Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози Иди Қурбон ва "Идгардак"-и кӯдакон дар Тоҷикистон


Намози Иди Қурбон дар як масҷиди Душанбе
Намози Иди Қурбон дар як масҷиди Душанбе

Ҳазорон нафар дар саросари Тоҷикистон намози Иди Қурбон ё Иди Азҳоро гузоштанд.

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 16-уми июнро рӯзи Ид эълон карда буд.

Бо вуҷуди даъвати мақомот аз ҷилавгирии кӯдакон аз “Идгардак”, кӯдакон мисли солҳои қабл ба дари хонаи сокинон рафта, тӯҳфаи идона гирифтанд.

"Идгардак"-и кӯдакон дар Тоҷикистон
"Идгардак"-и кӯдакон дар Тоҷикистон

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар тарҳи тағйири қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" "Идгардак"-и кӯдаконро манъ кард. Ин тарҳ аввали моҳи май дар порлумон қабул шуд, вале ҳанӯз онро зинаи болои порлумон, Маҷлиси Миллӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон қабулу имзо накардаанд. Ин ба он маъност, ки ҳанӯз “Идгардак” расман манъ нашудааст, вале пеш аз Ид мақомот ба сокинон ҳушдор дода буданд, ки кӯдаконашонро дар хона нигаҳ доранд.

Аксҳо аз чор гушаи Тоҷикистон:

Намози Ид дар Душанбе
Намози Ид дар Душанбе
Намози Ид дар Хуҷанд
Намози Ид дар Хуҷанд
Сокинон дар Тоҷикистон пас аз намози Ид ба гӯристон мераванд ва ба рӯҳи гузаштагон дуо мекунанд. Акс аз Фархор
Сокинон дар Тоҷикистон пас аз намози Ид ба гӯристон мераванд ва ба рӯҳи гузаштагон дуо мекунанд. Акс аз Фархор
Сокинон дар Фархор аз намози Ид берун мешаванд
Сокинон дар Фархор аз намози Ид берун мешаванд
Намози Ид дар Хуҷанд
Намози Ид дар Хуҷанд
Бо вуҷуди даъватҳо кӯдакон "Идгардак" карданд
Бо вуҷуди даъватҳо кӯдакон "Идгардак" карданд

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG