Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ аз камғизоӣ дар миёни кӯдакони тоҷик ҳушдор дод; мақомот ба омор шубҳа карданд


Барномаи ғизои СММ ба шогирдони бархе мактабҳои Тоҷикистон бо таъмини хӯроки гарм кӯмак мекунад. Акс аз соли 2017
Барномаи ғизои СММ ба шогирдони бархе мактабҳои Тоҷикистон бо таъмини хӯроки гарм кӯмак мекунад. Акс аз соли 2017

Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ дар Душанбе дар гузориши нави худ гуфтааст, дар Тоҷикистон аз ҳар се кӯдаки  то панҷсола як нафараш ба камбизоатии шадиди ғизоӣ гирифтор аст.

Ин созмон шарҳ додааст, ки чунин кӯдакон наметавонанд хӯроки серғизо ва гуногунро дастрас ва истеъмол намоянд, то ба таври муносиб рушд ёбанд. Намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд ва ҷузъиёти чунин арзёбияшонро нагуфтанд.

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, “ин арзёбии ЮНИСЕФ-ро дуруст намешуморанд”.

Шералӣ Раҳматуллоев, намояндаи ин ниҳод, рӯзи 4-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон шароит барои таъмини ғизои солим ба кӯдакон фароҳам аст, вале на ҳама модарон дар бораи тарзи дуруст додани ғизо ба фарзандонашон огоҳии кофӣ доранд.

Раҳматуллоев гуфт: “Дар Тоҷикистон барои ғизо додани кӯдакони то синни панҷсола тамоми шароит вуҷуд дорад. Фақат тарзи дуруст истифода бурдан ва сари вақт истифода бурдани ҳамин маводҳо зарур аст. Масалан, мо аз шашмоҳагӣ тавсия медиҳем пюреи картошка, сабзӣ, лаблабу, карам ва дигар маҳсулоте, ки дар худи Тоҷикистон истеҳсол мешавад, дода шавад. Яку якбора кӯдак ин ғизоҳоро қабул намекунад, бинобар ин, аз ним қошуқча сар карда дар муддати як моҳ ба 150-180 грамм ҳаминро расонидан лозим..."- гуфт ӯ.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди камбуди ғизои кӯдакони то синни панҷсола омори худро дорад, ки бар асоси як тадқиқот дар соли 2023 ба даст овардаанд.

Шералӣ Раҳматуллоев бар пояи ҳамин маълумот гуфт:

“Аз 1 миллиону 263 ҳазору 770 кӯдак ҳамагӣ 6 фоизашон ба камбуди ғизо рӯ ба рӯ ҳастанд. Нишондоди дигар давлатҳо 5 фоиз аст ва мо метавонем то соли 2030 ба ин мақсад бирасем”, - шарҳ дод Шералӣ Раҳматуллоев, намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Аз гуфтаҳои ин масъули Вазорати тандурустӣ бармеояд, ки дар кишвар ҳамагӣ беш аз 75 ҳазор кӯдак камбудӣ ғизо доранд. Ин дар ҳолест, ки ЮНИСЕФ дар гузориши тозаи худ гуфтааст, беш аз 431 ҳазор кӯдаки синни то панҷсола дар Тоҷикистон ба камбизоатии шадиди ғизои кӯдак гирифторанд ва ин чиз хатари то 50 дарсад афзудани эҳтимолияти гирифтории онҳо ба лоғарӣ мегардад.

Ҳазорон кӯдаки тоҷик ғизои кофӣ намехӯрдаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Ҳарчанд дар Вазорати тандурустӣ аз шароити мусоид барои таъмини кӯдакон ба ғизои солим гуфтанду яке аз сабабҳои мушкили феълиро ба ноогоҳии бархе модарон рабт доданд, вале гузориши ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон чизи дигар мегӯяд.

“...Нобаробариҳои афзоянда, низоъҳо, буҳронҳои иқлимӣ ва баландравии нархи хӯрокворӣ – якҷоя бо паҳншавии аз ҳад зиёди ғизои носолим, стратегияҳои маркетинги ғизои зиёновар ва амалияҳои нодурусти ғизодиҳии кӯдак – наздик ба ним миллион кӯдакони Тоҷикистонро ба камбизоатии шадидии ғизоии кӯдакон рӯ ба рӯ сохта, эҳтимоли гирифтор шудани онҳо ба шаклҳои ба ҳаёт таҳдидкунандаи камғизоиро (камвазниро) афзоиш медиҳад ва ба афзоиш ва ташаккули мағзи кӯдакон таҳдид мекунад”, - гуфтааст хонум Эри Двидеди, муовини сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, ки он дар сомонаи ин созмон нашр шудааст.

Дар як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ модарон посух доданд, ки таъмини кӯдакон ба ғизои солим на барои ҳама осону имконпазир аст, зеро арзиши маҳсулоти пешбинишуда пайваста боло меравад.

Масалан, арзиши як қутии 900-грамии шири сунъии кӯдакон, ки дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон гузошта шудааст, 198 сомониро ташкил медиҳад. Ба қавли сокинон мисли ин дигар маҳсулоте, ки барои истеъмоли кӯдакон аст, нархашон гарон мебошад.

Яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт, “пеш шири модар медодем. Шири модар намерасад, бо машварати табиб аз мағоза шир мехарем, лекин нарху навои дӯкон қиматтар аст, ба маоши ҳозирамон намерасад”.

Дар сӯҳбати сарироҳӣ бархе модарон аз таҷрибаи худ чунин гуфтанд:

“Агар шири модар нарасид, кулчақанд (печенйе)-и гандумиро об карда медиҳем. Гоҳо оби шӯрборо диҳӣ, мешавад. Барои кӯдакон шири махсус ҳаст. Меваро майда карда медиҳем. Ҳамин худаш ғизо мешавад. Модарони ҷавон аз калонсон мепурсанд, аз хушдоман мепурсанд. Медонанд, ки дар кадом сину сол чӣ диҳанд ба кӯдак”, - посух дод як мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Табибон ҳушдор медиҳанд, ки камбуди дастрасии кӯдакон ба ғизои солим паёмадҳои ногувор дошта, боис ба бемориҳои гуногуни камхунӣ, қомати кутоҳ ваё инкишофи нодурусти бадан мегардад.

Бо вуҷуди таҳияи санаду барномаҳои гуногуни давлатӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд, таъмини ғизои солим ба кӯдак дар Тоҷикистон аз масъалаҳоест, ки борҳо боиси нигаронӣ шудааст. Мақомот бовар доранд, то соли 2030 ин мушкилро ҳал хоҳанд кард, вале шакку шубҳа ба ҳалли ин масъала ҳам вуҷуд дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG