барои ҷомеаи кишвар аст. Ба онҳо лозим аст, нишон бидиҳанд, ки мо ягон кор мекунем, баъди ҳамлаи террористӣ коре ба анҷом мерасонем. Аз ин рӯ, як роҳи осонаш, ба таври дастҷамъӣ ҷазо додани муҳоҷирони тоҷик аз роҳи боздошту ихроҷи оммавии онҳо аст. Яъне, ба мардум нишон бидиҳанд, ки мо кори онҳоро беҷавоб нагузоштем ва посух медиҳем.”
Радиои Озодӣ: Новобаста аз ин ҳама табъизу бадрафторӣ ва беҳуқуқӣ мебинем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон саъй мекунанд, шаҳрвандии Русияро бигиранд. Чаро?
Наталя Зотова: “Иҷоза диҳед, бо омор шуруъ кунем. Рақамҳо бузурганд. Дар доираи барномаҳои гуногуни гирифтани шаҳрвандии Русия, танҳо дар чаҳор соли гузашта тақрибан ним миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русия, шиносномаи русиро гирифтаанд. Ин як рақами бисёр бузург аст ва теъдоди онҳоеро ҳам бояд ба инобат гирифт, ки дар гузашта шаҳрвандӣ гирифтаанд. Ба назари ман, вақте дар бораи муҳоҷирати тоҷикон суҳбат мекунем, як тасаввури нодурусте дар бораи онҳо ҳосил мешавад. Ҳама чунин фикр мекунанд ва ё дар афкори умум, дар матбуот тасаввур ин аст, ки муҳоҷирони тоҷик муваққатан ва ё барои чанд сол ба Русия меоянд. Ва ин як муҳоҷирати мавсимӣ ва корӣ аст. Бояд инро дар ёд дошт, ки бисёре аз ин мардум дар Русия мемонанд. Онҳо зиндагиро дар Русия интихоб мекунанд. Аз назари мафҳуми саросарии муҳоҷират, ин як рафтори маъмулӣ аст, чун муҳоҷират, дар таърихи инсоният аст ва ба сабаби муҳоҷират инсонҳо дар тамоми сайёра паҳн шуданд. Барои ҳамин, муҳоҷирони тоҷик ва ё зодагони Тоҷикистон дигар як бахши ҷудоинопазири ҷомеаи Русия ҳастанд. Дар умум таърихи оммавии муҳоҷирати тоҷикон аз 30 сол пеш, аз замони пош хӯрдани Шӯравии собиқ ва ҷанги дохилӣ оғоз ёфт. То ин вақт дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам буд. Яъне, як раванди азим аст ва бахши бузурги ҷомеаро фаро мегирад. Барои ҳамин, одамон мекӯшанд, шиносномаи русӣ бигиранд, чун зиндагиашон осонтар мешавад. Бо шиносномаи русӣ кор ёфтан, гузоштани бачаҳо дар кӯдакистону мактабҳо ва ҳамоиш дар ҷомеа осонтар мешавад. Албатта, бо вуҷуди доштани шиносномаи русӣ ҳам табъизи онҳо аз байн намеравад. Ҳамеша метавонанд муҳоҷирони тоҷикро ба кор нагиранд, пулашонро надиҳанд, вале ба ҳар ҳол баҳона камтар мешавад. Бо шиносномаи русӣ зиндагӣ дар Русия осонтар мешавад, барои ҳамин бисёриҳо мекӯшанд, шаҳрвандӣ бигиранд. Ва ин қобили дарк аст.”
Радиои Озодӣ: Баъди ҳамла дар “Крокус”, президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки сиёсати муҳоҷиратро бояд аз решааш иваз кард. Гапе, ки мо солҳо мешунавем ва сиёсатмадорони Русия ҳар вақти барои худашон муносиб онро такрор мекунанд. Ин баёния ҳам фақат як баёнияи холист ва ё ягон коре мекунанд?
Муҳоҷирони тоҷикро орому сокиту хоксор ва ё ситамкаше меноманд, ки мекӯшанд, сар баланд накунанд, то аҳволашон аз ин ҳам бадтар нашавад.
Наталя Зотова: “Ба назари ман, як баёнияи холист ва онгуна ки ман гуфтам, намоишкорӣ барои мардум аст, чунки мақомоти Русия манфиати муҳоҷиратро хуб медонанд. Онҳо ҷанбаҳои мусбат ва манфиатеро медонанд, ки муҳоҷирон барои Русия доранд. Аз ин рӯ, сиёсати умумии муҳоҷират тағйир намекунад, маҳдудиятҳоеро, ки метавонистанд, сахттар кунанд, карданд. Манъи вуруд ба кишвар барои ягон хатои хурд дар санадгузориҳо, маҳрум кардан аз ҳаққи вуруд барои солҳои зиёд, боздоштҳои оммавӣ ва депортатсия ҳаст ва аз ин бештар кори сахттаре карда намешавад. Ба назари ман, аз ин бештар кори дигаре намекунанд, зеро возеҳ аст, ки муҳоҷирон ба Русия фоидаи бисёр меоранд ва Русия ба муҳоҷирон эҳтиёҷ дорад. Барои ҳамин ба назари ман тағйироти ҷиддие дар сиёсати муҳоҷират, масалан ҷорӣ кардани раводид ва ё манъи вуруди муҳоҷирони тоҷик ба Русия намешавад.”
