Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии самбои Осиё


Комрон Карликов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнус, ки рӯзҳои 29-30-юми июн дар Макаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), дар ин мусобиқот 176 варзишгар аз 20 кишвар иштирок кард.

Мусобиқот миёни мардону занон дар риштаҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ аз рӯи 28 вазн сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ду паҳлавони шинохта – Комрон Карликов ва Хуршед Маҷидов – намояндагӣ карда, ҳарду дар риштаи самбои варзишӣ рақобат намуданд.

Комрон Карликов дар вазни то 98 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Болат Сапар аз Қазоқистон, ки дар финал Неъмат Ёқубови узбекистониро шикаст дод, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Хуршед Маҷидов бошад, дар вазни беш аз 98 кило мақоми панҷумро касб намуд. Дар вазни сангинтарин Эмирхон Жолдошқозиеви қирғиз, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Teмирлан Колбайро аз Қазоқистон мағлуб кард, медали тилло гирифт.

Аз рӯи ҳисоби медалҳо се дастаи мунтахаби кишварҳои Осиёи Марказӣ се ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд. Мунтахаби Қазоқистон, ки 26 медал (15 тилло - 7 нуқра – 4 биринҷӣ) гирифт, мақоми аввалро азони худ кард.

Мунтахаби Узбекистон бо касби 19 медал (8-1-10) ҷойи дувум ва мунтахаби Туркманистон бо касби 21 медал (2-6-13) ҷойи севумро ишғол намуданд.

Умуман, аз рӯи натиҷагирии мусобиқот намояндагони 15 кишвар бо медалҳои қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус мукофотонида шуданд.

«Ман хеле шодам, ки мусобиқот дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, ба як ҷашни воқеии варзишӣ барои ҳамаи иштироккунандагон: варзишгарон, мураббиён, доварон ва албатта, тамошогарон, табдил ёфт,"– гуфтааст роҳбари Иттиҳоди самбои Осиё ва Уқёнус Аламҷон Муллоеви узбекистонӣ.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии самбои Осиё ва Уқёнус-2024 дар Макао:

Самбои варзишӣ

Мардон

58 кг

1. ФАРМОНОВ Илҳом (Узбекистон)

2. KAБДОЛОВ Aрмат (Қазоқистон)

3. ШИН Ҷаёнг (Kорея)

3. БАЙРАМОВ Бобомурод (Tуркманистон)

64 кг

1. ОЛИМҶОНОВ Сардор (Узбекистон)

2. ИМОХОНОВ Есентай (Қазоқистон)

3. ДАВЛАТОВ САФАР (Tуркманистон)
3. ГАНХУЯК Mунхбат (Mуғулистон)

71 кг

1. МУЪМИНОВ Убайдулло (Узбекистон)

2. УМАРОВ Камбар (Tуркманистон)

3. САРТОВ Aлай (Қирғизистон)

3. ГАНБОЛД Херлен (Mуғулистон)

79 кг

1. СЕРИКОВ Нурбол (Қазоқистон)

2. ПАРК Ҳосинг (Kорея)

3. АЛЛАБЕРДИЕВ Нодир (Tуркманистон)

3. КАНЧУ Фотчара (Tайланд)

88 кг

1. KOЙШИБОЕВ Еламан (Қазоқистон)

2. БАШИМОВ Оғомурод (Tуркманистон)

3. ТСАНГ Чи Ҳанг (Ҳонконг)

3. АСИЛБЕК УУЛУ Ҷамолбек (Қирғизистон)

98 кг

1. САФАР Болат (Қазоқистон)

2. ЁҚУБОВ Неъмат (Узбекистон)

3. КАРЛИКОВ Koмрон (Tоҷикистон)

3. САНСИЗБЕКОВ Артур (Қирғизистон)

+98 кг

1. ЖОЛДОШҚОЗИЕВ Эмирхон (Қирғизистон)

2. KОЛБАЙ Teмирлан (Қазоқистон)

3. TУРАЕВ Нурбек (Узбекистон)

3. KАНГ Ҷинсу (Kорея)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG