Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯйи ВКХ-и Украина рақамӣ шуд


Мақомоти Украина рӯзи якуми май сухангӯеро бо номи "Виктория" муаррифӣ карданд, ки ба воситаи ҳуши маснуӣ сохта шудааст ва аз номи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар расман изҳорот медиҳад. Дар ин бора "Садои Амрико" бо истинод ба хабаргузории "AFP" иттилоъ дод.

Тавре худи Виктория менависад, вазифаи ӯ дар бораи масъалаҳои консулӣ маълумот додан ба ҷомеа ва рӯзноманигорон аст.

Вазорати корҳои хориҷи Украина гуфтааст, "бори аввал дар таърих" изҳороти ин ниҳодро сухангӯи рақамӣ мехонад.

Дар хадамоти матбуотии вазорат ба "AFP" гуфтаанд, матнҳои изҳороти Викторияро "шахсони воқеӣ менависанд" ва он танҳо дар қисми садоияш кумак мекунад.

Вазири корҳои хриҷии Украина Дмитрий Кулеба гуфт, ҳадаф аз таъсиси чунин сухангӯ "сарфаи вақт ва манбаъҳо"-и дипломатҳо аст.

XS
SM
MD
LG