Радиои Озодӣ: Дар як таҳқиқи худ аз солҳои пеш мегӯед, ки дар Тоҷикистон рафтани як ҷавонро ба муҳоҷират мисли як роҳхат ба зиндагии мустақилона медонанд ва ё мисли онки замони Шӯравӣ касеро ба артиш мефиристоданд. Ба назари Шумо, ин ақида ҳанӯз ҳам ҳаст ё бо гузашти солҳо тағйир ёфтааст?
Наталя Зотова: “Ман ҳамчунон дар Тоҷикистон кор мекунам ва таҳқиқотро идома медиҳам ва ростӣ гап, чанде пеш ҳам онҷо будам. Камтар аз як сол пеш. Мо дар онҷо бо мусоидати Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират як таҳқиқе дар бораи сиҳатии равонии муҳоҷирони бозгашта анҷом додем. Дар воқеъ ҳамин масъаларо таҳқиқ кардем, ки табъиз ва бегонаситезӣ ба вазъи равониву отифии муҳоҷирон таъсир мегузорад. Дар робита ба суоли Шумо, ки ба як таҳқиқи чанд соли пеши ман робита дорад, инро гуфтанӣ ҳастам, ки ҳоло дигар рафтан ба муҳоҷиратро наметавонем ба рафтан ба артиш дар замони Шӯравӣ муқоиса кунем, чун солҳои зиёде сипарӣ шудаанд. Айни замон муҳоҷират барои навҷавонон ба назари ман, расидан ба марҳилаи ҷавонмардӣ аст. Муҳоҷират як бахши муҳими зиндагӣ дар Тоҷикистон шудааст ва пайдо кардани касе, ки дар Русия ва ё ҷойи дигар таҷрибаи кор надошта бошад, сахт аст. Барои навҷавононе, ки мактабро хатм мекунанд, дидани Русия ҷолиб аст. Ман зиёд шунидаам, ки мегуфтанд, ки ҳама рафтанд, ман ҳам рафтам, то бубинам, ки онҷо чӣ гуна аст. Вақте бародарони калонии онҳо, падарашон мераванд, мегӯянд, чун инҳо рафтанду пул кор карданд, ман ҳам меравам. Онгуна ки мо мардумшиносон мегӯем, ин як гузариш ба марҳилаи бузургсолӣ аст. Яъне рафт, пул кор кард, барои оила овард, барои ҷашни арӯсӣ пул ҷамъ кард, албатта ин кораш қадрдонӣ мешавад. Арзиши ин кор, на арзиши моддӣ, балки арзишест, ки барои расидан ба марҳилаи бузургсолӣ аҳамияти зиёд дорад.”
Радиои Озодӣ: Суоли дигар ҳам вобаста ба таҳқиқоти шумост, ки дар ноҳияи Ашт анҷом додаед. Дар он мафҳуми “писари хуб” ва “шавҳари хуб”-ро овардаед, ки ҳатман рафтори писар ва ё шавҳар дар муҳоҷиратро дар бар мегирад. Мехостем, дар ин бора бештар бигӯед.
Наталя Зотова: “Ташаккур. Воқеан ин суоли ҷолиб аст. Ин таҳқиқи ман чандон куҳна нест ва ман борҳо ба Тоҷикистон рафтаам, то равандҳои муҳоҷиратро таҳқиқ кунам. Баҳогузорӣ ба сарвату дороии ҷавонон ба арзишҳои фарҳангии тоҷикон иртибот мегирад ва на фақат ба муҳоҷират. Баҳогузорӣ бар асоси имконоти ҷавонон аст, ки то чӣ ҳад оилаҳои худро аз назари моддиву молӣ таъмин мекунанд. Аз онҷо, ки имконияти даромад, бештар аз ҳисоби муҳоҷират аст ва бахусус дар деҳоту кӯҳистонҳои Тоҷикистон, ки кор нест ва камбизоатӣ вуҷуд дорад, ҷавонон ба муҳоҷират мераванд. Барои ҳамин дар мафҳуми “падари хуб” ва “писари хуб” ва ё масалан “бародари хуб”, самараи кори ӯ ва муваффақияти ӯ дар муҳоҷират ҳам шомил мешавад. Масалан, бачаҳо тавонистанд, ки барои тӯй пул ҷамъ кунанд ва баъдан ҳамаи атрофиён мегӯянд, ки бубинед, офарин ба ин писари хуб, ки тавонист пул ҷамъ карда, тӯйи хубе баргузор намояд. Мегӯянд, бубинед, чӣ хел баргашт, ҷашн гирифт ва хона сохт. Яъне дар баҳогузории мардуми маҳаллӣ ба рафтори ҷавонон ҷанбаҳои зиёде ҳаст, ки муҳоҷират дар он як нақши муҳиме иҷро мекунад.”
