Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илтиҳоби пӯсти чорво дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон. Ба инсон ҳам зиён дорад?


Tajikistan -- Cows, Hisor district, 1Feb2018
Tajikistan -- Cows, Hisor district, 1Feb2018

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз пайдо шудани беморие миёни чорво  дар баъзе минтақаҳои кишвар хабар дод.

Ин беморӣ “илтиҳоби пӯст” буда, ба чорвои калон сироят кардааст. Абдураҳмони Икром, сардори раёсати чорводории вазорати кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл дар ҷараёни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, маълумот дар бораи пайдо шудани чунин бемориро аз Кумитаи амнияти озуқаворӣ дастрас намудаанд.

“Гуфтанд, ки дар ҷумҳурӣ бемории “гул”-и бузу гусфандҳо бақайд гирифта нашудааст. Ва ҳозир ягона беморие, ки аҳолии кишварро ба ташвиш овардааст, ин илтиҳоби пуст, яъне "дерматит"-и пӯсти чорво мебошад. Ин бемории вирусӣ аст, лекин аллакай нисбати пешгирии он корбарӣ рафта истодааст".

Дар Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, барои пешгирии ин беморӣ дар саросари кишвар эмгузаронӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки ин беморӣ чӣ паёмаду хатарҳое дорад, посух дода шуд, ки он ба сокинон хатарзо нест, вале беҳтар аст аз эҳтиёт кор гиранд.

“Фақат метавонад ба ҳамон чорво зиён расонаду халос. Ба инсон ин касалӣ сироят намекунад. Аз чорво ба чорво фақат, агар ки унсуриятҳои зараррасон сироят ёфта бошанд, мегузарад”, - шарҳ дод Раҷабмумурод Атовуллозода, намояндаи Академияи кишоварзӣ.

Як мутахассис дар Оҷонсии амнияти озуқаворӣ тавсия дод, ки аз истеъмоли шушу ҷигари чорвои гирифтори бемории илтиҳоби пӯст худдорӣ кунанд, вале дар умум гушту шири онро баъди сахт пухтан хурдан мумкин аст.

Дар Вазорати кишоварзӣ дақиқ посух надодаанд, ки ин беморӣ чигуна пайдо шудааст ва то ҳол чанд ҳолатро сабт кардаанд.

Оё бемории чорво сабаби боло рафтани нархи гӯшт шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Хуруҷи бемории илтиҳоби пӯсти чорворо гуштфурӯшон низ шунидаанд. Вале чанд қассобе, ки мо барои сӯҳбат муроҷиат кардем, нахостанд дар ин бора суҳбат кунанд. Бархе сокинон нигаронӣ карданд, ки дар ин чанд ҳафтаи ахир нархи гӯшт гарон шудааст ва баъзе сару садоҳое ҳам ба гӯш мерасад, ки шояд сабаб ҳамин беморӣ мебошад.

Гулҷаҳон Ҳакимзода, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳоло нисбати рӯзҳои пеш гӯшт камчин ва нархаш низ гарон шудааст. Ӯ гуфт: “Рӯзҳои пеш як кило гӯшт 70 сомонӣ буд, ҳоло 85 сомонӣ аст аллакай”.

Дар Вазорати кишоварзӣ гуфтанд, афзоши нархи гӯшт ба ин беморӣ рабт надорад, балки талабот ба истеъмоли гӯшт бештар шудааст.

Ҳоло масъулон барои пешгирии бемории илтиҳоби пуст даст ба кор шудаанд, то бахши чорводорӣ аз ин беморӣ зиёни ҷиддӣ набинад.

Хуруҷи бемориҳои гуногун миёни чорво дар гузашта низ сабт шуда буд ва сокинон ҳам аз талафи чорвои худ аз таъсири ҳаргуна бемориҳо нигаронӣ доштанд.

Ба иттилои расмӣ, соли гузашта зиёда аз 700 мавриди сирояти ҳайвонот танҳо ба касалии “брютселёз” сабт шудааст. Бархе сокинон мегӯянд, на ҳамеша бемории чорвои худро маълум карда, роҳҳои дармони онро зуд меёбанд.

Ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиону 300 ҳазор чорвои калон ва беш аз 5 миллион чорвои хурд сабт шудааст. Чорводорӣ яке аз шуғлҳои асосии сокинони деҳот ва манбаи даромади оилаҳои зиёде ба шумор меравад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG