Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 5 сокини Ванҷро ба Тоҷикистон истирдод кардааст


Даромадгоҳи ноҳияи Ванҷи ВМКБ
Даромадгоҳи ноҳияи Ванҷи ВМКБ

Мақомоти интизомии Русия панҷ сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро боздошт ва ба Тоҷикистон супурдаанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 17-уми июн гуфт, ки онҳо сокинони деҳаи Андарбаги Язгулом ҳастанд ва ба “узвият дар гурӯҳи тундрав” айбдор мешаванд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, онҳо охири моҳи май дар Русия боздошт шуда буданд, вале ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

Исми онҳо дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, вале ба хотири "эҳтимоли бегуноҳӣ" шахсияташон ошкор намешавад.

Рӯзи 16-уми майи имсол мақомоти амниятии Тоҷикистон беш аз 30 сокини ҷамоати Язгуломи Ванҷро “барои омодагӣ ба харобкорӣ” боздошт карданд. Мақомот расман боздошти гурӯҳе аз сокинони Ванҷро шарҳ надодаанд, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бархе боздоштшудаҳо дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундрав дар он сӯи марз, Афғонистон, гумонбар ҳастанд.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, афроде, ки ба тозагӣ аз Русия истирдод шудаанд, дар ҳамкорӣ бо боздоштшудаҳои моҳи май муттаҳам мешаванд.

Назари боздоштшудаҳо ва наздиконашон ба айбномаи мақомот маълум нест.

Дар як моҳи ахир бори дуюм аст, ки сокинони Ванҷ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод мешаванд. Аввали моҳи июн ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз истирдоди чор ҷавони дигари язгуломӣ аз Санкт-Петербург ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Истирдоди сокинони Ванҷ аз Русия ба Тоҷикистон вақте оғоз шуд, ки мақомот даҳҳо сокини маҳаллиро нимаи моҳи май боздошту бозпурсӣ карданд.

Як мақомдори маҳаллӣ дар Ванҷ рӯзи 5-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бархе боздоштшудаҳо “аз Афғонистон ба Язгулом омада буданд” ва бар асоси хабарҳое, ки ӯ шунидааст, гӯиё дар кӯҳҳо силоҳ пинҳон кардаанд.

Ӯ барои исботи ин ҳарфаш ҳеч далеле пешниҳод накард.

Язгулом, ҷамоте дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ аст, ки дар марз бо Афғонистон қарор дорад. Мақомот пештар гуфта буданд, ки даҳҳо сокини ин ҷамоат ба гурӯҳҳои тундрав дар хориҷ аз кишвар пайвастаанд. Сокинони Язгулом мегӯянд, ин минтақа дурафтода аст ва аксари сокинонаш кору зиндагии хуб надоранд.

XS
SM
MD
LG