Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Басманда ба ҷойи Ҳаҷ роҳи деҳаро таъмир кардаанд


Дар Басманда, як деҳаи дурдасти шимоли Тоҷикистон, аз ҳисоби пули муҳоҷирону сокинон ташаббуси роҳсозиро пеш мебаранд. Ҳамчунон иддае аз соҳибкорон ба ҷойи сайру саёҳат ва зиёрати ҷойҳои муқаддас довталабона маблағи худро барои обёриву кашидани хатти барқ ихтисос додаанд.

Дар беш аз сӣ соли истиқлолияти Тоҷикистон аввалин маротиба аст, ки чандин роҳу кучаҳои деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич мумфарш мешаванд.

Роҳсозон ва ҳашарчиён дар яке аз калонтарин деҳаи ноҳияи Деваштич бо номи Басманда охирин корҳои мумфаршсозиро ба анҷом мерасонанд. Роҳе ки мумфарш карда мешавад ҳудуди 5 километрро фаро мегирад ва ба гуфтаи сокинони куҳансоли он, роҳи нав мушкили бисёрсолаи онҳоро осон мекунад.

Маҳмадназар Ҳақназаров, сокини Деваштич мегӯяд, роҳҳои деҳа ноҳамвор буд ва “ҳар мошин дар ҷуқурӣ дакка хӯрда ҳаракат мехӯрд ва раҳгузарон ҳам ҳамеша пешпо мехӯрданд”.

Басманда беш аз 10 ҳазор ҷамъият дорад ва тақрибан нисфи бошандагони ин деҳа дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Масъулони роҳсоз мегӯянд, ки ин кор асосан бо ибтикори ҳамин мардони сокини деҳ роҳандозӣ шуд, ки аз ҳисоби даромадашон дар муҳоҷират зиёда аз 2 миллион сомонӣ масраф карда роҳро ҳамвор намуданд.

Дар Басманда ба ҷойи Ҳаҷ роҳи деҳаро таъмир кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Раҳматулло Ёров, як сокини дигари Деваштич гуфт, ташаббускорони асосии “мумфарш кардани роҳ Хӯқанов Хӯқанд, Ортиқов Сӯҳроб, Хуршед Шарипов ва зиёда аз 4 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд. Ӯ гуфт, дар миёни саҳмгузорони ободкории роҳҳои деҳа дигар зодагони он ҳам мебошанд, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд зиндагӣ мекунанд. Дар иҷрои таъмири роҳ аҳолии деҳа саҳм гузоштаанд, гуфт ӯ.

Абдумаҷид Олимов мегӯяд, танҳо аз миёни хешовандони ӯ зиёда аз 20 кас дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд ва ҳар якашон “аз се то панҷ ҳазор сомонӣ ҳиссагузорӣ карданд”.

Ба гуфтаи сокинони деҳа, ин бори аввал нест, ки бо ташаббуси халқ чунин ободкориҳо мекунанд. Дар ин ҷо расм аст, ки шахсони тавонманд ва соҳибкору тоҷир ба ҷойи харҷи зиёрати ҷойҳои муқаддас маблағи онро барои ҳалли мушкилоти деҳа масраф кунанд.

Акбар Раҳимов, сокини Деваштич дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Назар ба дигар қишлоқҳо, аз деҳаи мо дар ҳақиқат ба ҳаҷ кам мераванд. Чунки пешинаҳо мегӯянд, ки ҳаҷ кардан дили як нафарро шод кардан аст. Барои ҳамин бештари мардуми деҳаи мо пули ҳаҷро ба ободии диёр сарф карда истодаанд”.

“Шукри худованд, Ҳоҷӣ Абдусамад аз ин пеш ба ҳаҷ нарафта маблағи онро ба харидорию насби трансфарматор дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Ҳасанов сарф карданд, - нақл кард Ҷумъабой Шафиев, ки раиси деҳаи Басманда мебошад. Ӯ гуфт, - симчӯбҳо кашиданд ва дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ ба мардум кумаки худро расонданд. Боқимонда сокинон барои харидории ҷӯйборҳои бетонӣ саҳм гузошта истодаанд. Дар як-ду соли ахир дар деҳа хеле ободкорӣ шудааст”.

Шуғли асосии бошандагони Басманда кишоварзиву чорводорист ва роҳи ҳамвору обу барқ аз ниёзҳои аввалиндараҷа ҳисобида мешавад. Ҳарчанд ин деҳа қадима аст, вале танҳо қисми кучаке аз роҳро дар замони шӯравӣ асфалтпӯш кардаанду дар замони истиқлолият маблағҳои давлатӣ ба он ҷудо нагардидааст.

Ҳоло бо муроҷиати зиёди сокинон мақомоти маҳаллӣ азм дорад, ки як кӯдакистон бисозад.

Мардум мегӯянд, ки ба онҳо шифохонаи кӯдакона ҳам лозим аст ва баъди роҳсозӣ он лоиҳаро низ бо маблағи мардум руйи кор мегиранд. Таҷрибаи ободкории деҳаву манотиқи дурдасти Тоҷикистон аз ҳисоби пули халқ як амри маъмул гардидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG