Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ПМТ: Боздошти Шокирҷон Ҳакимов барои ояндаи миллат  фалокатбор аст


Шокирҷон Ҳакимови 58-сола доктори илмҳои ҳуқуқ барои расонаҳои мустақил ҳамеша дастрас буд ва аз гуфтани назарҳои аксаран интиқодиаш худдорӣ намекард
Шокирҷон Ҳакимови 58-сола доктори илмҳои ҳуқуқ барои расонаҳои мустақил ҳамеша дастрас буд ва аз гуфтани назарҳои аксаран интиқодиаш худдорӣ намекард

​​​​​​​Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) – як ташаккули нирӯҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа  боздошти муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимовро  дар робита бо парванди Саидҷаъфар Усмонзода маҳкум ва  озодии ҳуқуқшиноси маъруфро  талаб кардааст.

Изҳорот рӯзи 18 июл дар саҳифаи фейсбукии ПМТ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, нашр гардид. Қаблан ин ташаккул аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, собиқ раиси ҳизби демократии Тоҷикистон бо иттиҳоми гӯё даст доштанаш дар талоши “табаддулоти давлатӣ” интиқод карда иттиҳоми додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмонзодаро беасос номида буд.

Дар изҳороти ПМТ, аз ҷумла, омадааст, «Ин иттиҳом ҳеҷ асос надорад ва як баҳонаест барои холӣ кардани майдони сиёсии кишвар ва бештар зери тарс ва фишор қарор додани миллат аст”.

Дар идомаи изҳорот омадааст: “Боздошти як силсила сиёсатмадорон, аз ҷумла собиқ Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, раиси пешинаи ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода, муовини аввали раиси ҳизби демократи Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Комилзода ва дигарон, ҷомеаи тоҷик ва ПМТ-ро хеле нигарон кардааст”.

Дар муроҷиат ба “зиёиён ва равшанфикрон” дар Тоҷикистон ПМТ мегӯяд: “Хомӯш истодан дар ин қазия - яъне интизори навбати худ будан аст. Боздошт ва аз саҳнаи сиёсии кишвар дур кардани сиёсатмадорони соҳибандеша ва мустақил, мисли Шокирҷон Ҳакимов, барои ояндаи миллат ва давлати Тоҷикистон фалокатбор хоҳад буд”.

Мақомот дар Тоҷикистон ба ҷуз боздошти Усмонзода, ҳанӯз дар бораи боздошти Шокирҷон Ҳакимов ва дигар мақомоти собиқу сиёсатмадорон изҳори назар накардаанд.

Додситони чӣ гуфт

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки бештар ба ҳимоят аз ҳукумат ном бароварда буд, рӯзи 12-уми июн дастгир шуд. Бо пешниҳоди Додситонии кул, рӯзи 14-уми июн ӯро аз дахлнопазирӣ маҳрум карданд. Бо гузашти беш аз як моҳ, мавқеи худи ӯ ваё наздиконаш маълум нест.

Юсуф Раҳмон Усмонзодаро ба ҳамкорӣ бо раҳбарони созмони мамнӯи ПМТ ва барои маслиҳати пешакӣ ҷиҳати ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон муттаҳам кард. Вай дар ҳузури вакилон гуфтааст, Саидҷаъфар Усмонзода бо Шарофиддин Гадоев дар соли 2021 телефонӣ ҳамсуҳбат шуда, “аз ӯ барои иҷрои ин ҳадафҳо ваъдаи кумаки молӣ гирифтааст”.

Ин иттиҳомотро Гадоев ва ПМТ қотеона рад карданд. Аз ҷумла, рӯзи 14 июн Гадоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Мо ҳеч гоҳ дар бораи ғасби ҳукумат бо Саидҷаъфар Усмонзода суҳбат накардаем. Ин иттиҳом дурӯғ ва туҳмат аст. Бори охир соли 2020 бо Усмонзода суҳбат доштам. Он ҳам на дар бораи табаддулот ва ғасби ҳукумат, балки рафтору гуфтори мухолифон нисбат ба кормандони ҳукуматӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, яъне масоили ахлоқӣ”.

Ба бозпурсӣ даъват шуду...

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳуқуқдоне, ки дар баробари масоили рӯз озодона фикрашро баён мекард, рӯзи ҷумъаи 12-уми июл ба бозпурсӣ даъват шуд ва "аз тарафи муфаттиш ба ҳабс кашида шуд". Ин даъват аз тарафи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ба амал омадааст.

Як манбаъи наздик ба ин мақомот ба шарти зикр нашудани номаш бо надоштани ҳаққи сухан дар ин бора, рӯзи 18-уми июл ба Радои Озодӣ гуфт, Шокирҷон Ҳакимов дар робита ба парвандаи раиси пешини ҲДТ ва вакили собиқи порлумон Саидҷаъфар Усмонзода боздошт шуда, дар ИВС ё Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG