Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ва Узбекистон ба финали Ҷоми Осиё (U-23) роҳ ёфтанд


Дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Ҷопон ва Узбекистон, ки дар даври ниманиҳоии Ҷоми футболи Осиё-2024 дар Қатар пирӯз шуданд, ба финали мусобиқот роҳ пайдо карданд.

Бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Осиё (U-23) рӯзи 29-уми апрел дар Қатар доир шуданд. Бозӣ миёни дастаҳои Ҷопон ва Ироқ бо ғалабаи футболбозони ҷопонӣ бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Голҳоро Мао Ҳосоя (дақиқаи 28-ум) ва Рётаро Араки (42) ба самар расонданд.

Бозии дигари даври ниманиҳоӣ байни тимҳои Индонезия ва Узбекистон бо ҳисоби 2:0 ба суди футболбозони ҷавони узбек анҷом пазируфт. Ҳарду гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Ҳусейн Норчаев дар дақиқаи 68-ум ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 86-ум Пратама Орҳан тӯбро ба дарвозаи дастааш зад.

Ҳамин тариқ, дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки рӯзи ҷумъаи 3-юми май дар варзишгоҳи Ҷассим Бин Ҳамади Доҳа соати 20:30 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад, дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Ҷопон ва Узбекистон рақобат мекунанд.

Бозӣ барои ҷойи сеюм рӯзи панҷшанбеи 2-юми май дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи Доҳа байни дастаҳои мунтахаби олимпии Ироқ ва Индонезия соати 20:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар дар гурӯҳи “С” дар ду бозӣ аз тимҳои Арабистони Саудӣ ва Ироқ бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, ба тими Тайланд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Футболбозони ҷавони тоҷик бо касби се имтиёз дар гурӯҳи худ ҷойи сеюмро гирифта, натавонистанд ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кунанд. Бинобар ин, сармураббии даста Мубин Эргашев аз вазифааш истеъфо дод.

Дастаи ҷавонони зери 23-солаи Ироқ, ки бо касби шаш имтиёз ғолиби гурӯҳи “С” шуд, ба чорякфинал баромад. Тими Арабистони Саудӣ низ шаш имтиёз гирифт ва аз рӯи натиҷаи бозиаш бо ироқиҳо мақоми дуюмро касб намуда, соҳиби роҳхат ба плей-офф гардид.

Зимнан, тими ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон, ки ду бор (солҳои 2022 ва 2024) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок кардааст, ин дафъа низ натавонист аз гурӯҳ барояд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2024 (U-23) дар Қатар дастаҳои мунтахаб барои дарёфти квотаҳо аз қитъаи Осиё ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон дар Пориси Фаронса баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

Дастаҳое, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар се ҷойи аввалро соҳиб мешаванд, мустақиман ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегиранд.

Дастае, ки ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад, барои дарёфти роҳхат тавассути бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ талош меварзад.

Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Чорякфинал

25-уми апрел (панҷшанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Индонезия – 2:2 (аз рӯи пеналти – 10-11)

Қатар – Ҷопон – 2:4 (дар замони изофа)

26-уми апрел (ҷумъа)

Ироқ - Ветнам - 1:0

Узбекистон - Арабистони Саудӣ – 2:0

Нимфинал

29-уми апрел (душанбе)

Индонезия – Узбекистон – 0:2

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа

Ҷопон – Ироқ – 2:0

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим Бин Ҳамад

Бозӣ барои ҷойи сеюм

2-юми май (панҷшанбе)

Ироқ – Индонезия – соати 20:30 (бо вақти Душанбе)

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа

ФИНАЛ

3-юми май (ҷумъа)

Ҷопон – Узбекистон – соати 20:30 (бо вақти Душанбе)

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим Бин Ҳамад

XS
SM
MD
LG