Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: Панҷоҳ дарсад нашрияҳо дар Тоҷикистон аз чоп мондаанд


Як таҳқиқот маълум кардааст, ки теъдоди расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 дар сад кам шуда, мизони маҳбубияти онҳо дар миёни мардум поин рафтааст.

Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти "Афзалиятҳои расонаии аҳолии Тоҷикистон", теъдоди матбуоти хусусӣ 166 дарсад кам шуда, шумораи онҳо аз 264 дар соли 2021 ба 63 номгӯй дар соли 2024 коҳиш ёфтаааст. Бар хилофи расонаҳои суннатии касбӣ, мухотабони шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст.

Набӣ Юсуфов, роҳбари созмони "Машварати расонаӣ" мегӯяд, коҳиши газетаҳо хусусӣ нигаронкунада аст. "Хотиратон бошад, 10 сол пеш дар 100-солагии матбуоти тоҷик мегуфтанд, ки мо чорсаду чандто газета дорем. Ҳозир шумораи газетаҳо ба 186-то коҳиш ёфтааст. Агар пештар, зиёдтар ВАО-и хусусӣ бошад, ҳоло бинед, ки ВАО-и хусусӣ, яъне ҳамагӣ 63 адад адад мондааст. Шумораи ВАО-и давлатӣ 123 аст. Маҷаллаҳо ҳам қариб, ки 300 буд, ба 138 адад коҳиш ёфт",-мегӯяд Набӣ Юсуфов.

Набӣ Юсуфов.
Набӣ Юсуфов.

Созмони "Машварати расонаӣ" ин тадқиқотро дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузаронида, омилҳои коҳиши теъдоди расонаҳои чопиро, рушди интернет, умдатан мушкилоти молӣ, мушкили кадрӣ, кам шудани реклама, коҳиши нуқтаҳои фурӯш, муҳити табъу нашр ва якранг шудани матлабҳои нашрияҳо ва берақобат мондани бозор гуфтааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси раддабандиҳои созмонҳои ҷаҳонӣ, як омили аслии коҳиши расонаҳо дар Тоҷикистон, саркӯби озодии баён, рӯзноманигорон ва расонаҳо дар чанд соли ахир будааст, аммо дар пажӯҳиш ба ин ишора нашудааст.

Дар 10-соли ахир нашриҳои хусусии маъруфе чун, "Нигоҳ", "Озодагон", "Миллат", "Чархи гардун" ва ғайра аз саҳнаи матбуот дур шуданд, ки далели аксари онҳо фишори мақомот гуфта мешавад.

Таҳқиқот: 50 дарсад нашрияҳо дар Тоҷикистон аз чоп мондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:29 0:00

Муаллифони ин таҳқиқот як далели умдаи аз миён рафтани нашрияҳоро рушди расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ медонанд.

Аммо Одили Нозир, муҳаррири нашрияи "Тоҷикистон" ин амрро як раванди муваққатӣ медонад.

"Фикр мекунам ин як раванди табиӣ аст, ки аудиторияи ВАО ба интернет рӯ меорад. Ин раванд дар ҳамаи ҷаҳон ҳаст. Вале дар Тоҷикистон ҳамин раванд, мисле, ки ба тезӣ пеш меравад, мо нашрияҳои чопиро "гӯр карда истодаем". Ман бовар дорам ин як марҳила аст, ки пушти сар мешавад. Инсонҳое, ки дар интернет ҳастанд, оҳиста-оҳиста ба маводи чопӣ рӯ меоранд",-бовар дорад Одил.

Дар ин таҳқиқот, ки бештар мизони истифода ва маҳбубияти расонаҳо дар миёни аҳолии Тоҷикистон баррасӣ шуд, омадааст, ки таваҷҷуҳи аҳолӣ ба телевизион, радио ва матбуот хеле кам шудааст. Таваҷҷуҳ ба телевизион, радио ва матбуот то 10 дар сад коҳиш ёфтааст. Аммо аз сӯи дигар, ин таҳқиқот телевизионро манбаи асосии гирифтани хабарҳо (60-65 дарсад) дониста, шабакаҳои иҷтимоӣ (31-36 дарсад) ва радиоро (3-5 дарсад) мутаносибан дувум ва сеюм гуфтааст.

Ҳуринисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.
Ҳуринисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.

Бархе аз фаъолони расонаӣ натиҷаҳои ин таҳқиқотро мутобиқ ба воқеияти имрӯзи фазои расонаии кишвар намедонанд. Ҳуринисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо ишора ба шахсияти пурсидашудаҳо мегӯяд, ки вазъи воқеӣ дар ин таҳқиқот ба назар намерасад.

"Чунки пурсидашудагон нафароне ҳастанд, ки ғайриҳирфаӣ ҳастанд, яъне мардуми оддиянд. Вале дар ҳақиқат агар бигирем, ман ҳеч бовар надорам, ки баъзе масалан, нашрияҳое, ки инҷо гӯё аз ҳама беш дар ҷойи аввал буданд, хонандаи бештаре дошта бошанд. Чун мардум иттилоъро аз сарчашмаҳои гуногун мегирад",-шубҳаомез мегӯяд Ҳуринисо Ализода.

Дар ин таҳқиқот маълум шудааст, ки шумораи корбарони интернет дар ду соли ахир 22 дарсад зиёд шуда, шабакаҳои иҷтимоӣ маҳбубияти зиёд пайдо карда, сайтҳои сербинанда Youtube, Inctagram, Tiktok, Facebook, Google ва сомонаи Радиои Озодӣ будаанд.

Паёмрасони аз ҳама серкорбар WhatsApp (96 дарсад) ва Telegram бо 43 дар сад ва IMO бо 31 дарсад дуюму сеюм дониста шудаанд.

Бархе аз коршиносон ин таҳлилро барои барномарезӣ муҳим медонанд ва дар пайи натиҷаҳои он ба нуктаҳои нигаронкунанда дар муҳити расонаии Тоҷикистон ишора мекунанд.

Шаҳло Акобирова.
Шаҳло Акобирова.

"Вақте мо дар бораи аудиторияи ҳақиқӣ суҳбат мекунем, агар дар мисоли телевизионҳо гӯем, бештар суҳбат сари он буд, ки пахш кардани сигнали телевизионҳо чӣ қадар аст. Аудиторияи дақиқро ман ин ҷо надидам. Дигар масъалаи нигаронкунанда он буд, ки дар бахши матбуоти чопӣ бештар такя мешуд ба шумораи обунаҳои иҷборӣ. Он ҳам нишондиҳандаи аудитори ва маҳбубияти ин матбуот буда наметавонад",-нигаронӣ мекунад Акобирова.

Ин пажӯҳиш ҳамчунин телевизиону радио ва нашрияву расонаҳои серистифодаро муайян карда, мизони маҳбубияти телевизионҳои хориҷиро низ маълум намудааст. Дар бахши шабакаҳои иҷтимоӣ маълум шудааст, ки TikTok ҷойи маҳбубияти Facebboоk-ро дар миёни корбарони тоҷик гирифтааст.

Пажӯҳиши "Афзалияти расонаии Тоҷикистон" бори чорум аст, ки бо ҳимояти молии Сафорати Амрико дар Душанбе, анҷом дода мешавад. Имсол ин пажӯҳиш миёни 2500 тан дар сар то сари Тоҷикистон аз тариқи гуфтугӯи телефонӣ аз сӯи Маркази сотсиологии "Зеркало" гузаронида шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG