Дари бино, рӯзи 5-уми июл бо ҳузури раисиҷумҳурони Тоҷикистону Чин боз шуд ва худи он ба як макони тамошои сокинон ва меҳмонон табдил ёфт. Рамазон Мирзоев, фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро дар пеши ин бино пайдо кардем: “Мо ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон хеле хурсандем, ки чунин бинои зеборо мебинем. Ин сохтмон таваҷҷуҳи бештари одамон, аз ҷумла сайёҳонро ҷалб мекунад. Ва умед дорем, ки одамоне, ки дар ин бино кор мекунанд, мисли ҳамин бинои зебо кори хуб мекунанд.”
Бино дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд ва барои ҳар ду палатаи парлумон пешбинӣ шудааст. Дар бунёди бинои нав беш аз 1500 коргари маҳаллӣ ва мутахассисони чинӣ аз 5 ширкати сохтмонӣ иштирок кардаанд. Кори меъмориашро муҳандиси чинӣ Ҷан Тонг И муштаракан бо Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон анҷом додааст, ки омезае аз меъмории миллии тоҷикӣ ва модерн аст.
Баландии бино қариб 50, як ҷо бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои парлумон 44 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Ин ҷо толорҳое барои вакилони ҳар ду маҷлис бунёд шудааст, ки аз 250 то 1500 ҷойи нишаст доранд.
Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки бинои муҳташам ба кори онҳо таъсири мусбат мегузорад: “Фикр мекунам ва умедвор ҳам ҳастам, ки барои самаранокии фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон мусоидат менамояд. Зеро аз ҳисоби барҳаво буданаш, аз ҳисоби равшан буданаш, гарм буданаш ва воқеан зебогие, ки вай дорад, ба пурсамарии фаъолияти мо вакилон ва умуман вакилони оянда бетаъсир намемонад.”
Ҳарчанд аз бинои хуштарҳи парлумон истиқбол мешавад, вале бархе таҳлилгарон бо ишора ба зиёд фаъол набудани вакилон мегӯянд, дар баробари зоҳир ба моҳияти мавҷудияти парлумон таваҷҷӯҳ шавад.
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, вақте фаро расидааст, ки на танҳо дар зоҳири биноҳо тағйир ёбанд, балки ҳамчунин муҳтаво, аз ҷумла тарзи корбарии парлумон ҳам бояд ба парламенти касбӣ мутобиқ карда шавад
Аз назари ӯ, “инро танҳо дар ҳолате кардан мумкин аст, ки як интихоботи ба воқеият наздик пеш биёяд, дар он намояндагоне ҳадди аққал пайдо шаванд, ки мардум аз онҳо шинохт дорад, онҳо ба назди мардум рафта метавонанд, кадом як моҳияти аслии парлумонро ба мардум фаҳмонда тавонанд”.
Дар баробари бинои порлумон, Чин бо ёрии бебозгашт дар масоҳати 10 ҳектор бинои 15-ошёнаи ҳукумат ва ду бинои 13 табақаи идораҳои ҳукуматиро низ сохт. Наргис Касенова, пажӯҳишгари донишгоҳи Ҳарвард дар пажӯҳише бо номи “Чи гуна ёриҳои хориҷӣ ба Чин дар тақвияти равобиташ бо элитаҳои ҳоким дар Осиёи Марказӣ кӯмак мекунад” сохтану тақдим кардани биноҳои ҳукуматиро бахше аз неруи нарм (soft power)-и ин кишвар медонад.
Парлумони касбии Тоҷикистон аз ду маҷлис ё палата - Маҷлиси намояндагон ва палатаи болои Маҷлиси миллӣ иборат аст, ки соли 1999 таъсис шуд. То ин вақт ҳамагӣ як маҷлиси намояндагӣ дошт. Маҷлиси намояндагӣ 63 вакил ва маҷлиси болоӣ 34 узв дорад. То ин вақт парлумон дар бинои куҳан, ки ҳанӯз соли 1948 бо номи Хонаи ҳукумати Тоҷикистони шӯравӣ сохта шудааст, кор мекард.
Ин бино, ки бар асоси усули неокллосизми шӯравӣ бо истифода аз меъмории итолиёӣ ва Санкт-Петербург сохта шудааст. Биное, ки дар давраҳои гуногун шоҳиди заду бандҳои зиёди сиёсӣ, аз ҷумла дар замони поёни умри Шӯравӣ ва даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Бинои нави порлумон дар ҷойи биное сохта шуд, ки Кумитаи марказии ҳизби ҳокими шӯравӣ ва ахиран нишемани ҳукумат буд.
Гуфтугӯ