Мақомот ва расонаҳои Русия марги беш аз 140 нафар ва захмӣ шудани даҳҳо касро дар ин ҳамла кори дасти тоҷикон медонанд. Ҳанӯз иттиҳоми эълоншуда бо далелҳо собит нашудааст, вале бори аввал нест, ки даст доштани зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои террористӣ дар хориҷа расонаӣ мешавад.
Дар ду ҳамлаи пурқурбонӣ дар ду соли охир дар Эрон ҳамлагаронро тоҷик номиданд. Дар Олмон дар як соли охир чанд ҷавони тоҷик барои омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ боздошт шуданд. Мақомоти Туркия низ яке аз ҳамлагаронро ба калисо дар Истанбул дар охири моҳи январи имсол тоҷикистонӣ номиданд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9-уми март дар суҳбат бо рӯҳониён гуфт, дар се соли гузашта 24 шаҳрванди Тоҷикистон “дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон ба таркондани худ даст задаанд.”
Дар барномаи “Гапи Озод” ба ин суол посух меҷӯем, ки сабаби асосии рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба ифротгароӣ дар чист? Набудани идеологияи қавии давлатӣ дар баробари ақидаҳои ифротӣ, бекориву нодорӣ, ноогоҳӣ ва фишору маҳдудият ё чизи дигар?
Меҳмонони барнома:
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони муқими Аврупо.
Баъзе иқтибосҳо:
"Ҳадафу бархӯрди давлатҳои абарқудрат бештар ба давлатҳои хурд таъсири бад мерасонад. Барои мисол, ҷанги Украина, қазияи Афғонистон. Дар ин байн шаҳрвандони мо ҳадафи ин сиёсатҳо қарор мегиранд. Чунин афрод дар ҳама давлатҳо ҳастанд. Ҷавонҳои бекору соддалавҳ. Ба муҳоҷират рафта, ба дасти гурӯҳҳое меафтанд, ки онҳоро истифода мекунанд. Чор нафаре, ки дар Маскав гумонбар ҳастанд, дар ин корҳо даст надоранд. Ҳоло тафтишот идома дорад. Шахсони масъули мақомоти қудратӣ машғул ҳастанд. Як гурӯҳ ба Маскав рафтааст. Интизор мешавем, ки чӣ натиҷа медиҳад."
***
"Барои чӣ маҳз тоҷиконро истифода мебаранд? Барои он ки тоҷикистониҳоро дар Русия ва кишварҳои дигар давлати онҳо ҳимоят намекунад. Ҳарчанд дар Конститутсия, қонунҳо ва дар охири шиносномаи онҳо навишта шудааст, ки шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимоят аст, вале дар асл таҳти ҳимоят нест. Бинед, муҳоҷирони корӣ таҳти фишору таъқиб ва ҳуқуқвайронкунии дигари мақомоти қудратӣ ва шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои миллатгаро дар Русия қарор мегиранд, вале вокунишҳои ҳукумати Тоҷикистон кофӣ нест."
Суолҳои барнома:
- Бо вуҷуди шубҳаҳо ба боздошти ҳамлагарон дар Маскав далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки намешавад ифротгаро шудани баъзе аз ҷавонони тоҷикро нодида гирифт. Сабаби рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба ифротгароӣ ва даст задани онҳо ба ҳамлаҳои террористӣ чист?
- Бархе бар ин назаранд, ки дар шароити сахти Русия ва зери таъсири рӯҳониёни Қафқоз муҳоҷирон ифротӣ шудаанд, вале чанд ҳодиса нишон дод, ки дар Аврупо ҳам узвияти тоҷиконро дар гурӯҳҳои тундрав собит карданд. Чаро як ҷавони тоҷик дар кишваре, ки пур аз имконияти кору зиндагӣ аст ва бо сахтӣ ба инҷо мерасад, ба чунин корҳо даст мезанад?
- Бисёриҳо мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ақидаҳои ифротӣ ҳеч идеологияи қавии миллӣ барои мубориза надорад. Ба ин ҳарф розӣ ҳастед?
- Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои сахт маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабиву анҷоми фаризаҳои динӣ, бастани масҷидҳову манъи намозгузории то 18-солаҳо танқид мекунанд. Як назар ҳам ҳаст, ки маҳрум кардани ҷавонон аз масҷиду тоату ибодат ва таълими дурусти динӣ онҳоро ноогоҳ кардааст. Ба ин чӣ мегӯед?
Барномаро дар инҷо бинед:
Гапи Озод дар Ютуб: