Бо кам шудани борон кори ҳашарчиёни деҳаи Дархони ноҳияи Деваштич барои кашидани лулаи оби ошомиданӣ авҷ гирифтааст. Нарасидани об онҳоро водор кардааст,ки ба чунин ҳашари дастаҷамъона бароянд. Деҳаи онҳо солҳост ин мушкилро дорад.
Абдуҷалол Холиқбердиев, раиси Анҷумани хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Дархон: “Мобайни 7-8 соли охир камтар танқисии об шуд, мо дар якҷоягӣ бо 35 хоҷагиҳои деҳқонии деҳа панҷто чоҳи амудӣ сохтем. Боз як чоҳи амудии дигар дар назар дорем ва бо ин қубуре, ки бурда истодаем, мардуми деҳа сад дар сад бо об таъмин мешавад”.
Ин бори аввал нест, ки мардуми деҳа чунин ташаббус мекунанд. Соли 2007 низ ба хотири рафъи ин мушкилӣ онҳо аз масофаи қариб 10 километр об оварданд. Вале бо зиёд шудани аҳолии деҳа сокинон аз камобӣ дигарбора азият кашидаанд. Акнун онҳо лӯлаҳои қаблан овардаашонро мекананд ва ба ҷояш қубури васеътар мегузоранд, то об зиёдтар ояд.
Ҳаётулло Ғайбуллоев, раиси деҳаи Дархон: “Аз деҳа то сарчашма 9,4 километр аст. Мо ҳоло қариб 6 километрашро иваз карда омада истодаем. Боз дар оянда тасмим гирифтаем, ки қубурҳоро то деҳа бурда мерасонем. Худо агар хоҳад. Ҳар рӯз дар инҷо 40 ё 50 нафар одамон ба навбат, бо хоҳиши худ кор мекунанд.”
Барои ин обёрӣ муҳоҷирону саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ 250 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кардаанд ва дар сурати ҳамин миқдори дигар пул ҷамъоварӣ шудан кор ба охир мерасад. Ба гуфтаи сокинон дар иҷрои ин тарҳ сохторҳои давлатӣ ва хидматрасонӣ ҳамроҳ нестанд. Обе, ки барои аҳли деҳа дастрас мешавад, аз ташхиси гузаштааст.
Сӯҳроб Бобоев, сокини деҳаи Дархон: “Ҳозир об нест, қубурҳо шикоф шудаанд, аз инҷо бояд омада обро кашонем ё аз сой даромада гирем. Оби лойолудро намехӯрем ку, бачаҳо касал мешавад.”
Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози солҳои 2000-ум дар масъалаи таъмини оби ошомиданӣ ба Созмони Милал пешниҳодҳои зиёд додааст. Вале мунтақидон мегӯянд, мақомот бояд ба мушкили таъмини об дар дохили кишвар таваҷҷуҳ кунанд.
Се сол пеш як гузоришгари вижаи Созмони Милал гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон бояд барои дастрасии сокинон ба об ва хадамоти беҳдоштӣ бештар талош кунад. Чизе, ки мардум мегӯянд, ҳалношуда мондаасту мақомот мегӯянд, аз паяш ҳастанд. Ва вазъ мардумро маҷбур мекунад, то ки худ даст ба кор шаванд.
Гуфтугӯ