Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, барои пешгирӣ аз омадани ин беморӣ ба кишвар дар чор фурудгоҳи байналмилалӣ ва гузаргоҳҳои марзӣ дастгоҳҳои лозимро насб кардааст.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини Сартабиби беҳдоштии Тоҷикистон мегӯяд, пас аз ҳушдори СҶТ омодагии мутахассисонро бештар ва нуқтаҳои карантиниву беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, хусусан фурудгоҳҳои байналмилалӣ ба ин беморӣ мутобиқ кардаанд. "Мо 4 фурудгоҳҳи байналмилалӣ дорем, ки беш аз ҳама бисёр сафарҳо, яъне ҳавопаймоҳо, тавассути фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд ба хориҷ парвоз мекунанд. Махсусан ба Истамбул, Дубай ва баъдан ба дигар кишварҳо ва нуқтаи охири қабули мусофирон ин Тоҷикистон аст. Ғайр аз фурудгоҳҳое, ки ман номбар кардам, дигар нуқтаҳои пайваст бо ҷаҳон надорем”,- афзуд Ҷаъфаров.
Вале гуфта намешавад, ки тафтиш дар марзҳо чӣ гуна ва бо чӣ ҷиҳозе гузаронда мешавад, чун вазорат пештар гуфта буд, ки маводу дастгоҳи санҷишӣ ва эми ин бемориро надорад.
Обилаи маймун бори аввал соли 2022 дар Африқо хуруҷ кард ва дар 26 давлати ҷаҳон паҳн шуд. Ҳоло баъди хуруҷи дубора дар соли 2024, беш аз 18 ҳазор мавриди таъйидшудаи гирифторӣ ва наздик ба 750 ҳодисаи фавт сабт шудааст. Макони хуруҷи дигарбори ин беморӣ Африқои Марказӣ ва Ҷанубӣ аст. Дар кишварҳои аврупоӣ ҳолати гирифторӣ дар Шветсия сабт шудааст.
Аз кишварҳои осиёии наздик ба Тоҷикистон Покистон ҳам сабт шудани бемориро таъйид кард. Муовини сартабиби беҳдоштии Тоҷикистон мегӯяд, мусофиронеро, ки аз Тоҷикистон ба кишварҳои зери хатар мераванд ё мусофироне, ки аз он ҷойҳо меоянд, зери назорат доранд ва маълумоти онҳоро ба қайд мегиранд.
Муовини сартабиби беҳдоштии Тоҷикистон мегӯяд, мусофиронеро, ки аз Тоҷикистон ба кишварҳои зери хатар мераванд ё мусофироне, ки аз он ҷойҳо меоянд, зери назорат доранд ва онҳоро номнавис мекунанд. Вай афзуд: “Албатта, мо карантинро баъд аз аққалан пайдо шудани як гумонбар бояд эълон дошта бошем. Хушбахтона то ба ҳол ягон нафаре бо таби баланд дар фурудгоҳҳо дарёфт накардаем. Ба ҳар ҳол асбобҳое, ки ҳарорати баданро дар фосила муайян карда метавонанд, дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ насб шудаанд. Бинобар ин ҷиҳати муайян сохтани нафаре, ки бо ҳарорати баланд тавассути фурудгоҳ ворид мегарард, мо метавонем дарҳол муайян созем."
Ба гуфтаи ӯ ҳамин гуна асбоб дар гузаргоҳҳои заминии вилояти Суғд ва шаҳри Турсунзода, ноҳияи Дарвоз низ гузошта шудаанд ва қарор аст пас ҳушдори СҶТ дар дигар гузаргоҳоои марзии заминӣ низ ин асбобҳо ва маводи масрафӣ захира шавад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, обилаи маймун бемориест, ки аз маймунҳо хуруҷ кардаасту сироятист ва аз инсон ба инсон мегузарад. Аммо он ба фарқ аз вируси КОВИД 19 тавассути нафас ё ҳаво интиқол наёфта, танҳо бо расидани пӯст ва бо оби даҳон мегузарад.
Ҳамчунин хатари интиқоли ин беморӣ аз ҳайвон ба инсон низ вуҷуд дорад. Обилаи маймун ҳарчанд хеле хатарнок дониста мешавад, аммо табобатшаванда аст ва вояҳо ё ваксинаҳои зидди он аллакай сохта шудаанд. Ин бемориро тавассути тест ва усулҳои озмоишгоҳӣ муайян мекунанд. Тоҷикистон мегӯяд ҳарчанд тест ва ваксинаҳои зиддин ин бемориро надорад, аммо бо СҶТ вориди гуфтугӯ шудааст.
“Аз давраи КОВИД 19 ин тараф мо зиёда аз 17 озмоишгоҳи вирусологӣ дар Тоҷикистон дорем. Дар мақомоти санитарии эпидемологӣ, дар назди беморхонаҳои марказӣ ва мутахассисони омодашударо низ дорем. Танҳо ба мо чӣ лозим аст, фақат тестҳои муайянкунӣ. Мо ҳанӯз соли 2023 шумораи муайяни тестҳоро аз дафтари СҶТ дар Тоҷикистон дархост карда будем. Гуфтан дар ҳолати омода шудан ва зарурат ба миён омадан мо пешниҳод мекунем. Дар ин ҷо мо ягон монеа намебинем. Дар як муддати кӯтоҳ, аз 3 рӯз то як ҳафта мо тестро зери даст гирифта метавонем”,- замонат медиҳад Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сартабиби беҳдоштии Тоҷикистон.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, обилачаҳои сурхе, ки беш аз ду ҳафта давом мекунанд, табларза, дари сар, ҳарорати баланди бадан, дарди мушакаҳо, дарди пушт ва бемадориро аз нишонаҳои барҷастаи беморӣ донистааст.
Барои пешгирӣ аз он тамоси бидуни василаҳои муҳофизатиро бо ҳайвонҳо, хусусан ҳайвоноти гирифтор, эҳтиёт аз хӯрдани гӯшти ин гуна ҷонварон, худдорӣ аз робитаи ҷинсӣ бо гирифторони беморӣ ё нафаронеро, ки гумонбар шудаанд, муҳим медонанд.
Хатари аз ҳама беш ба занҳои бордор, кӯдакону шахсоне, ки масунияти паст доранд ва одамони гирифтори вируси норасои масунияти одам таҳдид мекардааст.
Гуфтугӯ