Навори мусоҳибаро дар инҷо бинед:
Радиои Озодӣ: Агар чунин суоле баҷо бошад, ҳоло кӣ ба кӣ бештар эҳтиёҷ ва ё зарурат дорад? Русия ба муҳоҷирони тоҷик ва ё баръакс муҳоҷирони тоҷик ба Русия?
Наталя Зотова: “Ин як суоли хуб аст ва ба назари ман ҳарду як андоза ба якдигар эҳтиёҷ доранд. Муҳоҷирон барои Русия фоидаи азиме меоранд, дигар ин ки муҳоҷират, ин ҳаракати манобеи инсонӣ аст, сармояи инсонӣ аст. Ин сармояест, ки кишварҳо барои он мубориза мебаранд ва кишварҳое, ки дар онҷо сатҳи таваллуд кам мешавад, ба онҳо одамони нав, ақлҳои нав ва хуни тоза лозим аст. Ин як раванди ҷаҳонӣ аст. Дар Русия буҳрони бузурги демографӣ идома дорад, таваллуд камтар мешавад, дар ҷанге, ки Путин дар Украина идома медиҳад, ҷавонони зиёде куштаву захмӣ мешаванд. Аз ҳисоби муҳоҷирати зиёд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба Русия онҳо тавонистанд, андаке буҳрони демографиро паси сар кунанд, яъне коҳиши таваллудро боздоранд. Чаро дар бораи таваллуд мегӯем, чаро он барои кишвар муҳим аст. Барои онки ҷавонон кор мекунанд, молиёт (андоз) месупоранд, аз ҳисоби пули онҳо ҳаққи нафақа медиҳанд, пули кормандони буҷавиро мепардозанд. Мавҷудияти гурӯҳи бузурги қобили кор бисёр муҳим аст. Муҳоҷират бисёр зарур аст. Илова бар ин манфиатҳои иқтисодӣ дорад. Корхонаҳое азиме, ки дар 30 соли охир сохтанд, бе муҳоҷирон бекор мемонанд. Бо ҳар гуна кордиҳандае, ки суҳбат мекунед, мегӯяд, ки пайдо кардани мутахассиси ботаҷриба мушкил аст. Онҳо медонанд, ки нерӯи корӣ намерасад, онҳо мефаҳманд, ки муҳоҷирон саҳми бузурге доранд. Аз тарафи дигар Русия ба муҳоҷирони тоҷик низ зарур аст. Шояд на барои сокинони шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон, чун онҳо низ босуръат рушд мекунанд. Душанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо башиддат дигар мешаванд ва дар ин ҷойҳо имконоти кор ва даромад вуҷуд дорад. Дар манотиқи рустоӣ ин имконотро надоред ва ягона роҳи даромад, рафтан ба Русияву кор дар онҷо мемонад, то ки ҳадафҳои зиндагии худро амалӣ кунед. Барои ҳамин муҳоҷирон ба Русия эҳтиёҷ доранд ва кишвари аслие мемонад, ки муҳоҷирон ба он мераванд. Муддатҳои тӯлонӣ низ чунин хоҳад буд.”
Радиои Озодӣ: Ва суоли охир, ҳукумати Тоҷикистон ва ё ҷомеаи кишвар чӣ кор бояд кунад, то вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар шавад?
Наталя Зотова: “Ба назари ман, ба ҳукумати Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои тоҷикони Русия, ки дар шаҳрҳои гуногуни он ҳастанду зуҳур ва рушд мекунанд, зарур аст, ки хомӯш набошанд. Ин муҳим аст ва муҳим он аст, ки муттаҳид бошанд, садои хешро баланд кунанд. Муҳим аст, андаке рафторашонро тағйир диҳанд. Муҳоҷирони тоҷикро орому сокиту хоксор ва ё ситамкаше меноманд, ки мекӯшанд, сар баланд накунанд, то аҳволашон аз ин ҳам бадтар нашавад. Ин стратегияи онҳоро фаҳмидан мумкин аст ва бахусус дар ҳоли ҳозир, ки ба онҳо хатар таҳдид мекунад, чун фазо бо нафрат олуда аст ва хушунат нисбат ба муҳоҷирони тоҷик шӯъла мезанад. Вале садо баланд кардан муҳим аст. Ба ман посухи президенти Тоҷикистон ба Владимир Путин маъқул шуд, ки (гуфт, моро эҳтиром кунед). Ӯ ба Путин ошкоро чизе гуфт. Ин як аломати муҳим аст ва ба назари ман муҳоҷирони тоҷик ҳам бояд чунин кунанд. Муттаҳид шаванд ва дар матбуот сухан бигӯянд. Бояд мушкилотро бигӯянд ва хомӯш набошанд, зеро бегонаситезӣ ва муҳоҷиронбадбинӣ худ ба худ аз байн намеравад. Ин тамоюл дар натиҷаи таъсири нафрату хашм бештар мешавад. Агар мо дар ин бора бигӯем, якҷо шавем, шояд вазъро ба самти беҳтар ҳаракат диҳем.”