Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ё мошинро диҳед ё пулашро". Ду ҷавони нобино мегӯянд, фиреб хӯрдаанд


Ду ҷавони нобино дар вилояти Хатлон се сол боз наметавонанд маблағи фурӯши мошинашонро ба даст оранд. Соли 2021 як ҷавон мошини Хуршед ва Валиҷонро бо 62 ҳазор сомонӣ харид, вале 56 ҳазорашро надод. Талошҳои зиёди ду ҷавони нобино ва хонаводаашон барои баргардондани маблағ ё мошин давоми ин се сол бенатиҷа буд.

Бародарон Хуршед ва Валиҷон Кенҷаевҳо, сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ соли 2021 нақлиёти худро ба шахсе бо номи Умед Камолов медиҳанд. Ба нақли фурӯшандагон мошин 62 ҳазор сомонӣ савдо шудааст. Онҳо мегӯянд, харидор барояшон он вақт 6 ҳазор сомонӣ дод ва дар назди дурбин гуфт, ки пули боқимондаро то охири моҳ меорад.

Дар наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, шахсе бо номи Умед Камолов мегӯяд, агар то охири моҳ 56 ҳазор сомониро пардохт накунад, шаш ҳазор сомонии ба гарав додааш, месӯзад.

Видеоро инҷо бинед:

Ду бародари нобино фирефтаи муомилаи нодуруст шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Бародарон, ки аз дидаи бино маҳруманд, мегӯянд, ки Умед на пулро доду на мошинро. Падари Хуршеду Валиҷон аз мақомоти ноҳияи Ҳамадонӣ то ҷумҳурӣ шикоят кард. Кумак хост, то мошин баргардонида шавад. Аммо мегӯяд, ки то ҳол на додситону на пулис ба кумакаш нарасидаанд.

Мир Кенҷаев, падари Хуршеду Валиҷон ба Радиои Озодӣ гуфт, мехостанд мошинро фурӯхта, писаронашро хонадор кунад.

Боре ба Мир Кенҷаев муяссар шуд, ба қабули вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дарояд. Мегӯяд, бо супориши вазир мошинро ёфтанд. Мудате онро дар Шуъбаи корҳои дохилии Ҳамадонӣ нигоҳ доштанд. Аммо ба гуфтаи Хуршеду Валиҷон мошинро дубора Умед бурдааст.

Он мошин ёрии мардум ба ду нобино буд. Падар фарзандони нобинояшро дар он ба тамошо мебурд. Вале барои оиладор кардани фарзандон пул даркор шуд. Дуздида шудани мошин арӯсиро якуним сол ақиб андохт. Хонавода маҷбур шуд, қарз гирад.

Хуршед Кенҷазода, яке аз бародарон мегӯяд, мошинро барои тӯйи ӯ мефурӯхтанд, “аммо нашуд ва тӯйи ман яку ним сол ба қафо афтид.”

Ҳоло хоҳиши ин ду ҷавони нобино ин аст, ки мақомот барои баргардонидани пул ё мошин кумакашон кунад. Онҳо мегӯяд, ки Умед Камолов аз содагии хонавода ва нобиноии онҳо сӯистифода кардааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ талош кард асли қазияро аз забони Умед Камолов фаҳмад, вале чанд шумораи телефонаш хомӯш буд.

Хонаводаи Хуршеду Валиҷон ҳам мегӯянд, ки ҳоли ҳаррӯзаи онҳо дар ҷӯстуҷӯи ӯ мегузарад, вале ёфта наметавонанд.

Додситону пулис дар посух ба номаҳои Мир Кенҷаев гуфтаанд, ки зидди Умед Камолов парвандаи қаллобӣ боз шудааст ва ӯ зери пайгард аст. Аммо ин ҷавоб дарди бародаронро сабук намекунад.

Дар Тоҷикистон ин бори аввал нест, ки аз оҷизии шахсони нобино сӯистфода карда, онҳоро фиреб медиҳанд.

Моҳи сентябри соли 2023 як ҷавон дар Душанбе бо ваъдаи кумак дар гирифтани маблағ аз банкомат, Аслиддин Ҷалиловро фиреб дода, 3 ҳазор сомонии ӯро рабуд. Ин марди нобино шаш моҳ дар ба дари мақомот гашт, аммо дузд пайдо нашуд. Радиои Озодӣ моҳи марти имсол дар бораи саргузашти Аслиддин Ҷалилов гузориш дод ва бонки “Душанбе сити” маблағи марди нобиноро “ҳамчун хайр” ба ӯ баргардонд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2023 дар кишвар 4241 дуздӣ ва 107 ғоратгарӣ сабт шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дуздӣ назар ба соли 2022 камтар, аммо ғоратгарӣ зиёд шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG