Умед Бобозода, раҳбари ин ниҳод, 22-уми июл ҳангоми нишсти хабарӣ дар Душанбе гуфт, посухи додгоҳ ба онҳо дастрас нашудааст, бояд ба худи хабарнигорони маҳкумшуда - Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ расида бошад.
Ба қавли ӯ, суҳбати онҳо бо хабарнигорон имсол ҳангоми мониторингу боздидҳояшон аз маҳбаси маъруф ба "Якум советский"-и пойтахт сурат гирифтааст.
“Мо муроҷиат карда будем ба Суди олӣ, дар мавриди бозбинии парвандаҳои се нафар блогер, мавриди баррасиашон қарор дошт. Мо мепурсем, гурӯҳи мониторингӣ саволҳои хаттӣ ҳам дорад, ки махфӣ аст, медиҳад боз ҷавобашро мегирад. Худи ман ҳангоми боздид сӯҳбат карда будам. Гуфтанд, шароите, ки дар айни ҳол аст, ягон проблема надорем, боз ҳам аз ҳукми суд, дар бораи бозбинӣ аз парвандаҳояшон шикоят карда буданд”, - афзуд ӯ.
Намояндагони ин ниҳод бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори дигари зиндонӣ низ мулоқот доштаанд, ки ба қавли онҳо, ӯ аз вазъи будубошаш дар маҳбас шикоят надоштааст. Ҷузъиёти бештар аз суҳбатҳо миёни хабарнигорон ва намояндагони омбусдмен маълум нест.
Наздикони рӯзноманигорони зиндонӣ мегӯянд ҳанӯз аз ҷузъиёти посухи Додгоҳи олӣ дар бораи бозбинии парвандаи онҳо хабардор нестанд. Гулнора Шарифова, модари Абдуллоҳи Ғурбатӣ, рӯзи 22-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муроҷиати онҳо дар мавриди бозбинии парвандаи писараш дар Додгоҳи олӣ ҷиддӣ гирифта нашуд.
“Мо барои қазияи Абдуллоҳ ба Суди олӣ муроҷиат кардем. Ягон кас ҷиддӣ ба назар нагирифтанд. Ягон ҷавоб то ҳол ба мо наомадааст. Маълум нашуд, ки диданд ё не. Иттиҳоми Абдуллоҳ бо факту далел исбот нашуд. Аз маҳбас шудани Абдуллоҳ ман розӣ нестам. То ҳол ман умед дорам, ки ягон кас ҳаст, ки қазияи ӯро мебинад», - гуфт Гулнора Шарифова, модари Абдуллоҳи Ғурбатӣ.
Хабарнигорону блогерон Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз 7 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Мақомот онҳоро ба ҳамкорӣ бо “созмонҳои мамнуъ” ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор карданд. Худи онҳо иттиҳомотро нисбаташон беасос хонда, борҳо хоҳони бозбинии парвандаашон шудаанд.
Чунин дидору мулоқоти омбудсмени тоҷик дар ҳолест, ки намояндаи ин ниҳод аз ҳоли баъзе маҳкумшудаҳое, ки парвандаҳояҳояшон сару садои зиёд дошт, хабар нагирифтаанд. Омбудсмени тоҷик дар посух ба пурсиши хабарнигорон, ки оё дар маҳбас аз аҳволи Абдухалил Холиқзода, мудири собиқи Бемористони Ибни Сино ва муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ва нависанда Абуқодири Рустам ҳам хабар гирифтед, посух дод, ки дар ин бора муроҷиате нашудааст.
Даъватҳо барои таҳқиқу бозбинии парвандаи рӯзноманигорону бархе чеҳраҳои шинохтаи зиндонӣ дар гузашта низ аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон садо додааст.
Ҳафтаи гузашта Иттиҳоди Аврупо аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, дигарбора аз мақомоти тоҷик хостанд, парвандаи онҳоро одилона таҳқиқ кунанд. Намояндагони ин созмон ба мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ҷомеаи озод ва фаъоли шаҳрвандӣ якҷо бо расонаҳои озоди ҳамагонӣ “барои рушди ҷомеаи демократӣ муҳиманд.”
Посухи мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба чунин дархостҳо маълум нест.
Гуфтугӯ