Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғорати моли муҳоҷирон дар Екатеринбург


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия кормандони пулис ҳамроҳ бо аъзои гурӯҳи дружинникҳо ё худ гурӯҳҳои ниманизомии миллатгароёни маҳаллӣ муҳоҷиронеро, ки ба савдои меваву сабзиҷот машғул буданд, боздошт карданд.

Ихтиёриён аз созмони "Русская обшина" ба роҳгузарон иҷозат додаанд, ки маҳсулоти муҳоҷиронро аз растаҳо ғорат кунанд. Хоҳишманди меваи бепул кам набуд. Дар ин байн, хабарнигорон ва чанде аз савдогарони рус талош карданд, монеи ғорати моли муҳоҷирон шаванд. Наворҳо аз тороҷи моли муҳоҷиронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.

Дар навор дида мешавад, ки рӯзноманигор аз як зане, ки мева мегирифт, пурсид, ки "Шумо меваҳоро харидед ва ё онҳо гуфтанд, ки бепул гирифта метавонед?"

Зан дар посух мегӯяд, ба ӯ ихтиёриён иҷоза доданд, ки бигирад. "Ба бознишастаҳо иҷозат доданд, мо бознишаста ҳастем. Гуфтанд, ки савдогар гурехтааст ва намехоҳад дар артиш хизмат кунад ва ё дар қайди ҳарбӣ худро гузорад. Яъне маълум мешавад, ки ӯ дар ин ҷо ғайриқонунӣ қарор доштааст." - афзуд, вай.

Пойгоҳи хабарии 66.ru менависад, ки кормандони пулис дар маҳалли ҳодиса буданд ва ҳеҷ дахолат намекарданд. Як зан, ки меваҳоро мегирифт, гуфт агар дружиникҳо иҷозат намедоданд, ин корро намекард.

Талаву тороҷи моли муҳоҷирон дар рӯзи рӯшан дар Екатеринбурги Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

Дар ҳамин ҳол, занҳои солхӯрдае, ки дар наздикӣ гул мефурӯхтанд, кӯшиш карданд, маҳсулотро аз тороҷгарон муҳофизат кунанд. Пас аз чанде, ба онҳо як сокини маҳаллӣ ҳамроҳ шуд. Замоне, ки фурӯшанда бо пулис сӯҳбат мекард,ӯ тарбузу харбузаҳои беназоратро ба мошини соҳибаш бурд. Ин мард, ки ба муҳоҷирон кӯмак мекард, гуфт: "Ман аз рӯи инсонгарӣ ин молро ба мошин мебарам, тақрибан ҳамаи молро ғорат карда бурданд."

Дар ин рейди ҷанҷолӣ, тибқи иттилои пулис 9 савдогар дастгир шуданд. Дар байни онҳо танҳо як нафар ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ доштааст. Боқимонда қонуни савдоро вайрон кардаанд.

Муовини раиси ноҳияи Железнодорожнии Екатеринбург, Дмитрий Погорелов мегӯяд, чунин рейдҳо бештар шудаанд. "Сокинон борҳо оид ба савдои ғайриқонунӣ ба маъмурият шикоят кардаанд. Мо барои ҷилавгирӣ аз ин қонуншиканиҳо бо комиссариати ҳарбӣ, Роспотребнадзор, нозироти андоз рейд мегузаронем."

Дар ҳамин ҳол Владимир Путин, президенти Русия зери қонуне имзо гузошт, ки муҳоҷиронро дар Русия аз ҳуқуқи асосии сиёсӣ маҳрум намуда, назорати маъмурии пулисро аз болои онҳо ҷорӣ мекунад.

Бар асоси он, нерӯҳои амниятӣ метавонанд, ҳар вақт ба манзили муҳоҷирон омада, онҳоро тафтиш кунанд. Шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадор мешаванд, ки идеологияи давлатиро дар бораи ба истилоҳ "мубориза бар зидди миллатгароӣ", "сохтакории таърих" ва ғайра риоя кунанд. Дар навбати худ марзбонони Русия дар сурати эҳсоси таҳдиди эҳтимолӣ ба амният метавонанд, ба муҳоҷирон иҷозати вуруд ба кишварро надиҳанд.

Владимир Полетаев, узви Шӯрои Федератсия, гуфт: "Дар қонун дар бахши муҳоҷират тадобири иловагӣ барои таъмини амнияти кишвар ворид карда шудааст. Аз ҷумла мӯҳлати иқомати муввақатии шаҳрвандон аз кишварҳои бидуни виза кам карда мешавад. Нисбат ба касоне, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд "режими ихроҷ" истифода мешавад. Барои муҳоҷирони қонуншикан феҳрасти махсус ташкил мегардад."

Муҳоҷироне, ки номашон дар феҳрасти махсус шомил мешавад, наметавонанд хона, ё мошин бихаранд, қарз бигиранд, бо касе ақди никоҳ банданд ва ё озодона дар Русия ҳаракат кунанд. Ин ва як қатор маҳдудиятҳои дигар пас аз 6 моҳи нашри расмии қонун эътибор пайдо мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG