Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қабурғаам шикаст", "ба барқ монданд". Талаби тафтиши одилонаи қатли мармузе дар Конибодом


Зиёвуддин Кимсанов июни соли 2023 дар шароити мармуз кушта шуд. Хешовандони ду гумонбари аслии куштори ӯ мегӯянд, тафтишот бояд қотилони воқеиро пайдо кунад
Зиёвуддин Кимсанов июни соли 2023 дар шароити мармуз кушта шуд. Хешовандони ду гумонбари аслии куштори ӯ мегӯянд, тафтишот бояд қотилони воқеиро пайдо кунад

Се хонавода дар шаҳри Конибодом дар шимоли Тоҷикистон  аз кашол ёфтани мурофиаи Додгоҳи вилоятии Суғд норозиянд.

Як хонавода ҷабрдида ва ду хонаводаи дигар - пайвандони айбдоршавандагони куштор мебошанд. Ҳодиса як сол пеш рух додааст ва баррасияш аз он ҷиҳат мавриди таваҷҷӯҳ аст, ки баъд аз он чанд ҳодисаи ҳамсон рух дода, сокинонро нигарон намудааст.

Хонаводаҳои Раҷабовҳо ва Юсуфовҳо як сол боз дари сохторҳои ҳукуматиро мекӯбанд ва дархост доранд, ки ду узви оилаҳояшон аз боздошт раҳо шаванд.

Аюб Раҷабови 50-сола ва Мансур Юсуфови 60-сола дар куштори Зиёвуддин Кимсанови 48-сола гумонбар мешаванд. Ҳодиса шаби 30 -уми июни соли 2023 дар заминҳои кишоварзии ҳаммарз бо Узбекистон рух додааст. Пайвандони ду марди гумонбаршуда мегӯянд, ки ҳамон шаб онҳо ба обёрии заминҳои кишоварзиашон рафта буданд, вале зуд баргаштанд.

Нафиса Абдуқаҳҳорова, ҳамсари Аюб Раҳматов аст. Ӯ ҳодисаҳои он рӯзро чунин ба ёд меорад: «Соати 9:30-и шаб рафта дар байни 40 ё 45 дақиқа гашта ба хона омаданд. Мо ҳамроҳи хушдоманам дар болои сӯрӣ (кат) нишаста будем ва шавҳарам ҳамроҳи келинам омаданд. Мо ба чашмамон дидем”.

Ҳамида Холиқова, ҳамсари Мансур Юсуфов дар бораи ҳодисаҳои як сол пеш гуфт: «Обро хабар гирам гуфта рафтанд, дере нагузашта то 40 дақиқа баргашта омаданд».

Аюб Раҷабов ва Мансур Юсуфов дар заминҳои кишоварзии шаҳри Конибодом паҳлӯи ҳам замин доштаанд ва барои обёрии он аксаран ҳамроҳ мерафтанд. Зиёвуддин Кимсанови кушташуда аз онҳо дуртар замин доштааст. Хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар як гузориш соли гузашта гуфт, ки ҳодиса дар пайи ҷанҷоли об сар зада ва боис ба қатли яке аз онҳо шудааст. Гумонбарони қатл дар назди дурбини мақомот равиши ҳодисаро нақл кардаанд. Маълум нест баёноти Аюб Раҷабов ва Мансур Юсуфов дар чӣ шароит гирифта шудааст, чун наздиконашон иддао мекунанд, ки онҳо гуноҳи нокардаро ба дӯш гирифтанд.

Ҳоло пайвандони ду маҳкумшуда хостори тафтиши одилона ҳастанд, то ки қотили воқеӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Нафиса Абдуқаҳҳорова, ҳамсари Аюб Раҳматов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Шавҳарам дар суд гуфтанд, ки “моро як бору ду бор не, се бор ба ҷойи ҳодиса гирифта бурданд. Онҳо режисёр (коргардон) буданд, мо иҷро мекардем. Худашон ба мо ёд доданд ва мо онро гуфтем. Агар ҳамон гуфтагиашонро накунем рост ба подвал (таҳхона) мебарем”, мегуфтаанд”.

Ҳамида Холиқова, ҳамсари Мансур Юсуфов ба шиканҷа шудани ӯ таъкид мекунад: «Аз гуфтаҳои шавҳарам - дар ин ҷо зуроварӣ карда ҳама чизро сохтакорӣ кардаанд. Хӯҷаинам умуман Кимсанов гуфтагӣ одамро надидагӣ, намешиносанд ва боре ҳам ҳамгап нашудаанд».

Нӯҳ бор дар Додгоҳи вилояти Суғд мурофиаи додгоҳии Аюб Раҷабов ва Мансур Юсуфов доир гардидааст. Вале се моҳи ахир ба сабаби тафтиши дигарбора мурофиаи додгоҳӣ ба таъхир афтодааст.

Раҳим Раҷабов, бародари Аюб Раҷабов ҳам аз шиканҷа шудани ӯ гуфт: «Вай дар суд хеста гуфт, ки “ҷигарам, гурдаам тамом шудааст, ҳатто ман якуним моҳ аз ҷоям хеста натавонистам. Қабурғаам шикастагӣ. Даҳ рӯз маро ба ток (барқ) монданд”.

"Зери шиканҷа ҷурми нокардаро ба гардан гирифтем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:02 0:00

Вале баръакси гуфтаҳои ин ду хонавода, оилаи Кимсановҳо аз кори мақомоти полис ва додситонии Суғд қаноатманд ҳастанд. Зиёвуддин Кимсанов, сокини деҳаи Ҳисораки шаҳри Конибодом рӯзи 30-уми июни соли 2023 ба таври мармуз гум ва қариб баъд аз як моҳ ҷасади ӯ аз ғоре пайдо шудааст. Ба қавли пайвандони Зиёвуддин Кимсанов, ҷасади ӯро барои дафн баъди як моҳи дарёфт шуданаш, яъне пас аз қариб ду моҳи кушта шуданаш ба наздикон додаанд. Тӯли ин вақт аз мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, ки ҷасади фарзандашонро ташхис кардаанд, то ки изи қотилонро маълум кунанд.

Шарофиддин Кимсанов, падари Зиёвуддин Кимсанов: «Мо надидаем, шояд “чаро обро кушодӣ” гуфта ҷанҷол кардаанд? Хуллас, онҳо ду нафар бо бачаи ман занозанӣ карда беҳуш намудаанд. Шояд кушта баъд ба як чуқурии регзор партофтаанд. Ба фикрам пояшро шикастаанд, чунки дар ҷасад чунин дидем. Дигар пояш буд. Каллаашро дар ташхис маълум карданд, ки шояд бо бел ё каланд устухонашро шикастаанд».

Гирифтани назари сокинону деҳқонони дигар ба ин ҳодиса мушкил аст. Ҳарду ҷониб мегӯянд, ки то сар задани ин ҳодиса ҳеҷ ҷанҷолеро барои об шоҳид нашудаанд. Як масъули идораи обёрӣ ва беҳдошти замин дар шаҳри Конибодом дар суҳбати ҳузурӣ гуфт, ки боре ҳам ҷонибҳо барои тақсими об шикоят накардаанд. Аммо шаби ҳодиса навбати обмонӣ аз рӯи дархост ба заминҳои Аюб Раҷабов ва Мансур Юсуфов таъин шуда буд.

Дар ҳамин ҳол тули як сол кашол ёфтани мурофиаи додгоҳии гумонбарон ҳарсе хонаводаро нигарон кардааст. Ҷонибҳо талаб доранд, ки бояд додрас ҳарчӣ зудтар омилони аслии ҳодисаро маҳкум ба зиндон кунанд ва ба ин қазия хотима бахшанд.

Ин оилаҳо дар ҳоле аз таҳқиқи амиқи ҳодисаҳо изҳори нигаронӣ доранд, ки мақомоти интизомӣ бо гузашти як моҳ аз куштори ду хонавода дар дигар деҳаи шаҳри Конибодом иттилоияи расмӣ пахш намекунанд ва шахсони эҳтимолии ба ин рухдод пайвандро маълум намесозанд. Радиои Озодӣ вобаста ба ин мавзӯъ расман ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кардааст ва дар сурати пайдо шудани тафсилот онро нашр хоҳем кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG