Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таксиронии муҳоҷирон дар як минтақаи дигари Русия низ манъ шуд


Такси
Такси

Мақомоти Красноярски Русия фаъолияти муҳоҷиронро ҳамчун ронандаи таксӣ ва фурӯшандаи машруботу тамоку дар мағозаҳои махсус манъ карданд.

Қонун дар ин бора аз 1 марти соли оянда ба иҷро медарояд, то корфармоён барои риояи он омода шаванд.

Раҳбари Красноярск Михаил Котюков шарҳ надодааст, ки чаро чунин қонун қабул карданд. Вале қабули чунин қонунҳоро дар шаҳру вилоятҳои дигари Русия низ аз эҳтимол дур надонистааст.

Қаблан муҳоҷирон дар вилояти Томски Русия аз ҳаққи кор дар таксӣ, нуқтаҳои ғизои умумӣ ва соҳаи маориф маҳрум шуда буданд.

"Агентство" навишта буд, ки дар сеяки минтақаҳои Русия, ҳатто дар нимҷазираи ишғолии Қрим низ фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд карда шудааст.

XS
SM
MD
LG